Бонки миллӣ талош дорад бонкҳои Тоҷикистонро аз рӯйхати таҳримии Аврупо барорад

© SputnikФирдавс Толибзода, глава Нацбанка Таджикистана
Фирдавс Толибзода, глава Нацбанка Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2026
Обуна шудан
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки бонки танзимгар барои паст кардани хавҳои таҳримӣ, корбарӣ дорад
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон барои аз байн бурадни таҳримҳо нисбати бонкҳои кишвар бо сохтори дахлдори Иттиҳодияи Аврупо корбарӣ дорад.
Дар ин бора раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Вай гуфт, ки Масъулини Бонки миллӣ бо сохторҳои дахлдори Иттиҳодияи Аврупо доим дар тамос ҳаст.
“Тоҷикистон як гурӯҳи корӣ равон кард. Вохӯриҳо анҷом додем. Аз ҷониби Аврупо як шахси масъул ё мутассадӣ вобаста ба ҳамин масъала ҳаст мо доим бо ӯ дар тамос ва корбарӣ дорем”, - гуфт оқои Толибзода.
Вай афзуд, ки Бонки миллӣ барои паст кардани хавҳои таҳримӣ, корбарӣ дорад.
Душанбе Сити Банк  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2025
Ба овозаҳо бовар накунед: DC Бонк новобаста аз таҳрим бемамоният фаъолият дорад
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид мешавад.
“Корбарӣ давом дорад то бонкҳоро аз рӯйхати таҳримӣ барорем”, - зикр кард раиси Бонки миллӣ.
Ҳамчунин Фирдавс Толибзода афзуд, ки дар баробари БМТ худи бонкҳое, зери таҳрим ҳастанд дар ин самт кор доранд ва талош доранд низоми назорати дохилии худро пурзур намоянд ва он камбудиҳое, ки ҳаст аз ҷониби ИА ҳамчун асос барои таҳрим шуда буд, инҳоро бартараф намоянд.
Вай илова кард, ки кор дар ин самт давом дорад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш роҳбари намояндагии Бонки Миллӣ дар вилояти Суғд Наврӯз Валиев гуфта буд, ки таҳримҳое, ки Иттиҳоди Аврупо нисбати се бонки Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2025 ҷорӣ карда буд, ба низоми бонкии кишвар таъсире нарасонид.
"Таҳримҳои ИА нисбат ба се бонки Тоҷикистон - Коммерсбонк Тоҷикистон, Спитамен Бонк ва Душанбе Сити - наметавонистанд ба фаъолияти дигар ниҳодҳо таъсири назаррас расонанд, зеро бо кишварҳои ИА робитаҳои иқтисодӣ маҳдуд аст", - гуфт ӯ.
Валиев инчунин қайд кард, ки бонкҳои Тоҷикистон ин таҳримҳоро ҳамчун тавсия барои пешгирӣ аз дур шудан аз ӯҳдадориҳои худ бо ниҳодҳои молиявии Аврупо меҳисобанд.
Здание МИД Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2025
Нигаронии Тоҷикистон аз таҳрим шудани бонкҳои кишвар аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо
Бояд қайд кард, ки дар моҳи ноябри соли 2025 Иттиҳоди Аврупо дар бастаи 19-уми таҳримҳои зидди Русия манъи муомилотро бо як қатор бонкҳо ва ширкатҳои кишварҳои сеюм ҷорӣ кард.
Ин рӯйхат се муассисаи молиявӣ аз Тоҷикистон, ду муассиса аз Қирғизистон ва баъзе созмонҳо аз Ҳонконг ва Имороти Муттаҳидаи Арабро дар бар мегирифт.
Он замон, ин ҳаводис боиси нигаронии ҷомеаи тиҷоратии кишвар шуд. Бисёре аз соҳибкорон дар бораи коҳиши эҳтимолии фаъолияти тиҷоратӣ, пайдоиши монеаҳои ҷиддӣ дар муомилоти молиявӣ ва дар натиҷа коҳиши даромади бонкҳо баҳс карданд.
Дар баробари ин, тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, гардиши мол байни Тоҷикистон ва Русия дар соли 2025 24,8% афзоиш ёфта, ба 2,47 млрд доллар баробар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0