https://sputnik.tj/20260813/bmt-shikoyat-faoliyati-dushanbe-siti-bonk-1079622873.html
БМТ аз садҳо шикоят аз болои фаъолияти "Душанбе Сити Бонк" хабар дод
БМТ аз садҳо шикоят аз болои фаъолияти "Душанбе Сити Бонк" хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Раиси идораи минтақаии БМТ дар шаҳри Хуҷанд тасдиқ кард, ки нисбати фаъолияти "Душанбе Сити Бонк" дар ним соли ҷорӣ садҳо шикоятҳои муштариён ворид шудааст
2026-08-13T09:36+0500
2026-08-13T09:36+0500
2026-08-13T09:36+0500
бонк
молия
бмт
бонки миллӣ
шикоят
хизматрасонӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0b/1032811191_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_268cffaf99c9742ef2cf18a5b2396c76.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Идораи минтақавии БМТ дар шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки дар нимаи аввали соли равон, 254 шаҳрванд ба таври хаттӣ ва шифоҳӣ дар бораи кори "Душанбе Сити Бонк" шикоят кардааст.Наврӯз Валиев, раиси идораи минтақавии БМТ дар шаҳри Хуҷанд дар нишасти матбуотӣ гуфтааст, ки аксари шикоятҳо дар бораи кори ҳамёнҳои электронӣ, барномаи мобилӣ ва амнияти муомилот будаанд.Ба гуфтаи вай, баъзе аз шикоятҳо ба мушкилоти интиқоли пул ва пасандозҳои нодуруст рабт доштанд.Вай қайд кард, ки айни замон "Душанбе Сити Бонк" беш аз 60% ҳамёнҳои мобилиро дар вилояти Суғд дар ихтиёр дорад.Вай инчунин таъкид кард, ки тафтишоти фаъолияти бонк ба анҷом расидааст.Ба гуфтаи Наврӯз Валиев, сифати хизматрасонии бонкӣ мустақиман ба эътимоди муштариён таъсир мерасонад, аз ин рӯ, мушкилоти ошкоршуда бояд ҳал карда шаванд.Дар ҳамин ҳол, Тоҳирҷон Каримов, директори идораи "Душанбе Сити Бонк" дар Хуҷанд, хабар дод, ки серверҳои бонк дар моҳи феврали соли ҷорӣ мавриди ҳамлаҳои DDoS қарор гирифтаанд.Вай гуфт, ки ин ҳамла боиси қатъ шудани кори сервер ва ҳамёни электронӣ дар се рӯз гардид ва баъзе амалиётҳо нисбат ба маъмулӣ сусттар буданд.Бо вуҷуди ин, Каримов қайд кардааст, ки дар натиҷаи ҳамла ба ягон маблағҳои муштариён зарар нарасидааст ва ҳамаи дархостҳои гирифташуда мувофиқи тартиби муқарраршуда коркард шудаанд.Вай инчунин тасдиқ кард, ки шикоятҳои муштариён дар бораи маблағҳои гумшуда мавҷуданд.Ба гуфтаи намояндаи бонк, дар баъзе мавридҳо, муштариён қурбонии қаллобон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуда, худашон ба онҳо пул интиқол додаанд.
https://sputnik.tj/20260211/bonki-milli-bonkho-tojikiston-ruykhati-tahrimi-avrupo-1075184928.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0b/1032811191_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_71089da9729d5710fca2658fdb78fef9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бонк, молия, бмт, бонки миллӣ, шикоят, хизматрасонӣ, иқтисод
бонк, молия, бмт, бонки миллӣ, шикоят, хизматрасонӣ, иқтисод
БМТ аз садҳо шикоят аз болои фаъолияти "Душанбе Сити Бонк" хабар дод
Раиси идораи минтақаии БМТ дар шаҳри Хуҷанд тасдиқ кард, ки нисбати фаъолияти "Душанбе Сити Бонк" дар ним соли ҷорӣ садҳо шикоятҳои муштариён ворид шудааст
ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Идораи минтақавии БМТ дар шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки дар нимаи аввали соли равон, 254 шаҳрванд ба таври хаттӣ ва шифоҳӣ дар бораи кори "Душанбе Сити Бонк" шикоят кардааст.
Наврӯз Валиев, раиси идораи минтақавии БМТ дар шаҳри Хуҷанд дар нишасти матбуотӣ гуфтааст, ки аксари шикоятҳо дар бораи кори ҳамёнҳои электронӣ, барномаи мобилӣ ва амнияти муомилот будаанд.
Ба гуфтаи вай, баъзе аз шикоятҳо ба мушкилоти интиқоли пул ва пасандозҳои нодуруст рабт доштанд.
Вай қайд кард, ки айни замон "Душанбе Сити Бонк" беш аз 60% ҳамёнҳои мобилиро дар вилояти Суғд дар ихтиёр дорад.
"Бо барнома як қатор мушкилот, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба амният, вуҷуд доранд. Барои ҳалли ҳамаи мушкилоти муайяншуда чораҳои мувофиқ андешида мешаванд", - изҳор дошт Валиев.
Вай инчунин таъкид кард, ки тафтишоти фаъолияти бонк ба анҷом расидааст.
Ба гуфтаи Наврӯз Валиев, сифати хизматрасонии бонкӣ мустақиман ба эътимоди муштариён таъсир мерасонад, аз ин рӯ, мушкилоти ошкоршуда бояд ҳал карда шаванд.
Дар ҳамин ҳол, Тоҳирҷон Каримов, директори идораи "Душанбе Сити Бонк" дар Хуҷанд, хабар дод, ки серверҳои бонк дар моҳи феврали соли ҷорӣ мавриди ҳамлаҳои DDoS қарор гирифтаанд.
Вай гуфт, ки ин ҳамла боиси қатъ шудани кори сервер ва ҳамёни электронӣ дар се рӯз гардид ва баъзе амалиётҳо нисбат ба маъмулӣ сусттар буданд.
Бо вуҷуди ин, Каримов қайд кардааст, ки дар натиҷаи ҳамла ба ягон маблағҳои муштариён зарар нарасидааст ва ҳамаи дархостҳои гирифташуда мувофиқи тартиби муқарраршуда коркард шудаанд.
Вай инчунин тасдиқ кард, ки шикоятҳои муштариён дар бораи маблағҳои гумшуда мавҷуданд.
Ба гуфтаи намояндаи бонк, дар баъзе мавридҳо, муштариён қурбонии қаллобон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуда, худашон ба онҳо пул интиқол додаанд.