Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Трамп додани мушакҳои иловагӣ ба Зеленскийро рад кард

© Foto / Владимир Зеленский / TelegramВстреча Владимира Зеленского с президентом США Дональдом Трампом.
Встреча Владимира Зеленского с президентом США Дональдом Трампом.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2026
Обуна шудан
Трамп хоҳиши Зеленскийро дар бораи таъминоти мушакҳои иловагии “Patriot” рад кард
ДУШАНБЕ, 5 авг - Sputnik. Дар мулоқоте дар Кохи Сафед баргузор шуд, президенти ИМА Доналд Трамп дархости Владимир Зеленскийро дар бораи таъмини Киев бо мушакҳои иловагии боздоранда барои низоми “Patriot” рад кард, хабар медиҳад нашрияи Financial Times бо истинод ба манбаъҳо.
Қаблан хабар дода шуд, ки ИМА то ҳол шумори мушакҳои боздорандаи PAC-3 MSE-и худро барои низоми дифоъи ҳавоии “Patriot”, ки соли 2022 ба Украина интиқол дода шуда буданд, барқарор накардааст.
"Дар мулоқоти ҳафтаи гузашта, Трамп дархости Зеленскийро барои садҳо боздорандаи иловагии “Patriot” рад кард", - хабар медиҳад рӯзнома бо истинод ба афроде, ки аз ҳоли воқеӣ ҳастанд.
Ба иттилои рӯзнома, президент қарори худро бо ишора ба норасоии мушакҳо дар худи ИМА ва хароҷоти онҳо ҳангоми амалиёти низомӣ дар Ховари Миёна шарҳ додааст. Рӯзи сешанбе CNN хабар дод, ки ИМА, асосан аз сабаби амалиётҳо алайҳи Эрон, тақрибан 80% захираҳои боздорандаи THAAD ва тақрибан нисфи мушакҳои зиддиҳавоии “Patriot”-и худро сарф кардааст.
Последствия удара по Киеву 5 августа 2026 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Як мушак мондааст": Олмон аз фоҷеаи артиши Украина хабар дод
Қаблан, раҳбари ИМА дар мусоҳиба бо рӯзномаи бритониёӣ изҳор дошт, ки "ҳанӯз мутмаин нест", ки оё ИМА ба Украина иҷозатнома барои истеҳсоли мушакҳои боздорандаи “Patriot” медиҳад ё не. Ин изҳорот ҳамагӣ ду рӯз пас аз мулоқоти Кохи Сафед садо дод, ки пас аз он Зеленский иддао кард, ки раҳбари Амрико аллакай ба интиқоли технология ба Киев розӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0