https://sputnik.tj/20260725/zindonhoi-khatlon-aqdi-nikoh-barguzor-1079234434.html
Дар зиндонҳои вилояти Хатлон 13 маросими ақди никоҳ баргузор шудааст
Дар зиндонҳои вилояти Хатлон 13 маросими ақди никоҳ баргузор шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Давоми шаш моҳи соли равон дар пайи роҳандозии никоҳи сайёр мавридҳои сабти никоҳ дар муассисаҳои ислоҳии Хатлон сурат гирифтааст
2026-07-25T15:23+0500
2026-07-25T15:23+0500
2026-07-27T11:56+0500
хатлон
кохи ақду никоҳ
тӯйи хонадоршавӣ
маҳбас
дар тоҷикистон
ҷомеаи шаҳрвандӣ
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/1b/1079257106_0:155:3089:1893_1920x0_80_0_0_8c758957c3ed950d251140b013a92ad1.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. 13 маросими ақди никоҳ дар маҳбасхонаҳо доир шудааст. Дар ин бора сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон Шараф Чилазодда хабар дод.Ба гуфтаи ӯ, аз ин шумора 6 ақди никоҳ дар маҳбасхонаҳои шаҳри Бохтар ва 7 ақди никоҳ дар ноҳияи Ёвон ба қайд гирифта шудааст.Масъулини Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон зини нишасти матбуотӣ иттилоъ доданд, ки нотарияҳои давлатии вилоят дар ин давра 65 ҳазору 129 амалиёти нотариалӣ анҷом додаанд.Аз ҳисоби онҳо беш аз 17 млн боҷи давлатӣ ва зиёда аз 10 млн маблағи хизматрасониҳои иловагии музднок ситониданд.Ба гуфтаи Шараф Чилазодда, дар бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бошад, ҳамагӣ 93 ҳазору 192 сабт анҷом дода шудааст.Аз ҷумла:Дар ин самт аз ҳисоби боҷи давлатӣ 629 ҳазору 271 сомонӣ ва аз хизматрасониҳои иловагӣ 7 миллиону 154,4 ҳаз. сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст.Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар маҳбасхонаҳои вилояти Суғд, 32 ҷуфт ақду никоҳ баста буданд.
https://sputnik.tj/20260522/tojikiston-nikohu-taloq-kam-maqomot-1077725040.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/1b/1079257106_180:0:2909:2047_1920x0_80_0_0_7d0673e548ae5a83156c0bcc639f278f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хатлон, кохи ақду никоҳ, тӯйи хонадоршавӣ, маҳбас, дар тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, иҷтимоъ
хатлон, кохи ақду никоҳ, тӯйи хонадоршавӣ, маҳбас, дар тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, иҷтимоъ
Дар зиндонҳои вилояти Хатлон 13 маросими ақди никоҳ баргузор шудааст
15:23 25.07.2026 (Навсозишуда: 11:56 27.07.2026) Давоми шаш моҳи соли равон дар пайи роҳандозии никоҳи сайёр мавридҳои сабти никоҳ дар муассисаҳои ислоҳии Хатлон сурат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. 13 маросими ақди никоҳ дар маҳбасхонаҳо доир шудааст. Дар ин бора сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон Шараф Чилазодда хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз ин шумора 6 ақди никоҳ дар маҳбасхонаҳои шаҳри Бохтар ва 7 ақди никоҳ дар ноҳияи Ёвон ба қайд гирифта шудааст.
Масъулини Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон зини нишасти матбуотӣ иттилоъ доданд, ки нотарияҳои давлатии вилоят дар ин давра 65 ҳазору 129 амалиёти нотариалӣ анҷом додаанд.
Аз ҳисоби онҳо беш аз 17 млн боҷи давлатӣ ва зиёда аз 10 млн маблағи хизматрасониҳои иловагии музднок ситониданд.
Ба гуфтаи Шараф Чилазодда, дар бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бошад, ҳамагӣ 93 ҳазору 192 сабт анҷом дода шудааст.
48 ҳазору 473 сабти таваллуд,
6 ҳазору 241 сабти вафот,
9 ҳазору 702 сабти ақди никоҳ,
757 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ,
11 ҳазору 136 сабти муайян намудани падарӣ,
9 ҳазору 262 сабти иваз намудани насаб, ном ва номи падар ба қайд гирифта шудаанд.
Дар ин самт аз ҳисоби боҷи давлатӣ 629 ҳазору 271 сомонӣ ва аз хизматрасониҳои иловагӣ 7 миллиону 154,4 ҳаз. сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар маҳбасхонаҳои вилояти Суғд,
32 ҷуфт ақду никоҳ баста буданд.