Мақомот: Захираҳои барф 30 дарсад коҳиш ёфтааст

© Sputnik / Олег Макаров / Гузариш ба медиабонкЛедник Федченко в горах Памир в Таджикистане.
Ледник Федченко в горах Памир в Таджикистане. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2026
Обуна шудан
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди давлати Тоҷикистон аз коҳиши чашмгири захираҳои барф дар кишвар хабар дод
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар соли ҷорӣ шоҳиди боришоти бесобиқаи борон будааст.
Рамазон Раҳмонзода, раиси Маркази омӯзиши пиряхҳои вобаста ба Идораи обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки сухан дар бораи баландии аз ду то се ҳазор метр аз сатҳи баҳр ва миқдори бориши барф дар ин минтақаҳо меравад, ки ҳамасола мавриди омӯзиш қарор мегирад.
"Мо бо истифода аз чархбол ва инчунин сутунҳои ченкунии барф, ки то се метр баландӣ доранд, мушоҳидаҳои худро анҷом медиҳем. Сипас бар асоси меъёрҳои чандинсола ҳаҷми захираҳои барфро ҳисоб карда, муайян месозем, ки дар ҳар як ҳавзаи обрез чӣ қадар барф вуҷуд дорад", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки таҳқиқоти саҳроии захираҳои барф дар ҳавзаи дарёҳое, ки аз минтақаҳои баландкӯҳ сарчашма мегиранд, анҷом дода шудааст.
Ледник в горах Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2025
Таъсиси ду озмоишгоҳ барои санҷиши пирях ва об дар Тоҷикистон
“Натиҷаҳои ин мушоҳидаҳо нишон доданд, ки ҳарчанд имсол миқдори боришоти борон хеле зиёд буд, аммо бориши барф аз меъёри маъмул камтар ба қайд гирифта шудааст.”, - гуфт Рамазон Раҳмонзода.
Бар асоси иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар соли 2026 захираҳои барф дар баландии аз ду то се ҳазор метр аз сатҳи баҳр дар ҳавзаҳои дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Хингоб, Сурхоб, Камароб ва Канаск ҳамагӣ 51 дарсади меъёри миёнасоларо ташкил додааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 30 дарсад камтар мебошад.
Лентаи хабарҳо
0