“ТОП-10”: Кадом ниҳодҳо бештарини фасодро доштаанд?

© Unsplash / Jonathan BorbaДолларовые купюры.
Долларовые купюры.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2026
Обуна шудан
Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, фасодзадатарин вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои давлатиро муаррифӣ кард
ДУШАНБЕ, 25июл - Sputnik. Танҳо як корманд дар Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон дар 12 ҷинояти фасоди идорӣ даст дошта ва се корманди Вазорати молия дар маҷмӯъ дар 28 ҷинояти муртабит бо фасод мушорикат доштаанд.
Ба гуфтаи Сулаймон Султонзода, раиси Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ки дар нишасти хабарӣ дар посух ба пурсиши Спутник Тоҷикистон сухан мегуфт, дар миёни вазоратхонаҳо ва ниҳодҳое, ки ҷиноятҳои иқтисодии дорои моҳияти фасод дар онҳо рух додааст, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар рутбаи нахуст қарор доранд.
“Ин мавзӯъ дар натиҷаи бозрасиҳо ва баррасиҳои кормандони Агентӣ дар нимаи нахусти соли ҷорӣ мушаххас шудааст”, - гуфт ӯ.
Бар асоси оморе, ки раиси Агентӣ ироа кард, дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 591 ҷиноят бо мушорикати 561 нафар дар ниҳодҳои давлатӣ сабт шудааст.
Аз ҷумла:
мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ — 118 ҷиноят муртабит ба 183 нафар;
бахши маориф ва илм — 98 ҷиноят муртабит ба 49 нафар;
бахши тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ — 97 ҷиноят муртабит ба 103 нафар;
кумитаҳои идораи замин ва геодезӣ — 79 ҷиноят муртабит ба 58 нафар;
сохторҳои Вазорати умури дохила — 38 ҷиноят муртабит ба 48 нафар;
ширкатҳои "Барқи Тоҷик", "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва "Шабакаҳои тақсимоти барқ" — 34 ҷиноят муртабит ба 39 нафар;
Вазорати дороӣ — 28 ҷиноят муртабит ба 3 нафар;
Вазорати дифоъ — 27 ҷиноят муртабит ба 19 нафар;
Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғл — 22 ҷиноят муртабит ба 12 нафар;
бонкҳои давлатӣ ва тиҷорӣ — 18 ҷиноят муртабит ба 30 нафар;
Вазорати адлия — 15 ҷиноят муртабит ба 6 нафар;
Хадамоти иҷро — 12 ҷиноят муртабит ба як нафар;
Мақомоти судӣ — 4 ҷиноят муртабит ба 8 нафар;
Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ — 1 ҷиноят муртабит ба 2 нафар.
Тоҷикистон аз се вилоят, аз ҷумла як вилояти худмухтор, ҳудуди 18 то 22 шаҳр (аз ҷумла пойтахт — Душанбе) ва 62 ноҳия, аз ҷумла чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе ташкил шудааст, ки ҳамагӣ тавассути мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ идора мешаванд.
Виноградники в фермерском хозяйстве Боғи Сомон в городе Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2026
"Замини ҷиноӣ": Парвандаҳои замин чанд мансабдорро гирифтор кард?
Дар кишвар, илова бар ниҳодҳои олии сиёсӣ ва қазоӣ, яъне Дастгоҳи иҷроияи Раиси ҷумҳур, Маҷлиси Олӣ, Суди Олӣ, Суди Қонуни асосӣ ва Прокуратураи генералӣ, 14 вазоратхона, 3 кумитаи давлатӣ, 10 кумитаи вобаста ба ҳукумат, 14 агентӣ, 7 хадамот, 3 Саридора ва ҳудуди 400 ширкат ва муассисаи давлатӣ фаъолият мекунанд.
Бар пояи иттилооти Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсия, дар натиҷаи 286 мавриди бозрасӣ ва баррасӣ, зиёни молӣ ба арзиши 315,9 миллион сомонӣ ошкор шуда, ки аз ин миқдор 292,2 миллион сомонӣ ба нафъи давлат ҷуброн шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар нимаи нахусти соли 2026, ин Агентӣ дар ҳамаи заминаҳои фаъолияти худ 331,4 миллион сомонӣ зарарро ошкор карда ва бо дарназардошти ҷуброни зиёни парвандаҳои соли гузашта, рӯёндани бақияҳои андоз ва ҷаримаҳои идорӣ, дар маҷмӯъ 449 миллион сомонӣ барқарор кардааст.
Наручники и долларовые купюры. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2026
Фасодзадатарин сохтори Тоҷикистон кадом аст?: Посухи мақомот
Аз ин маблағ, 349,5 миллион сомонӣ мустақиман ба буҷети давлат, 87,1 миллион сомонӣ ба ширкатҳо, созмонҳо ва муассисаҳои давлатӣ ва 12,4 миллион сомонӣ ба ниҳодҳои ғайридавлатӣ ва шаҳрвандон ихтисос дорад.
Воҳидҳои иҷрои қонуни ин Агентӣ 1321 ҷинояти муртабит бо фасод ва ҷиноятҳои иқтисодии дорои моҳияти фасод нисбат ба 711 нафар кашф кардаанд ва дар иртибот бо ин ҷиноятҳо 425 парвандаи кайфарӣ алайҳи 504 нафар ба додгоҳҳо ирсол шудааст.
Лентаи хабарҳо
0