Дар зиндонҳои Суғд 32 ҷуфт ақди никоҳ бастаанд

© unsplash / Jeremy Wong WeddingsМолодожены держатся за руки. Иллюстративное фото
Молодожены держатся за руки. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2025
Обуна шудан
Давоми шаш моҳи соли равон дар пайи роҳандозии никоҳи сайёр мавридҳои сабти никоҳ дар муассисаҳои ислоҳии Суғд сурат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Маросими ақди никоҳи 32 нафар дар маҳбас доир шудааст. Дар ин бора масъулини Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Суғд зини нишасти матбуотӣ иттилоъ доданд.
Фараҳманд Ҳайдарӣ, масъулини Раёсати САҲШ дар Суғд гуфт, чунин мавридҳо дар пайи роҳандозии никоҳи сайёр ба қайд гирифта шудааст.

“Никоҳҳои сайёр ҳамасола гузаронида мешаванд. Давоми моҳҳои январ - июни соли ҷорӣ дар умум 32 ақди никоҳи сайёр дар муассисаҳои ислоҳии Суғд гузаронида шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 25 маврид зиёд аст” – гуфт, Ҳайдарӣ.

Бино ба иттилоъи манбаъ, мардони никоҳшаванда ҳама дар ҳоли иҷрои ҷазо қарор дошта бо ҳамсарони худ, ки дар озодӣ қарор доранд ақди никоҳ бастаанд.
Свадьба в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2025
Дар Тоҷикистон издивоҷ бештару талоқ кам шудааст
Бар пояи иттилоҳи САҲШ давоми шаш моҳи соли равон вилояти Суғд 8 357 ҳолати бастани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта 65 маврид зиёд аст.
Дар ин давра 1 560 мавриди бекоркунии никоҳ сабт шудааст, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 74 адад кам шудааст.
Лентаи хабарҳо
0