https://sputnik.tj/20260804/maqomoti-tojikiston-shahrvandon-muhojirat-khorij-kasb-1079438106.html
Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостаанд пеш аз муҳоҷират ба хориҷ касб омӯзанд
Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостаанд пеш аз муҳоҷират ба хориҷ касб омӯзанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон аз муҳоҷирони меҳнатӣ хостааст, ки касб омӯзанд то дар бозори меҳнати хориҷӣ рақобатпазир бошанд
2026-08-04T09:36+0500
2026-08-04T09:36+0500
2026-08-04T09:36+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
касб
омӯзиш
русия
намояндагии вазорати меҳнат дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/1e/1077185625_0:134:2951:1794_1920x0_80_0_0_5d063cd41d1b59f7a6f5f6243f30b398.jpg
ДУШАНБЕ,4 авг – Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия додааст, ки барои пайдо кардани кори муносиб ва бо маоши хуб дар Русия дар муассисаҳои миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва марказҳои омоданамоии ҳунармандон касб омӯзанд.Таъкид шудааст, ки дар муассисаҳои миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва марказҳои омоданамоии ҳунармандон курсҳои кутоҳмуддати 3 моҳа, 6 моҳа ва яксола фаъолият доранд, ки шаҳрвандон метавонанд вобаста ба реҷаи фаъолияти корӣ ба муассисаҳои мазкур дохил гардида, касбу ҳунар ва ихтисосҳои муосирро аз худ намояд.Қайд карда шудааст, ки омӯзиши касбу ҳунар имконият медиҳад, ки шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар бозори меҳнати кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ рақобатпазир бошанд.“Дар доираи барномаҳои таълимии касбӣ шумо аз касбу ҳунари нав, ташаккул додани малакаҳои касбӣ ва рақобатпазирии худро дар бозори меҳнати кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ мустаҳкам намуда, имкониятҳои фаровонро бароятон фароҳам меоварад”, - қайд кардааст Намояндагӣ.Ҳамзамон, ин ниҳоди давлатӣ иттилоъ додааст, ки дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади соҳибкасб намудани аҳолии кишвар дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолон” фаъолият менамояд, ки зерсохторҳои муассисаи мазкур дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд.Қайд карда шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд вобаста ба масъалаи касбомӯзӣ ба муассисаҳои мазкур муроҷиат намоянд.
https://sputnik.tj/20260721/muhojirat-mehnati-kohish-bekori-ziyod--1079106887.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/1e/1077185625_111:0:2840:2047_1920x0_80_0_0_ab0ed72eeb81e7d0ff14c1f2c10d9ed5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, муҳоҷират, касб, омӯзиш, русия, намояндагии вазорати меҳнат дар русия
дар тоҷикистон, муҳоҷират, касб, омӯзиш, русия, намояндагии вазорати меҳнат дар русия
Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостаанд пеш аз муҳоҷират ба хориҷ касб омӯзанд
Мақомоти Тоҷикистон аз муҳоҷирони меҳнатӣ хостааст, ки касб омӯзанд то дар бозори меҳнати хориҷӣ рақобатпазир бошанд
ДУШАНБЕ,4 авг – Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия додааст, ки барои пайдо кардани кори муносиб ва бо маоши хуб дар Русия дар муассисаҳои миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва марказҳои омоданамоии ҳунармандон касб омӯзанд.
Таъкид шудааст, ки дар муассисаҳои миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва марказҳои омоданамоии ҳунармандон курсҳои кутоҳмуддати 3 моҳа, 6 моҳа ва яксола фаъолият доранд, ки шаҳрвандон метавонанд вобаста ба реҷаи фаъолияти корӣ ба муассисаҳои мазкур дохил гардида, касбу ҳунар ва ихтисосҳои муосирро аз худ намояд.
Қайд карда шудааст, ки омӯзиши касбу ҳунар имконият медиҳад, ки шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар бозори меҳнати кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ рақобатпазир бошанд.
“Дар доираи барномаҳои таълимии касбӣ шумо аз касбу ҳунари нав, ташаккул додани малакаҳои касбӣ ва рақобатпазирии худро дар бозори меҳнати кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ мустаҳкам намуда, имкониятҳои фаровонро бароятон фароҳам меоварад”, - қайд кардааст Намояндагӣ.
Ҳамзамон, ин ниҳоди давлатӣ иттилоъ додааст, ки дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади соҳибкасб намудани аҳолии кишвар дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолон” фаъолият менамояд, ки зерсохторҳои муассисаи мазкур дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд.
Қайд карда шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд вобаста ба масъалаи касбомӯзӣ ба муассисаҳои мазкур муроҷиат намоянд.