Дар Хуҷанд болои Сирдарё ду пули нав сохта мешаванд

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкМавзолей и памятник поэту Камолу Худжанди в городе Худжанд.
Мавзолей и памятник поэту Камолу Худжанди в городе Худжанд.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2026
Обуна шудан
Пулҳои нав бояд мушкилоти рӯзафзуни танбашавии нақлиётро дар маркази шаҳр аз сабаби афзоиши шумораи воситаҳои нақлиёт ҳал кунанд
ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Давоми ду соли оянда болои Сирдарё дар Хуҷанд ду пул сохта мешаванд, то мушкилоти танбашавии нақлиёт дар кӯчаҳои марказии Хуҷанд бартараф гардад.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон сармутахассиси шӯъбаи сохтмони асосии маъмурияти вилояти Суғд Фурқат Солиев иттилоъ дод.
"Тарҳи яке аз пулҳо, ки маҳаллаи Разоқро бо маҳаллаи 12-ум дар соҳили рости Хуҷанд мепайвандад, аллакай омода шудааст. Дарозии он 310 метр, паҳноиаш якҷоя бо гузаргоҳҳои пиёдагард 26 метрро ташкил хоҳад дод", - гуфт ӯ.
Манбаи оҷонсӣ ҳамчунин шарҳ дод, ки айни замон, кӯчае дар қисмати кӯҳнаи шаҳр, ки ба хиёбони Камоли Хуҷандӣ мебарояд, васеъ карда мешавад.
Ба қавли Солиев, ҳоло ҷустуҷӯи сармоягузорон аз ҳисоби соҳибкорони минтақавӣ ва хайриякунандагони хориҷӣ давом дорад.
"Эҳтимол дорад, ки ин лоиҳа қисман аз буҷаи маҳаллӣ маблағгузорӣ шавад, аммо баъзе тоҷирон хоҳиши ҳалли мушкилоти зодгоҳашонро баён кардаанд. Хушбахтона дар вилояти Суғд чунин таҷриба вуҷуд дорад. Яке аз пулҳо дар болои Сирдарё дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар аввали солҳои 2000-ум аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Амон Урунов сохта шудааст ва ҳоло он номи ӯро дорад", - шарҳ дод мутахассиси Раёсати сохтмони асосии минтақа.
Солиев инчунин қайд кард, ки дар байни сохтмончиён ва намояндагони тиҷорат дар масъалаи ҷойгиршавии пули дуюм, ки сохтмони он зарурати бунёди роҳи гузариш барои ҳаракати нақлиёт ба самти минтақаи саноатии Истиқлол ва ноҳияҳои Мастчоҳ ва Аштро ба миён меорад, баҳсҳо идома доранд.
Ил-18 в Худжанде.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2026
Дар Тоҷикистон Осорхонаи ҳавопаймоӣ таъсис дода мешавад
Дар маъмурияти Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон аз нақшаи азнавсозии қадимтарин пул, ки аз соли 1964 соҳилҳои Сирдарёро пайваст мекард, хабар доданд.
"Ин пул васеъ карда мешавад. Нақшаҳо илова кардани ду қисми иловагӣ ва афзоиши паҳнои онро то 20 метр пешбинӣ мекунанд. Ҳамзамон қисмати хиёбони Исмоил Сомонӣ, ки дар паҳлӯи пул ҷойгир аст, васеъ карда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки гузаштани мошинҳо аз ин кӯча, ки дар солҳои охир, бахусус дар соатҳои авҷ, дар ин ҷо дида мешавад, ба таври назаррас беҳтар шавад", - гуфт котиби матбуотии раиси шаҳр Маъмур Маъруф.
Айни замон дар Суғд болои дарёи Сир шаш пул мавҷуд аст, ки сетоашон дар Хуҷанд воқеанд, - пули кӯҳна, “Пули ҷукур” ва “Пули чин”. Ин пулҳо ноҳияҳои Бобоҷон-Ғафуров ва Спитаменро мепайванданд.
Дар даврони Шӯравӣ, дар марзи байни ноҳияҳои Конибодоми Тоҷикистон ва Бешарики Ӯзбекистон пули понтонӣ амал мекард, аммо пас аз фурӯпошии ИҶШС, он дар қаламрави ҷумҳурии ҳамсоя монд.
Лентаи хабарҳо
0