Болоравии нархи нуриҳо ба тозагии экологии маҳсулот чӣ гуна мусоидат кард

© Foto / Пресс-служба Рустама ЭмомалиПрирода Таджикистана.
Природа Таджикистана.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2026
Обуна шудан
Афзоиши қимати нуриҳои минералӣ боис шудааст, ки ҳаҷми талабот ба онҳо аз ҷониби кишоварзон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 6 авг - Sputnik. Бо вуҷуди ин, коршиносон бар ин назаранд, ки кам шудани истифодаи нуриҳои минералӣ сабаб шудааст, ки маҳсулоти кишоварзӣ аз лиҳози экологӣ солимтар ва тозатар гардад.
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон коҳиши воридот ва болоравии қимати нуриҳои минералиро дар бозори кишвар ба омилҳои хориҷӣ марбут медонад.
Сардори Раёсати ҳимоя ва рушди рақобати Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Талбак Мирзомиддинзода, дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, азбаски нуриҳои минералӣ моли воридотӣ мебошанд, тағйирёбии нархи онҳо аз нархҳо дар кишварҳои содиркунанда вобаста аст.
"Қисми асосии нуриҳои минералиро мо аз Ӯзбекистон, ки истеҳсолкунандаи ин маҳсулот аст, ворид мекунем. Дар он кишвар қиматҳо поёнтаранд, зеро арзиши истеҳсол ба гази табиӣ вобаста аст ва газ дар Ӯзбекистон арзонтар мебошад,"изҳор дошт сардори раёсат.
Беш аз 90 % нуриҳои минералии мавриди ниёзи Тоҷикистон аз хориҷ ворид мешавад. Тибқи омори расмӣ, саҳми кишварҳои таъминкунанда чунин аст: Ӯзбекистон — 44,3 фоиз; Русия — 29,9 фоиз; Қазоқистон — 22,7 фоиз; Литва — 5,9 фоиз; Чин — 1,5 фоиз.
Арзиши миёнаи гумрукии ҳар як тонна нуриҳои минералӣ аз 279 доллар дар соли гузашта ба 356 доллар дар соли ҷорӣ афзоиш ёфтааст. Бо вуҷуди ин, арзиши воридот дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аз 29,5 миллион доллар то 24,9 млн доллар камтар аст.
Мешки с удобрениями российского производства для посевных работ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2026
Қирғизистон содироти нуриҳои минералиро ба берун аз ИИАО муваққатан манъ кард
Ин коҳиши хароҷот мустақиман бо коҳиши ҳаҷми воридот алоқаманд аст. Аз моҳи январ то моҳи июни соли ҷорӣ ба Тоҷикистон тақрибан 69,9 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 (105,9 ҳазор тонна) 35,9 фоиз камтар аст.

Кадомаш арзонтар аст - газ ё нуриҳо?

Яке аз муҳимтарин сабабҳои вобастагии қимати нуриҳои минералӣ дар Тоҷикистон сатҳи пойини истеҳсолоти дохилӣ мебошад.
Дар солҳои охир ду ширкат фаъолияти худро оғоз карданд, аммо ширкати дуюм хеле зуд фаъолияти худро қатъ намуд.
Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ширкати "Азот" дар шаҳри Леваканд, ки ба истеҳсоли карбамид машғул аст, дар шаш моҳи аввали соли 2026 тақрибан 5,1 ҳазор тонна маҳсулот ба маблағи 18,2 миллион сомонӣ истеҳсол кардааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 ҳазор тонна ё 7,3 миллион сомонӣ камтар мебошад. Ин корхона дар соли 2025 дар маҷмӯъ 40,8 ҳазор тонна карбамид истеҳсол карда буд.
Коҳиши истеҳсолот аз сабаби паст шудани талабот аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хусусияти мавсимии талабот ба амал омадааст.
“Омили дигар сифати нисбатан пасти маҳсулоти ватанӣ дар муқоиса бо намунаҳои хориҷӣ, махсусан нуриҳои истеҳсоли Ӯзбекистон мебошад, ки аз бартарии дастрасӣ ба гази табиӣ бархӯрдоранд," - гуфтанд ба Sputnik Тоҷикистон дар вазорат.
Тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, нархи нуриҳои минералӣ дар бозорҳои дохилӣ вобаста ба мавқеи ҷуғрофии шаҳру ноҳияҳо фарқ мекунад.
Фермер держит минеральные удобрения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2024
Бори аввал корхонаи “Азот”-и Тоҷикистон ба Афғонистон нуриҳои минералӣ содирот кард
Масалан, нархи як халтаи 50-килограммаи селитраи аммиакӣ, ки бештар аз ҳама аз ҷониби кишоварзон истифода мешавад, чунин аст: дар шаҳри Ҳисор — 420 сомонӣ; дар шаҳри Бохтар — 500 сомонӣ; дар шаҳри Хуҷанд — 400 сомонӣ.
Нархи як халтаи аммофос бошад, аз 460 то 480 сомонӣ тағйир меёбад.

