Партизан, маҳбуси сиёсӣ, мусаввир: ҳаёт ва фаъолияти Ашӯр Ҳайдаров
16:50 21.07.2026 (Навсозишуда: 18:02 21.07.2026)

© Sputnik
Обуна шудан
Эксклюзив
Имсол 110-солагии ин рассоми барҷастаро қайд карда мешавад, аммо расмҳои ӯ барои насли ҳозира тасвири дурахшони таърихи тоҷик боқӣ мемонанд
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Намоиши "Таърихи бо мӯқалам кашидашуда" дар Осорхонаи миллии Душанбе кушода шуд. Он ба 110-солагӣ аз рӯзи мавлуди Рассоми шоистаи ҶШС Тоҷикистон ва рассоми халқии Тоҷикистон Ашӯр Ҳайдаров бахшида шудааст.
Бо вуҷуди мақоми баланди ӯ дар байни зиёиёни шӯравӣ, зиндагии Ҳайдаров хеле мураккаб ва ғайриоддӣ буд ва роҳи эҷодии ӯ ҳатто дар солҳои пурҷӯши Шӯравӣ нисбат ба аксари ҳамкоронаш хеле дурахшонтар буд.
Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар асорати фашистон афтида буд ва тавонист ҷониби партизанҳо фирор кунад ва интиқом гирад, беадолатона ба "душманиихалқ" муттаҳам карда шуду чанд солро дар урдугоҳҳои сталинӣ сипарӣ кард, аммо ҳатто дар давраи бозсозиву фурӯпошии ИҶШС аз мақоми зиддишӯравӣ будан худдорӣ кард. Дар бораи ҳаёти Ашӯр Ҳайдаров дар ин мақолаи Sputnik Тоҷикистон хонед.
Аз анъана то инқилоб
Рассоми оянда соли 1916 дар Самарқанд, пеш аз Инқилоби феврал ва ҷанги шаҳрвандии баъд аз он рухдода, таваллуд шуда буд. Ба қавли аъзоёни оилааш, муҳаббати Ашӯр Ҳайдаров ба расмкашӣ дар кӯдакӣ ба шарофати модараш пайдо шудааст. Рӯзе писар ба ӯ дар кашидани нақшҳои сӯзанӣ кӯмак кард ва аз он вақт, ӯ дигар ба ҷуз аз санъати тасвирӣ дигар фикре намекард.
Аммо, падар ва бобои ӯ ба истеъдоди мусаввири ҷавон шубҳа доштанд. Оила бо гӯштфурӯшӣ рӯзӣ мегузаронд ва миёнаҳол буд, аз ин рӯ, мардони калонсолон исрор мекарданд, ки барои ҷавон таҳсилоти "шоиста" дода шавад, ки барои "пеш рафтан" ба ӯ кӯмак кунад. Албатта, санъат дар ҷомеаи кӯҳнапарасти исломӣ чунин самт ҳисобида намешуд.

Ашур Хайдаров. "Худжум. Наступление"
© Sputnik
Аммо Ашӯр Ҳайдаров, ки дар миёни рӯйдодҳои инқилобӣ ва тағйироти куллии иҷтимоӣ ба воя расида буд, худаш аз рӯи меъёрҳои оилаи муҳофизакори худ равиши инқилобӣ ва радикалӣ пеш гирифт. Бар хилофи хоҳиши бобо ва падараш, ин ҷавони 14-сола аввал ба коллеҷи рассомӣ ва чанд сол пас, ба шӯъбаи рассомии Коллеҷи рассомии Самарқанд дохил шуд. Дар он давра, санъат роҳи реализми сотсиалистиро пеш гирифт, аз ин рӯ, рассомии иҷтимоӣ, таърихӣ ва воқеӣ барои Ҳайдаров, ҳамчун шоҳиди чунин тағйироти васеъ ва бузург дар Осиёи Марказӣ, ки мардуми минтақа аз замони истилои араб аз сар нагузаронида буданд, як жанри беҳтарин буд.
