Дар Тоҷикистон никоҳу талоқ кам шуд: Мақомот сабабашро гуфт

© Foto / unsplash / Samantha GadesСвадебная церемония.
Свадебная церемония. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2026
Обуна шудан
Мақомот мегӯяд, паст гардидани сатҳи бекоршавии ақди никоҳ метавонад натиҷаи тадриҷан баланд гардидани таҳкими масъулияти ҷавонон дар муносибатҳои оилавӣ бошад
ДУШАНБЕ, 22 май - Sputnik. Дар моҳҳои январ–марти соли 2026 дар ҷумҳурӣ 14 ҳазору 913 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 18,5% кам мебошад.
Тавре Агентии омори кишвар дар истиноб ба маълумоти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) хабар додааст, дар се моҳи аввали соли гузашта ин нишондиҳанда 18 ҳазору 288 ҷуфтро ташкил медод.
Ба иттилои ин ниҳод, аз рӯи минтақаҳо сатҳи баландтарини никоҳ дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст.
Ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ дар ин вилоят 6,2 никоҳ рост омадааст. Дар вилояти Хатлон ин нишондиҳанда 5,7, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5,4 ва дар шаҳри Душанбе 4,7 ададро ташкил дод.
Нишондиҳандаи пасттарин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мушоҳида гардида, 2,6 ададро ташкил намудааст.
Ҳамзамон, ба иттилои Агентии омори кишвар дар баробари коҳиш ёфтани шумораи никоҳҳо, сатҳи бекоршавии ақди никоҳ низ тамоюли коҳишёбӣ ба қайд гирифта шудааст.
Свадебная церемония. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2025
Никоҳ ва талоқ дар вилояти Суғд кам шудааст
Дар моҳҳои январ–марти соли 2026 шумораи бекоршавии ақди никоҳи ба қайдгирифташуда 1 ҳазору 893 ҷуфтро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 8,6 фоиз кам гардидааст.
Дар ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазору 72 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда буд.
Аз рӯи минтақаҳо нишондиҳандаи баландтарини бекоршавии ақди никоҳ дар вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст.
Ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ 0,9 адад рост омадааст. Дар ВМКБ ин нишондиҳанда 0,6 ва дар вилояти Хатлон 0,4 ададро ташкил додааст.
Қайд карда шудааст, ки паст гардидани сатҳи бекоршавии ақди никоҳ метавонад натиҷаи тадриҷан баланд гардидани маърифати оиладорӣ, афзоиши нақши суннатҳои миллӣ ва таҳкими масъулияти ҷавонон дар муносибатҳои оилавӣ бошад.
Лентаи хабарҳо
0