Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

ИМА Киевро аз истеҳсоли мушакҳои “Patriot” дар Украина ноумед месозад

© AP / Evan VucciРакетный комплекс "Патриот" в аэропорту Жешув-Ясенка, Польша.
Ракетный комплекс Патриот в аэропорту Жешув-Ясенка, Польша. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2026
Обуна шудан
Зеленский қасд дорад, ки бо Туск дар бораи истеҳсоли мушакҳои “Patriot” дар Лаҳистон сӯҳбат кунад
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Як манбаи огоҳ ба РИА Новости гуфт, ки ИМА истеҳсоли мушакҳои “Patriot”-ро барои Киев дар Лаҳистон нисбат ба Украина бехатартар медонад.
"Аён аст, ки Вашингтон орзуҳои Зеленскийро барои маҳаллисозии истеҳсоли “Patriot” дар Украина сард кардааст ва ташаббуси Лаҳистонро интихоб кардааст", - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи манбаъ, раҳбари режими Киев мехоҳад имрӯз ин масъаларо бо сарвазири Лаҳистон Доналд Туск муҳокима кунад ва истеҳсоли мушакҳои PAC-3 барои ин низоми дифоъи ҳавоӣ дар он ҷо дар доираи формати ИМА-Лаҳистон-Украина маҳаллисозӣ кунанд.
Официальный представитель Министерства иностранных дел России Мария Захарова. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Захарова зарбаҳои Украина ба киштии эрониро шарҳ дод
Як рӯз пеш Зеленский бо президенти ИМА Доналд Трамп мулоқот кард; музокирот паси дарҳои баста баргузор шуданд. Пас аз мулоқот, ӯ изҳор дошт, ки роҳбари Кохи Сафед гӯё розӣ шудааст, ки ба Киев иҷозатномаҳо барои истеҳсоли мушакҳои “Patriot”-ро диҳад.
Баъдтар, вазири дифоъи Лаҳистон Владислав Кошиняк-Камиш изҳор дошт, ки ҷумҳурӣ тарафдори ҷойгир кардани корхонаи истеҳсолӣ дар қаламрави худ аст.
Лентаи хабарҳо
0