Ҳайдаров барои асарҳояш камбуди мавзӯъ надошт. Ӯ бо одамоне, ки дар ҳуҷум ба Бухорои амирӣ иштирок доштанд, сӯҳбат карда буд, давраи душвори "ҳуҷума"-ро, ки занон фаранҷиҳои худро дар марказҳои шаҳр мепартофтанд ва месӯзонданд дида буд, шоҳиди он буд, ки чандин нафар аз онҳо баъдтар аз ҷониби хешовандони мутаассиб кушта шудаанд. Аллакай дар солҳои балоғат, ӯ шоҳиди мубориза бо босмачиён буд, ки ба ин мавзӯъ ҳадди аққал 10 мусаввара бахшида буд.
Толеъи Ҳайдаров аз устодон низ баланд буд: муаллимони ӯ рассомони шоистаи Ӯзбекистон Павел Бенков, Зинаида Ковалевская, Лев Буре ва якчанд рассомони боистеъдоди дигар буданд. Соли 1939 Ҳайдаров дар Театри драмавии русии ҶШС Ӯзбекистон ҳамчун тарроҳи намоишнома ба кор шурӯъ кард, аммо ба зудӣ ҳамчун узви комсомол ба рӯзномаи минтақавии "Ленин йулӣ" (ба забони узбекӣ "Роҳи Ленин") фиристода шуд, ки дар он ҷо то соли 1941- соли оғози ҷанг, кор кард.
Асорат, ғалаба, урдугоҳҳо
Моҳи августи соли 1941 рассоми ҷавон ихтиёрӣ ба фронт рафт. Аммо тирамоҳи соли 1942 ӯ аз ҷониби немисҳо асир гирифта шуд ва то моҳи майи соли 1944 дар асорат монд, то даме, ки як гурӯҳи 40-нафараи маҳбусон, аз ҷумла Хайдаров, тавонистанд фирор кунанд.
Зани лаҳистонӣ сарбози вазнин маҷрӯҳшудаи Артиши Сурхро нигоҳубинӣ мекунад ва Ашӯр Ҳайдаров, аз захмҳояш шифо ёфта, ба ҷанг баргашт ва аввал ба отряди партизании Ковпак ва баъдан ба отряди партизании ба номи Будённий ҳамроҳ шуд. Рассом ниҳоят аз фашистон интиқом гирифт: гурӯҳи тахрибкоре, ки ӯ узви он буд, моҳи июли соли 1944 ду қатораи олмониро дар шоҳроҳи Люблин-Зимботитси тарконд ва сипас пеш аз ҳамлаи қатъии Артиши Сурх ба самти ғарб якчанд амалиёти муваффақонаи дигарро анҷом дод. Дар ниҳоят, рассом соли 1945 ба Берлин расид ва дар айни замон дар лаҳзаҳои ками байни муҳорибаҳо ба кашидани расмҳои рафиқонаш машғул мешуд.

Ашур Хайдаров. "Последний бек"
© Sputnik
Баъди анҷоми ҷанг, Ҳайдаров ба хона баргашт ва ба машғулиятҳои маъмулии рассомии худ давом дод. Аммо, ҳаёти ороми ӯ дер давом накард. Охири солҳои 1940, дар Иттиҳоди Шӯравӣ мавҷи нави саркӯбҳо оғоз ёфт ва Ашӯрро дар истгоҳи роҳи оҳан бо яке аз расмҳояш боздошт карданд. Ва ҳамин тавр, иштирокчии ҷанг ва раиси Иттифоқи рассомони Самарқанд, ки бо ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ мукофотонида шуда буд, ба Карлаг - лагери меҳнатии ислоҳии Қарағанда, яке аз бузургтарин лагерҳои ислоҳии ГУЛАГ интиқол дода шуд.
Ҳангоми бозпурсӣ ӯ ростқавлона ҷавоб медод, ки немисҳо кӯшиш карданд, ки ӯро ба Легиони Туркистон ҷалб кунанд, баъдан ӯ, мисли 39 сарбозе, ки бо ӯ фирор карданд, маҷбур шуд, ки ҳаётро интихоб кунад ва дар аввал хатҳои роҳи оҳанро дар Люблин бо фармони немисҳо посбонӣ кунад. Аммо ӯ аз гузаштан ба легиони фашистӣ худдорӣ кард ва маҳз дониши ӯ дар бораи роҳи оҳан дар минтақа баъдан ӯро дар тахрибкориҳои партизанӣ ва ҷамъоварии маълумоти иктишофии дар бораи ҳаракатҳои нерӯҳои Олмон муваффақ кард.
