https://sputnik.tj/20260225/qirghiziston-sodiroti-nurihoi-minerali-iiao-man-1075534959.html
Қирғизистон содироти нуриҳои минералиро ба берун аз ИИАО муваққатан манъ кард
Қирғизистон содироти нуриҳои минералиро ба берун аз ИИАО муваққатан манъ кард
Sputnik Тоҷикистон
Қирғизистон содироти нуриҳои минералиро ба хориҷ, ғайр аз кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё манъ кард
2026-02-25T12:42+0500
2026-02-25T12:42+0500
2026-02-25T12:42+0500
ииао
авруосиё
нуриҳои минералӣ
содирот
манъ
қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/18/1075535753_0:376:2972:2048_1920x0_80_0_0_bc69b1af33c98d5e3d34d388cc522392.jpg
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ҳукумати Қирғизистон содироти нуриҳои минералиро аз ҷумҳурӣ ба берун аз кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё муваққатан манъ кард.Ба иттилои ҳукумати Қирғизистон содирот барои шаш моҳ манъ карда мешавад ва дар рӯзҳои наздик эътибор пайдо хоҳад кард.Ин манъ ба ҳама намудҳои нуриҳои минералӣ, ба истиснои онҳое, ки қаблан аз кишварҳои сеюм ворид карда шуда, ба талаботи сифат ҷавобгӯ набуданд, татбиқ мешавад.Истисноҳо инчунин барои кумакҳои башардӯстонае, ки бо қарори Девони Вазирон расонида мешуданд, пешбинӣ шудаанд.Вазорати иқтисод ва тиҷорат бояд дар давоми се рӯз ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ва Комиссияи Иқтисодии Авруосиё дар бораи манъ хабар диҳад.Вазорати корҳои хориҷӣ низ ба Кумитаи Иҷроияи ИДМ огоҳиномаи монанд мефиристад.Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.
https://sputnik.tj/20260223/raqamikunoni-naqliyot-iiao-zarurat-strategi-1075492137.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/18/1075535753_93:0:2824:2048_1920x0_80_0_0_29f4019e616ef5ab6fcd831cd44b27ce.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, нуриҳои минералӣ, содирот, манъ, қирғизистон
ииао, авруосиё, нуриҳои минералӣ, содирот, манъ, қирғизистон
Қирғизистон содироти нуриҳои минералиро ба берун аз ИИАО муваққатан манъ кард
Қирғизистон содироти нуриҳои минералиро ба хориҷ, ғайр аз кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё манъ кард
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ҳукумати Қирғизистон содироти нуриҳои минералиро аз ҷумҳурӣ ба берун аз кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё муваққатан манъ кард.
Ба иттилои ҳукумати Қирғизистон содирот барои шаш моҳ манъ карда мешавад ва дар рӯзҳои наздик эътибор пайдо хоҳад кард.
Ин манъ ба ҳама намудҳои нуриҳои минералӣ, ба истиснои онҳое, ки қаблан аз кишварҳои сеюм ворид карда шуда, ба талаботи сифат ҷавобгӯ набуданд, татбиқ мешавад.
Истисноҳо инчунин барои кумакҳои башардӯстонае, ки бо қарори Девони Вазирон расонида мешуданд, пешбинӣ шудаанд.
Вазорати иқтисод ва тиҷорат бояд дар давоми се рӯз ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ва Комиссияи Иқтисодии Авруосиё дар бораи манъ хабар диҳад.
Вазорати корҳои хориҷӣ низ ба Кумитаи Иҷроияи ИДМ огоҳиномаи монанд мефиристад.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.