https://sputnik.tj/20260723/fasodzadatarin-sokhtori-tojikiston-posukhi-1079160723.html
Фасодзадатарин сохтори Тоҷикистон кадом аст?: Посухи мақомот
Фасодзадатарин сохтори Тоҷикистон кадом аст?: Посухи мақомот
Sputnik Тоҷикистон
Аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон беш аз 330 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид
2026-07-23T12:41+0500
2026-07-23T12:41+0500
2026-07-23T12:41+0500
дар тоҷикистон
коррупсия
фасод
оҷонсии зидди фасод
давлатӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/16/1079155274_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_54f4a066a2683b8b6db0d5dce8e09ea8.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл – Sputnik. Мақомоти ҳукумати маҳаллӣ дар феҳристи сохторҳои фасодзадатарини Тоҷикистон пешсаф буданд.Тавре Сулаймон Султонзода, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ хабар дод, онҳо шумораи бештари қонуншиканиҳои ошкоршударо ташкил медиҳанд.Дар шаш моҳи охир ин ниҳоди давлатӣ 118 ҷиноятро ба қайд гирифтааст.Ғайр аз ин, дар феҳристи ин ниҳод ба сегонаи аввал инчунин бахши маориф бо 98 ҷиноят ва тандурустӣ бо 97 ҷиноят ҷой гирифтаанд.Ҳамагӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 аз ҷониби Агентии коррупсия дар маҷмуъ 331,4 миллион сомонӣ зарар ошкор гардидааст.Маълумот дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ мутахассисони агентӣ 286 тафтишу санҷиш гузаронида, 315,9 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд.Аз ин маблағ 292,2 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст.Ҳамзамон нисбати 940 нафар барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии вобаста ба коррупсия парванда оғоз карда шудааст.Сулаймон Султонзода гуфт, ки воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ дар шашмоҳаи якуми соли равон 1321 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсиониро ошкор намуда, 425 парвандаи ҷиноятиро нисбат ба 504 нафар барои баррасӣ ба судҳо ирсол карданд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/58361
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/16/1079155274_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_848223328aba208ef5e0870e719da669.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, коррупсия, фасод, оҷонсии зидди фасод, давлатӣ
дар тоҷикистон, коррупсия, фасод, оҷонсии зидди фасод, давлатӣ
Фасодзадатарин сохтори Тоҷикистон кадом аст?: Посухи мақомот
Аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон беш аз 330 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 23 июл – Sputnik. Мақомоти ҳукумати маҳаллӣ дар феҳристи сохторҳои фасодзадатарини Тоҷикистон пешсаф буданд.
Тавре Сулаймон Султонзода, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ хабар дод, онҳо шумораи бештари қонуншиканиҳои ошкоршударо ташкил медиҳанд.
Дар шаш моҳи охир ин ниҳоди давлатӣ 118 ҷиноятро ба қайд гирифтааст.
Ғайр аз ин, дар феҳристи ин ниҳод ба сегонаи аввал инчунин бахши маориф бо 98 ҷиноят ва тандурустӣ бо 97 ҷиноят ҷой гирифтаанд.
Ҳамагӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 аз ҷониби Агентии коррупсия дар маҷмуъ 331,4 миллион сомонӣ зарар ошкор гардидааст.
Маълумот дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ мутахассисони агентӣ 286 тафтишу санҷиш гузаронида, 315,9 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд.
Аз ин маблағ 292,2 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст.
Ҳамзамон нисбати 940 нафар барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии вобаста ба коррупсия парванда оғоз карда шудааст.
Сулаймон Султонзода гуфт, ки воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ дар шашмоҳаи якуми соли равон 1321 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсиониро ошкор намуда, 425 парвандаи ҷиноятиро нисбат ба 504 нафар барои баррасӣ ба судҳо ирсол карданд.