Фоидаи экологӣ

Кишоварзон мегӯянд, вақте нархи як халтаи нуриҳои минералӣ аз 300 сомонӣ боло меравад, истифодаи он дигар аз лиҳози иқтисодӣ судманд нест.
Абдураҳмон Сайфиев, як деҳқон аз шаҳри Турсунзода, ки ба парвариши сабзавот машғул аст, мегӯяд, имсол дар ду гектар помидор кишт кард, аммо натавонист нуриҳои минералӣ харидорӣ кунад.
“Ҳатто як грамм ҳам натавонистам аз нуриҳои минералӣ истифода барам. Бо вуҷуди ин, ҳосил дар мавсим хуб шуд, аммо танҳо дар ҳамон давра. Як килограмм помидорро бо нархи яклухти 3 сомонӣ фурӯхтам ва зарар надидам, вале баъд аз он растанӣ дигар рушд накард ва ҳосили бештар надод. Аз ҳамин сабаб ҳоло мебинед, ки нархи помидор дар бозор аз 10 сомонӣ ҳам гузаштааст,”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, барои рушди хуби растанӣ бояд аз панҷ навъи нуриҳои минералӣ истифода шавад, аммо дар мавсими кишт нархи нитроаммофоска, фосфор ва калий зиёда аз 10 сомонӣ барои ҳар килограмм ва нархи селитра ва карбамид аз 7 сомонӣ барои ҳар килограмм боло рафт.
“Акнун худатон бинед: ҳам нархи об боло рафтааст, ҳам арзиши хизмати техникае, ки бо сӯзишворӣ кор мекунад. Аз дигар хароҷотҳо ҳам чизе намегӯем. Ба ғайр аз ин, мо бо миёнаравҳо кор мекунем ва онҳо низ ҳисоби худро доранд. Хулоса, нархи ниҳоии маҳсулот аз як занҷираи пурраи хароҷотҳо шакл мегирад”, - гуфт кишоварз.
Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми истифодаи нуриҳои минералӣ аз навъи зироат вобаста аст, масалан, пиёз ва шолӣ ба нуриҳои бештар эҳтиёҷ доранд, дар ҳоле ки гандум, пахта ва баъзе зироатҳои дигар ба миқдори камтар ниёз доранд.
Ледник Федченко в горах Памир в Таджикистане. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2026
Мақомот: Захираҳои барф 30 дарсад коҳиш ёфтааст
“Дар Тоҷикистон барои ҳар гектар замини кишоварзӣ аз 200 то 600 килограмм нуриҳои минералӣ лозим аст. Аммо аксари деҳқононе, ки ман мешиносам, ин меъёрро риоя намекунанд. Масалан, ба ҷойи 200 килограмм танҳо нисфи онро истифода мебаранд”, - гуфт Абдураҳмон Сайфиев
Дар ҳамин ҳол, коршиносон ба паҳлуи мусбати ин вазъият низ ишора мекунанд. Ба андешаи онҳо, кам истифода шудани нуриҳои минералӣ боис мегардад, ки маҳсулоти кишоварзӣ аз лиҳози экологӣ тозатар бошад ва муҳлати нигоҳдории он низ бештар гардад. Ин метавонад арзиш ва рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистонро дар бозор боло барад.

Ҳосил ҳам хуб, содирот ҳам рӯ ба афзоиш

Натиҷаҳои мавсими кишоварзӣ дар шароити болоравии нархи нуриҳои минералӣ чӣ гунаанд? Омори расмӣ афзоиши истеҳсоли як қатор зироатҳоро нишон медиҳад.
Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, аз ҳаҷми умумии истеҳсолоти соҳа 18,3 миллиард сомонӣ ба маҳсулоти растанипарварӣ рост омадааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 866,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар сохтори умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавӣ 47,2 фоиз ва ҳиссаи бахши аҳолӣ 52,8 фоиз-ро ташкил медиҳад.
Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли як қатор маҳсулоти асосии кишоварзӣ афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, истеҳсоли картошка ба 286 ҳазор тонна расида, 6,8 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли сабзавот низ ба 1,28 миллион тонна расида, 5,3 фоиз афзоиш ёфтааст.
Тибқи маълумоти Агентии содироти Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали соли 2026 аз кишвар 74,3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 39,9 миллион доллари ИМА содир шудааст. Аз ҷумла, 21,8 ҳазор тонна сабзавот ва 102 тонна маҳсулоти полизӣ ба хориҷ фиристода шудааст.
Торгово-экономическая ярмарка-выставка СУГД 2017  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2026
Нисфи ҳосил нобуд шуд: Вилояти Суғд ба содироти зардолу ва гелос ба Русия оғоз кард
Дар нимсолаи аввал содироти пиёз аз 23,6 ҳазор тонна то 21,3 ҳазор тонна коҳиш ёфта, яъне 9,7 фоиз кам шудааст. Бо вуҷуди ин, арзиши содироти он ба 5,1 миллион доллар расидааст, ки нисбат ба 4,3 миллион доллар дар соли гузашта тақрибан 20 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамзамон содироти сабзавоти решадор, аз ҷумла лаблабу, шалғам, турб, редиска ва дигар навъҳо, аз 571 тонна дар соли гузашта то 1,1 ҳазор тонна дар соли ҷорӣ афзоиш ёфтааст. Арзиши содироти ин гурӯҳи маҳсулот низ 3,4 баробар зиёд шуда, аз 198 ҳазор доллар ба 677 ҳазор доллар расидааст.
Пахта, ки яке аз муҳимтарин маҳсулоти содиротии кишоварзии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, дар шаш моҳи аввали сол ба ҳаҷми 47,1 ҳазор тонна ба хориҷ содир шудааст. Самтҳои асосии содирот Эрон (61,8 фоиз), Туркия (25,5 фоиз), Чин (8,1 фоиз) ва Русия (3 фоиз) мебошанд. Ҳаҷми содироти пахта нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (36,3 ҳазор тонна) 29,8 фоиз зиёд шудааст.
Дар маҷмӯъ, маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба 21 кишвари наздик ва дур содир мешавад. Аз ҳаҷми умумии содирот 89 фоиз ба кишварҳои ИДМ (асосан Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон) ва 11 фоиз ба кишварҳои хориҷи дур, аз ҷумла Чин, Эрон, Покистон ва Озарбойҷон, рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0