Тавсияи сафорати Тоҷикистон ба ҳамватанон дар Русия

© Foto / Хадамоти матбуоти Шӯрои Федератсияи РусияФлаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана
Флаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2026
Обуна шудан
Корманди намояндагии дипломатии Тоҷикистон шароити фароҳам овардашуда барои шаҳрвандони кишварро дар боздоштгоҳи муваққатии Маскав тафтиш карданд
ДУШАНБЕ, 11 авг - Sputnik. консули Хадамоти консулии Сафорат аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия воқеъ дар Сахаровои шаҳри Москва боздид намуд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод.
Қайд карда мешавад, зимни боздид, бо роҳбарияти Маркази номбурда мулоқот анҷом дода шудаст.
Дар ин дидор масъалаҳои марбут ба саривақт баргардонидани шаҳрвандони и Тоҷикистон ба Ватан, инчунин шароити нигаҳдории онҳо дар ин Муассиса, баррасӣ карда шуд.
Ҳамзамон, бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Маркази мазкур қарор доранд вохӯрӣ барпо гардидааст.
Намояндагони сафорат ба муҳоҷироне, ки онҷо нигаҳдорӣ мешаванд, машварати ҳуқуқӣ ва тавсияҳои дахлдор доданд.
Джайхунский молочный завод. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2026
Муҳоҷират меҳнатӣ коҳиш ёфту бекорӣ зиёд шуд
Қаблан Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон изҳор дошт, ки шаҳрвандоне, ки мехоҳанд ба Русия сафар кунанд, бояд аз хидматҳои Хадамоти шиноснома ва раводиди Вазорати корҳои дохилии Русия дар ҷумҳурӣ истифода баранд.
Боздид аз намояндагии Русия барои муҳоҷирони меҳнатӣ барои пешгирӣ аз мушкилот ҳангоми сафарашон махсусан муҳим аст.
Онҳо ба шаҳрвандон хотиррасон карданд, ки метавонанд пешакӣ изи ангуштро супоранд ва ҳама гуна маҳдудиятҳои вурудро тафтиш кунанд.
Ғайр аз ин, мақомоти Тоҷикистон аз ҳамватанони худ даъват кард, ки қоидаҳои бехатариро риоя кунанд. Барои гирифтани маслиҳати зарурии ҳуқуқӣ, онҳо метавонанд бо намояндагии Вазорати меҳнати ҷумҳурӣ дар Маскав тамос гиранд.
Лентаи хабарҳо
0