https://sputnik.tj/20260814/hushdori-maqomot-muhojiron-nazorat-marz-rusiya-purzur-1079655708.html
Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирони меҳнатӣ: назорат дар марзҳои Русия пурзӯр карда шудааст
Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирони меҳнатӣ: назорат дар марзҳои Русия пурзӯр карда шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар фурудгоҳҳо дар суҳбат бо шаҳрвандон, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мераванд дар бораи қавонин ва қоидаҳои нави муҳоҷиратӣ суҳбатҳо анҷом медиҳанд
2026-08-14T09:36+0500
2026-08-14T09:36+0500
2026-08-14T09:36+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
русия
марз
назорат
пурзур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0a/1066926106_0:211:3072:1939_1920x0_80_0_0_ca083c62b494efd60f591cee5b16f953.jpg
ДУШАНБЕ, 14 авг - Sputnik. Кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” ба шаҳрвандоне, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия сафар мекунанд, машварату тавсияҳо медиҳанд.Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати Хадамоти муҳоҷират хабар додааст.Қайд карда шудааст, ки дар рафти вохӯрӣ бо он муҳоҷирони меҳнатие, ки айни замон аз Русия ба Ватан баргаштаанд ҳамсуҳбат шуда, дар таъмин намудани онҳо бо вакансияҳои ҷойи кории холӣ дар ширкатҳои ватанӣ, инчунин ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиикишвар тавсияҳо медиҳанд.Ҳамзамон намояндагони ин ниҳод, ба он нафароне, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишвари Русия равонаанд, маслиҳат медиҳанд, ки ҳатман пеш аз сафар шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии (Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид)-и ВКД Русия дар Тоҷикистон (ПВС), ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, аз маҳзани манъшудагон санҷида баъдан азми сафар намоянд.Ба гуфтаи мутахассисони ин ниҳод, дар ҳоли ҳозир назорат дар сарҳадоти Русия пурзур карда шудааст.Ҳамчунин ин ниҳод хабар додааст, ки дар Хадамоти муҳоҷират хати оҷилӣ (кол центр) фаъолият дорад ва шаҳрванд метавонанд бо рақами 900800800 дар тамос бошанд.
https://sputnik.tj/20260804/maqomoti-tojikiston-shahrvandon-muhojirat-khorij-kasb-1079438106.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0a/1066926106_256:0:2987:2048_1920x0_80_0_0_a8f00ff6d73cf02231cb5368df8d1634.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, муҳоҷират, русия, марз, назорат, пурзур
дар тоҷикистон, муҳоҷират, русия, марз, назорат, пурзур
Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирони меҳнатӣ: назорат дар марзҳои Русия пурзӯр карда шудааст
Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар фурудгоҳҳо дар сӯҳбат бо шаҳрвандон, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мераванд дар бораи қавонин ва қоидаҳои нави муҳоҷиратӣ суҳбатҳо анҷом медиҳанд
ДУШАНБЕ, 14 авг - Sputnik. Кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” ба шаҳрвандоне, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия сафар мекунанд, машварату тавсияҳо медиҳанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати Хадамоти муҳоҷират хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки дар рафти вохӯрӣ бо он муҳоҷирони меҳнатие, ки айни замон аз Русия ба Ватан баргаштаанд ҳамсуҳбат шуда, дар таъмин намудани онҳо бо вакансияҳои ҷойи кории холӣ дар ширкатҳои ватанӣ, инчунин ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиикишвар тавсияҳо медиҳанд.
Ҳамзамон намояндагони ин ниҳод, ба он нафароне, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишвари Русия равонаанд, маслиҳат медиҳанд, ки ҳатман пеш аз сафар шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии (Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид)-и ВКД Русия дар Тоҷикистон (ПВС), ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, аз маҳзани манъшудагон санҷида баъдан азми сафар намоянд.
Ба гуфтаи мутахассисони ин ниҳод, дар ҳоли ҳозир назорат дар сарҳадоти Русия пурзур карда шудааст.
Ҳамчунин ин ниҳод хабар додааст, ки дар Хадамоти муҳоҷират хати оҷилӣ (кол центр) фаъолият дорад ва шаҳрванд метавонанд бо рақами 900800800 дар тамос бошанд.