Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Изҳороти нави Трамп дар бораи анҷоми низоъ дар Украина

© REUTERS /Kylie CooperПрезидент США Дональд Трамп выступает во время мероприятия в Белом доме в Вашингтоне, округ Колумбия, США, 30 июля 2026 года.
Президент США Дональд Трамп выступает во время мероприятия в Белом доме в Вашингтоне, округ Колумбия, США, 30 июля 2026 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2026
Обуна шудан
Раисҷумҳури ИМА дар изҳороти ахираш гуфт, ки ИМА мехоҳад, ки низоъ бо Русия дар Украина хотима ёбад
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп дар мусоҳиба бо рӯзномаи бритониёии Financial Times изҳор дошт, ки Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, низоъ дар Украина ҳалли худро пайдо кунад.
"Ба таври оддӣ, мо мехоҳем, ки ҷанги Украина бо Русия хотима ёбад. Ман мушакҳоро намеҷӯям. Мо сулҳро меҷӯем", - гуфт ӯ.
Ин изҳорот ҳамагӣ ду рӯз пас аз мулоқот дар Кохи Сафед садо дод, ки пас аз он Владимир Зеленский иддао кард, ки раҳбари маъмурияти ИМА аллакай ба интиқоли технологияи мушакҳои Patriot ба Киев розӣ шудааст.
Ахиран, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков изҳор дошт, ки шартҳои қатъи амалиёти ҷангӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Русия ду сол пеш муайян карда шуда буданд ва агар режими Киев қарорҳои мувофиқ қабул кунад, низоъ метавонад фавран хотима ёбад.
Ракетный комплекс Патриот в аэропорту Жешув-Ясенка, Польша. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ИМА Киевро аз истеҳсоли мушакҳои “Patriot” дар Украина ноумед месозад
Зимни суханронӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ дар соли 2024, Владимир Путин шартҳои хотима додан ба низои Украинаро, аз ҷумла зарурати хуруҷи нерӯҳои худ аз ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск, минтақаҳои Херсон ва Запорожье ва даст кашидан аз нақшаҳои пайвастан ба НАТО-ро шарҳ дод. Русия низ борҳо таъкид кардааст, ки ба созиши дарозмуддат манфиатдор аст.
Лентаи хабарҳо
0