Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

"Як мушак мондааст": Олмон аз фоҷеаи артиши Украина хабар дод

© REUTERS /Vladyslav SodelПоследствия удара по Киеву 5 августа 2026 года.
Последствия удара по Киеву 5 августа 2026 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2026
Обуна шудан
Нашрияи “Berliner Zeitung” менависад, ки эҳтимоли дар ихтиёри Украина гузоштани мушакҳои падофанди ҳавоӣ ба сифр расидааст
ДУШАНБЕ, 5 авг - Sputnik. Нашрияи Berliner Zeitung навиштааст, ки Украина қариб ҳеҷ имконе барои ба даст овардани мушакҳои падофанди ҳавоӣ надорад.
"Володимир Зеленский торафт ноумед ба назар мерасад. Дар Киев танҳо як мушаки падофанди ҳавоии PAC-3 Patriot боқӣ мондааст. Эҳтимолидастрасӣ ба мушакҳои нав қариб ба сифр расидааст. Зеленский бо президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи гирифтани иҷозатнома барои истеҳсоли мушакҳо гуфтушунид кард. Аммо камтар аз як ҳафта пас Трамп аз ин кор даст кашид. Аврупо низ наметавонад кумак кунад - он захираҳои худро тамом кардааст", - изҳор дошт нашрия.
Ба гуфтаи муаллифон, Украина дар асл худро дар вазъияти ноумедӣ мебинад.
"Русия ҳамлаҳои мушакиро босуръат афзоиш медиҳад. Аз ҳафтаи аввали низоъ, Зеленский аз Ғарб даъват кард, ки фазои ҳавоии худро дар болои Украина банданд, аммо тарсҳои бадтарини ӯ амалӣ шуданд. Фазои ҳавоӣ дар болои Украина бозаст. Аён аст, ки Зеленский бо мушкилоте рӯбарӯ аст, ки барои он роҳи ҳал вуҷуд надорад", - таъкид кардааст нашрия.
Военнослужащий 44-й отдельной артиллерийской бригады Вооруженных сил Украины стреляет из самоходной гаубицы 2С22 Богдана по российским позициям. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Хароҷоти аврупоиён барои дастгирии Украина 50% афзоиш ёфтааст
Дар аввали моҳи июл, Владимир Зеленский бо президенти ИМА Доналд Трамп дар ҳошияи нишасти НАТО дар Анқара мулоқот кард. Дар рафти музокирот, раҳбари Кохи Сафед изҳор дошт, ки Украина метавонад иҷозатнома барои истеҳсоли мушакҳои Patriot-ро ба даст орад.
Аммо, раҳбари Амрико баъдтар изҳор дошт, ки Вашингтон ҳанӯз қарор қабул накардааст. Вай афзуд, ки дар ин вазъият эҳтиёткорӣ лозим аст, зеро технологияи интиқолшуда метавонад бар зидди ИМА истифода шавад.
Лентаи хабарҳо
0