https://sputnik.tj/20260724/kohishi-bemorihoi-siroyatkunandai-aholi-tojikiston-1079195046.html
Коҳиши бемориҳои сирояткунандаи аҳолӣ дар Тоҷикистон
Коҳиши бемориҳои сирояткунандаи аҳолӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи мақомот шумораи бештари ҳолатҳои бемориҳои сирояткунанда дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаааст
2026-07-24T12:41+0500
2026-07-24T12:41+0500
2026-07-24T17:55+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
сироят
бемор
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/18/1079199828_0:0:3067:1725_1920x0_80_0_0_b24366a94b6418272b933877517628f4.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Дар моҳҳои январ–майи соли равон дар кишвар 9 ҳазору 614 ҳолати бемориҳои сирояткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,5% кам мебошад.Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон дар истинод ба вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар хабар додааст.Ба иттилолои вазорат, дар сохтори умумии бемориҳои сирояткунанда ҳиссаи бештар ба бемориҳои сироятии тавассути ваксина пешгиришаванда рост омада, онҳо 24,5%-и ҳамаи ҳолатҳои ба қайд гирифташударо ташкил медиҳанд.Бемориҳои рӯда бо 22,8%, гепатитҳои вирусӣ бо 18,4%, бемориҳои нозосироятии иҷтимоӣ бо 16,8% ва дигар бемориҳо бо 17,5% аз шумораи умумии бемориҳои сирояткунанда саҳм доранд.Қайд карда шудааст, ки дар давраи ҳисоботӣ аксари бемориҳои сирояткунанда тамоюли коҳиш доштаанд.Аз ҷумла, шумораи гирифторони бемориҳои шадиди рӯда 23,6%, гепатитҳои вирусӣ 5,4%, сурхча 56,9%, сулфакӯтак 59,3%, паротити эпидемӣ 40% ва бемории сил 12,5% нисбат ба панҷ моҳи соли гузашта кам гардидааст.Дар ҳамин ҳол ба иттилои манбаъ, дар баъзе намудҳои бемориҳо афзоиш ба мушоҳида шудааст.Ба иттило вазорати тандурустӣ, ҳолатҳои гирифторӣ ба гепатити музмин, обакон ва баъзе бемориҳои паразитарӣ зиёд шудаанд, ки зарурати тақвияти чораҳои пешгирикунанда ва назорати эпидемиологиро тақозо менамояд.“Аз рӯи минтақаҳо, шумораи бештари ҳолатҳои бемориҳои сирояткунанда дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуда, дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон низ нисбат ба соли гузашта коҳиш мушоҳида мешавад”, - қайд кардааст вазорати тандурустӣ.
https://sputnik.tj/20260709/afriqo-afghoniston-tojikiston-bemorii-malyariya-1078871217.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/18/1079199828_322:0:3051:2047_1920x0_80_0_0_b81cbe3881f9e0f2d09708f6d967de6d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, тандурустӣ, сироят, бемор, омор
дар тоҷикистон, тандурустӣ, сироят, бемор, омор
Коҳиши бемориҳои сирояткунандаи аҳолӣ дар Тоҷикистон
12:41 24.07.2026 (Навсозишуда: 17:55 24.07.2026) Ба гуфтаи мақомот шумораи бештари ҳолатҳои бемориҳои сирояткунанда дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаааст
ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Дар моҳҳои январ–майи соли равон дар кишвар 9 ҳазору 614 ҳолати бемориҳои сирояткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,5% кам мебошад.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон дар истинод ба вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар хабар додааст.
Ба иттилолои вазорат, дар сохтори умумии бемориҳои сирояткунанда ҳиссаи бештар ба бемориҳои сироятии тавассути ваксина пешгиришаванда рост омада, онҳо 24,5%-и ҳамаи ҳолатҳои ба қайд гирифташударо ташкил медиҳанд.
Бемориҳои рӯда бо 22,8%, гепатитҳои вирусӣ бо 18,4%, бемориҳои нозосироятии иҷтимоӣ бо 16,8% ва дигар бемориҳо бо 17,5% аз шумораи умумии бемориҳои сирояткунанда саҳм доранд.
Қайд карда шудааст, ки дар давраи ҳисоботӣ аксари бемориҳои сирояткунанда тамоюли коҳиш доштаанд.
Аз ҷумла, шумораи гирифторони бемориҳои шадиди рӯда 23,6%, гепатитҳои вирусӣ 5,4%, сурхча 56,9%, сулфакӯтак 59,3%, паротити эпидемӣ 40% ва бемории сил 12,5% нисбат ба панҷ моҳи соли гузашта кам гардидааст.
Дар ҳамин ҳол ба иттилои манбаъ, дар баъзе намудҳои бемориҳо афзоиш ба мушоҳида шудааст.
Ба иттило вазорати тандурустӣ, ҳолатҳои гирифторӣ ба гепатити музмин, обакон ва баъзе бемориҳои паразитарӣ зиёд шудаанд, ки зарурати тақвияти чораҳои пешгирикунанда ва назорати эпидемиологиро тақозо менамояд.
“Аз рӯи минтақаҳо, шумораи бештари ҳолатҳои бемориҳои сирояткунанда дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуда, дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон низ нисбат ба соли гузашта коҳиш мушоҳида мешавад”, - қайд кардааст вазорати тандурустӣ.