https://sputnik.tj/20260709/afriqo-afghoniston-tojikiston-bemorii-malyariya-1078871217.html
Шаҳрвандони Африқо ва Афғонистон ба Тоҷикистон бемории малярия оварданд
Шаҳрвандони Африқо ва Афғонистон ба Тоҷикистон бемории малярия оварданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар нимсолаи аввал дар ҷумҳурӣ шаш ҳолати бемории малярия миёни шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст
2026-07-09T11:41+0500
2026-07-09T11:41+0500
2026-07-09T11:41+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
сироят
вируси нав
африқо
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/0f/1077567932_0:268:3073:1996_1920x0_80_0_0_c259f0cf913a30bac4e9106be6f0502c.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар Тоҷикистон сатҳи гирифторӣ ба аксари бемориҳои сироятӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст.Дар ин бора муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Саломиддин Юсуфзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.Вай афзуд, ки вазъи эпидемиологӣ нишон медиҳад, ки дар пайи татбиқи чораҳои пешгирӣ, ташхис ва маҳдудкунӣ шумораи гирифторон ба як қатор бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сурхча, кабудсулфа, гепатити вирусии навъи "А", сил, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, илтиҳоби шуш ва як қатор дигар бемориҳо коҳиш ёфтааст.Дар ҳамин ҳол, масъулини вазорати тандурустӣ аз афзоиши баъзе бемориҳо, аз ҷумла лейшманиёз ва малярия хабар дод.Ба иттилои Саломиддин Юсуфзода, дар нимсолаи аввал 7 ҳолати бемории малярия ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 6 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва як нафар шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд.Ин афрод аз кишварҳои қитъаи Африқо ва Афғонистон вориди ҷумҳурӣ шудаанд.Инчунин, дар ин давра афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ ба баъзе намудҳои гепатити вирусӣ ва менингит низ ба мушоҳида расидааст.Ба гуфтаи масъулони соҳа, вазъи эпидемиологии кишвар таҳти назорати доимӣ қарор дошта, барои пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ тадбирҳои зарурии санитариву эпидемиологӣ ва эмгузаронӣ мунтазам амалӣ карда мешаванд.
https://sputnik.tj/20260513/vazorati-tandurursti-tojikiston-khantavirus-1077513129.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/0f/1077567932_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_b0203850754e41ec49b6a96c009a57f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, тандурустӣ, сироят, вируси нав, африқо, афғонистон
дар тоҷикистон, тандурустӣ, сироят, вируси нав, африқо, афғонистон
Шаҳрвандони Африқо ва Афғонистон ба Тоҷикистон бемории малярия оварданд
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар нимсолаи аввал дар ҷумҳурӣ шаш ҳолати бемории малярия миёни шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар Тоҷикистон сатҳи гирифторӣ ба аксари бемориҳои сироятӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Саломиддин Юсуфзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Вай афзуд, ки вазъи эпидемиологӣ нишон медиҳад, ки дар пайи татбиқи чораҳои пешгирӣ, ташхис ва маҳдудкунӣ шумораи гирифторон ба як қатор бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сурхча, кабудсулфа, гепатити вирусии навъи "А", сил, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, илтиҳоби шуш ва як қатор дигар бемориҳо коҳиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, масъулини вазорати тандурустӣ аз афзоиши баъзе бемориҳо, аз ҷумла лейшманиёз ва малярия хабар дод.
Ба иттилои Саломиддин Юсуфзода, дар нимсолаи аввал 7 ҳолати бемории малярия ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 6 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва як нафар шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд.
Ин афрод аз кишварҳои қитъаи Африқо ва Афғонистон вориди ҷумҳурӣ шудаанд.
Инчунин, дар ин давра афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ ба баъзе намудҳои гепатити вирусӣ ва менингит низ ба мушоҳида расидааст.
Ба гуфтаи масъулони соҳа, вазъи эпидемиологии кишвар таҳти назорати доимӣ қарор дошта, барои пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ тадбирҳои зарурии санитариву эпидемиологӣ ва эмгузаронӣ мунтазам амалӣ карда мешаванд.