https://sputnik.tj/20260721/muhojirat-mehnati-kohish-bekori-ziyod--1079106887.html
Муҳоҷират меҳнатӣ коҳиш ёфту бекорӣ зиёд шуд
Муҳоҷират меҳнатӣ коҳиш ёфту бекорӣ зиёд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Шумори нафароне, ки расман дар Тоҷикистон ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудааст, афзудааст
2026-07-21T14:41+0500
2026-07-21T14:41+0500
2026-07-21T14:41+0500
дар тоҷикистон
бекорӣ
омор
иҷтимоъ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/19/1074112914_0:294:3072:2022_1920x0_80_0_0_15c51f27f5270b5806ca6f75d482c9c3.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Агентии омори Тоҷикистон мегӯяд, ки дар моҳи майи имсол дар кишвар 57 ҳазор кас расман ҳамчун бекор сабт шудаанд ва ин дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 10,5% бештар аст.Қайд карда шудааст, ки 57 ҳазор нафар, ба шумораи бекорони расман ба қайд гирифташуда ишора мекунад. Инҳо шаҳрвандоне мебошанд, ки дар мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ тибқи тартиби муқарраргардида, ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин рӯ, ин нишондиҳанда на шумораи умумии ҳамаи шахсони бекор, балки танҳо теъдоди шахсони расман бақайдгирифташударо дар бар мегирад.Ба иттилои Агентӣ дар ҳоли ҳозир 27 ҳазор кас ё 47% бекорон дар кишвар занон ҳастанд.Ин дар ҳолест, ки Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Агентии омори Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар нимаи аввали имсол муҳоҷирати кории тоҷикон ба хориҷа 1,7 дарсад кам шудааст.Қаблан Семен Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон, 11-уми майи имсол дар мусоҳиба бо хабаргузории русии ТАСС гуфт, феълан дар Русия беш аз як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон кор мекунанд.Ёдовар мешавем, ки дар охири моҳи апрели соли 2026-ум Агентии омори Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки шумораи бекорон, ки дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон расман ба қайд гирифташудаанд 54,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон ин нишондиҳанда нисбат ба моҳи апрели соли 2025-ум 10,3 фоиз зиёд шудааст.Аз ҷумлаи бекорони бақайд гирифташуда занон 47,7% (26 ҳазор нафар) тшкил медиҳанд.Сатҳи бекории расмӣ ба қайд гирифташуда нисбат ба шумораи қувваҳои корӣ 1,9%-ро ташкил кардааст.“Шумораи қувваҳои корӣ дар моҳи апрели соли 2026-ум 2 миллиону 899 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз ҷумлаи онҳо 2 миллиону 845 ҳазор нафар (98,1%) дар соҳҳои иқтисодиёт машғуланд ва 54,4 ҳазор нафар расмӣ мақоми бекорро гирифтаанд, ки 1,9 фоизи шумораи қувваҳои кориро ташкил медињанд”, - таъкид кардааст агентии омор.
https://sputnik.tj/20260119/sath-bekor-iiao-kohish-tojikiston-meafzoyad-1074607381.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/19/1074112914_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_289e2153375e71a09eecde030fd2da42.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, бекорӣ, омор, иҷтимоъ, иқтисод
дар тоҷикистон, бекорӣ, омор, иҷтимоъ, иқтисод
Муҳоҷират меҳнатӣ коҳиш ёфту бекорӣ зиёд шуд
Шумори нафароне, ки расман дар Тоҷикистон ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудааст, афзудааст
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Агентии омори Тоҷикистон мегӯяд, ки дар моҳи майи имсол дар кишвар 57 ҳазор кас расман ҳамчун бекор сабт шудаанд ва ин дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 10,5% бештар аст.
Қайд карда шудааст, ки 57 ҳазор нафар, ба шумораи бекорони расман ба қайд гирифташуда ишора мекунад.
Инҳо шаҳрвандоне мебошанд, ки дар мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ тибқи тартиби муқарраргардида, ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин рӯ, ин нишондиҳанда на шумораи умумии ҳамаи шахсони бекор, балки танҳо теъдоди шахсони расман бақайдгирифташударо дар бар мегирад.
Ба иттилои Агентӣ дар ҳоли ҳозир 27 ҳазор кас ё 47% бекорон дар кишвар занон ҳастанд.
Ин дар ҳолест, ки Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Агентии омори Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар нимаи аввали имсол муҳоҷирати кории тоҷикон ба хориҷа 1,7 дарсад кам шудааст.
Қаблан Семен Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон, 11-уми майи имсол дар мусоҳиба бо хабаргузории русии ТАСС гуфт, феълан дар Русия беш аз як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон кор мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар охири моҳи апрели соли 2026-ум Агентии омори Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки шумораи бекорон, ки дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон расман ба қайд гирифташудаанд 54,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон ин нишондиҳанда нисбат ба моҳи апрели соли 2025-ум 10,3 фоиз зиёд шудааст.
Аз ҷумлаи бекорони бақайд гирифташуда занон 47,7% (26 ҳазор нафар) тшкил медиҳанд.
Сатҳи бекории расмӣ ба қайд гирифташуда нисбат ба шумораи қувваҳои корӣ 1,9%-ро ташкил кардааст.
“Шумораи қувваҳои корӣ дар моҳи апрели соли 2026-ум 2 миллиону 899 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз ҷумлаи онҳо 2 миллиону 845 ҳазор нафар (98,1%) дар соҳҳои иқтисодиёт машғуланд ва 54,4 ҳазор нафар расмӣ мақоми бекорро гирифтаанд, ки 1,9 фоизи шумораи қувваҳои кориро ташкил медињанд”, - таъкид кардааст агентии омор.