https://sputnik.tj/20260802/tojikiston-aksari-quvvai-kori-dehot-zindagi-1079413708.html
Дар Тоҷикистон аксари қувваи корӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд
Дар Тоҷикистон аксари қувваи корӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои Агентии омори кишвар дар Тоҷикистон беш аз 2,1 миллион қувваи корӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд
2026-08-02T14:51+0500
2026-08-02T14:51+0500
2026-08-02T14:51+0500
дар тоҷикистон
омор
кор
қувваи корӣ
деҳот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0a/1061219013_0:203:2917:1844_1920x0_80_0_0_dabb28e530d4921e699b2a1b19d9c250.jpg
ДУШАНБЕ, 2 авг – Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион нафар аҳолии синни 15–75-сола ба қайд гирифта шудааст.Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои Агентӣ, аз ин шумора 1 миллиону 950 ҳазору 415 нафар (64,6%) мардон ва 1 миллиону 68 ҳазору 358 нафар (35,4%) занон мебошанд.Аз рӯи минтақаҳо, вилояти Хатлон бо зиёда аз 1 миллион нафар дар ҷойи аввал қарор дорад.Баъдан вилояти Суғд бо 1 миллиону 77 ҳазору 647 нафар, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо 528 ҳазору 489 нафар, шаҳри Душанбе бо 320 ҳазору 835 нафар ва ВМКБ бо 90 ҳазору 724 нафар қарор доранд.Агентӣ қайд кардааст, ки аз рӯи маҳалли зист, аксари қувваи корӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд.Қайд карда шудааст, ки тақсимоти синнусолӣ нишон медиҳад, ки гурӯҳи сершумортаринро шаҳрвандони 30–34-сола ташкил медиҳанд, ки шумораи онҳо ба 413 ҳазору 717 нафар мерасад.Баъдан гурӯҳҳои 25–29-сола — 383 ҳазору 106 нафар ва 35–39-сола — 377 ҳазору 378 нафар ҷой гирифтаанд.Ҳамзамон, тибқи иттилои Агентӣ беш аз 2,3 миллион нафар ақди никоҳ бастаанд, 389 ҳазору 344 нафар ҳеҷ гоҳ издивоҷ накардаанд ва 81 ҳазору 520 нафар пас аз қатъи никоҳ дубора оиладор шудаанд.Дар бахши таҳсилот бошад, беш аз нисфи қувваи кории кишвар — 1 миллиону 604 ҳазору 641 нафар маълумоти миёнаи умумӣ (пурра) доранд.Инчунин 576 ҳазору 485 нафар соҳиби маълумоти олии касбӣ, 479 ҳазору 886 нафар маълумоти миёнаи асосӣ ва 195 ҳазору 94 нафар маълумоти миёнаи касбӣ мебошанд.
https://sputnik.tj/20260608/nisf-manzil-navbunyod-tojikiston-dushanbe-omor-1078144977.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0a/1061219013_94:0:2823:2047_1920x0_80_0_0_ce6ff6c974b48c2117bbbaaff4c844f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, омор, кор, қувваи корӣ, деҳот
дар тоҷикистон, омор, кор, қувваи корӣ, деҳот
Дар Тоҷикистон аксари қувваи корӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд
Ба иттилои Агентии омори кишвар дар Тоҷикистон беш аз 2,1 миллион қувваи корӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 2 авг – Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион нафар аҳолии синни 15–75-сола ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои Агентӣ, аз ин шумора 1 миллиону 950 ҳазору 415 нафар (64,6%) мардон ва 1 миллиону 68 ҳазору 358 нафар (35,4%) занон мебошанд.
Аз рӯи минтақаҳо, вилояти Хатлон бо зиёда аз 1 миллион нафар дар ҷойи аввал қарор дорад.
Баъдан вилояти Суғд бо 1 миллиону 77 ҳазору 647 нафар, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо 528 ҳазору 489 нафар, шаҳри Душанбе бо 320 ҳазору 835 нафар ва ВМКБ бо 90 ҳазору 724 нафар қарор доранд.
Агентӣ қайд кардааст, ки аз рӯи маҳалли зист, аксари қувваи корӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд.
"Тибқи омори таҳқиқот, 2 миллиону 152 ҳазору 231 нафар сокини деҳот ва 866 ҳазору 542 нафар сокини шаҳр мебошанд”, - таъкид кардааст Агентии омор.
Қайд карда шудааст, ки тақсимоти синнусолӣ нишон медиҳад, ки гурӯҳи сершумортаринро шаҳрвандони 30–34-сола ташкил медиҳанд, ки шумораи онҳо ба 413 ҳазору 717 нафар мерасад.
Баъдан гурӯҳҳои 25–29-сола — 383 ҳазору 106 нафар ва 35–39-сола — 377 ҳазору 378 нафар ҷой гирифтаанд.
Ҳамзамон, тибқи иттилои Агентӣ беш аз 2,3 миллион нафар ақди никоҳ бастаанд, 389 ҳазору 344 нафар ҳеҷ гоҳ издивоҷ накардаанд ва 81 ҳазору 520 нафар пас аз қатъи никоҳ дубора оиладор шудаанд.
Дар бахши таҳсилот бошад, беш аз нисфи қувваи кории кишвар — 1 миллиону 604 ҳазору 641 нафар маълумоти миёнаи умумӣ (пурра) доранд.
Инчунин 576 ҳазору 485 нафар соҳиби маълумоти олии касбӣ, 479 ҳазору 886 нафар маълумоти миёнаи асосӣ ва 195 ҳазору 94 нафар маълумоти миёнаи касбӣ мебошанд.