Қариби нисфи манзилҳои навбунёд дар Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе рост меояд - омор

© Sputnik Фото новостройки, Душанбе
Фото новостройки, Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2026
Обуна шудан
Сар аз аввали сол ҳамчунин дар ҷумҳурӣ панҷ мактаб барои беш аз 7 ҳазор нафар ба истифода дода шудааст, гуфтааст оҷонсӣ
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон сохтмони манзилҳои истиқоматӣ тайи моҳҳои январ-апрез ба афзоиши чашмгир доштааст.
Ба гузориши Оҷонсии омори кишвар, афзоиши мизони сохтмони биноҳои истиқоматӣ махсусан дар бахши хусусӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҷумҳурӣ ин муддар ба масоҳати умумӣ 500 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд.
Ин нишондод ба таъкиди манбаъ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 баробар бештар аст.
Нархи миёнаи манзил дар Тоҷикистон ҳудуди 5 ҳзор сомонӣ барои як метри мураббаъ мебошад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2026
Нархи миёнаи манзил дар Тоҷикистон ҳудуди 5 ҳзор сомонӣ барои як метри мураббаъ мебошад.
Қариби нисфи хонаҳои истиқоматии навбунёд дар Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе рост меояд.

Аз ним миллион метри мураббаъ дар ҷумҳурӣ 234 ҳазор метри мураббаъ ва ё 46,8% ба пойтахт рост меояд.

Дар ҷойи дуюм Хатлон – 115,3 ҳазор, сеюм Суғд – 107 ҳазор ва пасон НТҶ бо 38,8 ҳазор метри мураббаъ меистад.
Таъкид мешавад, ки дар ин муддат панҷ мактаб барои беш аз 7 ҳазор нафар ба истифода дода шудааст.

Ба гузориши манбаъ, дар ин давра муассисаи томактабӣ барои 1406 ҷой сохта ба истифода дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0