https://sputnik.tj/20260221/tojikiston-osorkhonai-havopaymoi-tasis-1075445761.html
Дар Тоҷикистон Осорхонаи ҳавопаймоӣ таъсис дода мешавад
Дар Тоҷикистон Осорхонаи ҳавопаймоӣ таъсис дода мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Федератсияи ҳавопаймоии сабуки Тоҷикистон гуфт, ин осорхона дар ҳамкорӣ бо Маркази рушди сайёҳӣ татбиқ мегардад
2026-02-21T12:26+0500
2026-02-21T12:26+0500
2026-02-21T12:26+0500
дар тоҷикистон
осорхона
суғд
авиатсияи гражданӣ
ҳавопаймо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/14/1075446592_0:112:1280:832_1920x0_80_0_0_df1b877d481433752f9fa892c1d3f589.jpg
ДУШАНБЕ, 21 фев - Sputnik. Федератсияи ҳавопаймоии сабуки Тоҷикистон эълон кард, ки дар Тоҷикистон Осорхонаи ҳавопаймоии кишвар таъсис дода мешавад ва ин ташаббус аз ҷониби ҳукумат дастгирӣ ёфтааст.Ба иттилои Федератсия, дар доираи лоиҳа ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва пешниҳоди намунаҳои ҳавопаймоҳое, ки дар фазои ҳавоии кишвар истифода мешаванд, ба нақша гирифта шудааст.Ёдовар мешавем, ки ахиран дар шаҳри Хуҷанд яке аз рамзҳои шинохтаи шаҳр — ҳавопаймои ёдгории "Ил-18", ки солҳои зиёд дар соҳили рости дарёи Сир қарор дошт, гирифта шуд.Федератсияи ҳавопаймоии сабуки Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки айни ҳол ҳавопаймо барои нигоҳдорӣ ба фурудгоҳи Хуҷанд интиқол дода шудааст.Ин ниҳод таъкид кардааст, ки ҳавопаймои мазкур дар оянда ба Осорхонаи ҳавопаймоии Тоҷикистон дода хоҳад шуд.Бояд гуфт, ки ин ҳавопаймо ҳанӯз дар охири солҳои ҳафтодуми асри гузашта дар он мавзеъ насб гардида буд. То соли 1979 он ҳамчун тренажёр барои наҷотдиҳандагон истифода мешуд ва баъдан дар солҳои ҳаштодум ба қаҳвахона табдил ёфт.Ин ҳавопаймо баъди фоҷиаи бузурги ҳавоӣ, ки рӯзи 24 феврали соли 1973 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти онвақтаи Ленинобод рух дод, насб гардида буд.Он замон ҳавопаймои "Ил-18В" ҳангоми парвоз аз Душанбе ба Ленинобод суқут карда, ҳамаи 79 нафар — мусофирон ва ҳайати экипаж — ҳалок шуданд.Гуфта мешавад, ки насби ҳавопаймои ҳамнамуна дар соҳили дарё рамзи эҳтиром ба хотираи қурбониён буд.
https://sputnik.tj/20250519/dushanbe-chorabini-baynalmilal-shab-osorkhona-video-1067389434.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/14/1075446592_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_5f82fc62dc9ff234c03dbd8642dfc254.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, осорхона, суғд, авиатсияи гражданӣ, ҳавопаймо
дар тоҷикистон, осорхона, суғд, авиатсияи гражданӣ, ҳавопаймо
Дар Тоҷикистон Осорхонаи ҳавопаймоӣ таъсис дода мешавад
Федератсияи ҳавопаймоии сабуки Тоҷикистон гуфт, ин осорхона дар ҳамкорӣ бо Маркази рушди сайёҳӣ татбиқ мегардад
ДУШАНБЕ, 21 фев - Sputnik. Федератсияи ҳавопаймоии сабуки Тоҷикистон эълон кард, ки дар Тоҷикистон Осорхонаи ҳавопаймоии кишвар таъсис дода мешавад ва ин ташаббус аз ҷониби ҳукумат дастгирӣ ёфтааст.
Ба иттилои Федератсия, дар доираи лоиҳа ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва пешниҳоди намунаҳои ҳавопаймоҳое, ки дар фазои ҳавоии кишвар истифода мешаванд, ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар шаҳри Хуҷанд яке аз рамзҳои шинохтаи шаҳр — ҳавопаймои ёдгории "Ил-18", ки солҳои зиёд дар соҳили рости дарёи Сир қарор дошт, гирифта шуд.
Федератсияи ҳавопаймоии сабуки Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки айни ҳол ҳавопаймо барои нигоҳдорӣ ба фурудгоҳи Хуҷанд интиқол дода шудааст.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки ҳавопаймои мазкур дар оянда ба Осорхонаи ҳавопаймоии Тоҷикистон дода хоҳад шуд.
“Пас аз муайян шудани макони ниҳоии Осорхонаи авиатсияи Тоҷикистон, ҳавопаймо барқарор карда мешавад ва дар баробари дигар намунаҳои технологияи авиатсионӣ ба намоиш гузошта хоҳад шуд”, - афзуд манбаъ.
Бояд гуфт, ки ин ҳавопаймо ҳанӯз дар охири солҳои ҳафтодуми асри гузашта дар он мавзеъ насб гардида буд. То соли 1979 он ҳамчун тренажёр барои наҷотдиҳандагон истифода мешуд ва баъдан дар солҳои ҳаштодум ба қаҳвахона табдил ёфт.
Ин ҳавопаймо баъди фоҷиаи бузурги ҳавоӣ, ки рӯзи 24 феврали соли 1973 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти онвақтаи Ленинобод рух дод, насб гардида буд.
Он замон ҳавопаймои "Ил-18В" ҳангоми парвоз аз Душанбе ба Ленинобод суқут карда, ҳамаи 79 нафар — мусофирон ва ҳайати экипаж — ҳалок шуданд.
Гуфта мешавад, ки насби ҳавопаймои ҳамнамуна дар соҳили дарё рамзи эҳтиром ба хотираи қурбониён буд.