Бояд гуфт, ки ҳатто дар Карлаг, рассом рӯҳафтода нашуд ва эҷодкориро идома дод. Дар ҳамин давраи душвор ӯ беҳтарин портретҳои худро бо услубҳои графикӣ ва акварелӣ офаридааст. Соли 2003 хешовандони Ҳайдаров 104 расми беназиреро, ки ӯ дар маҳбас кашида буд, ба осорхонаи Алмаато тақдим карданд. Барои бисёре аз оилаҳое, ки хешовандонашон низ таъқиб шуда буданд, ин ягона ва равшантарин шаҳодати саҳифаҳои пинҳоншудаи таърихи оилаи онҳо буд.

Ашур Хайдаров. Портреты узников Карлага и автопортрет (в центре)
© Sputnik
Соли 1955, дар доираи раванди сафедкунии маҳбусони сиёсӣ, Ҳайдаров бегуноҳ эътироф гардид ва аз сабаби "набудани далелҳои ҷиноят" озод ва ҳуқуқҳояш барқарор карда шуд. Аҷибаш он аст, ки Ашур, мисли бисёре аз чеҳраҳои эҷодии ИҶШС, ки аз урдугоҳҳои сталинӣ наҷот ёфтанд, метавонист роҳи нависанда ва барандаи ҷоизаи Нобел Александр Солженитсинро интихоб кунад, ки низ аз ҷанг баргашта, аз соли 1945 то 1953 дар урдугоҳҳои Гулаг, инчунин дар Қазоқистон, адои ҷазо кардааст. Яъне, ӯ метавонист ба яке аз бадбинони идеологии режими шӯравӣ ва мунтақиди доимии иттиҳоди шӯравӣ аз хориҷа табдил ёбад.
Ба ҷои ин, роҳи Ҳайдаров бештар ба саргузашти нависандаи машҳур ва маҳбуси сиёсии дигар, Варлам Шаламов, ки қариб 20 солро дар урдугоҳҳо сипарӣ кард, аз тарк кардани кишвар худдорӣ намуд ва сарфи назар аз ҳукми ноодилона аз ватан ва давлати худ даст накашид, монанд буд.
Дар урдугоҳҳо, рассом дилсард нашуд ва аз ин рӯ, истеъдоди эҷодии худро, ки ба ӯ маъруфият овард, нигоҳ дошт. Ба гуфтаи таърихшинос Лариса Додхудоева, пас аз боздошташ, бародари калонии ӯ, ки дар Самарқанд мақоми намоёни ҳизбиро ишғол мекард, маҷбур шуд, ки аз ӯ ҳамчун аз "душмани халқ" даст кашад. Аммо Ашӯр нисбат ба ӯ кина нагирифт, ӯ ба ҳамсараш дар дафни ӯ кӯмак кард ва ду ҷиянашро ба Душанбе оварда, онҳоросоҳибмаълумот намуд.
Солномаи таърих бо рангҳо
Аз миёнаҳои солҳои 1950-ум, ҳаёти рассом бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ дошт ва маҳз дар ҳамин ҷо тамоми истеъдоди ӯ зоҳир шуд. Ӯ ҳамчун рассоми маҷаллаи машҳури ҳаҷвии "Хорпуштак" кор мекард, аммо ба эҷоди расмҳои бузург бо услуби реализми сотсиалистӣ идома медод.
Офаридани машҳуртарин асарҳояш ба марҳилаи аз охири солҳои 1950 то аввали солҳои 1980-ум рост меояд. Баъзе аз онҳо ба мавзӯъҳое бахшида шудаанд, ки Хайдаров аз ҷавониаш ба онҳо ошно буд: барпошавии ҳокимияти шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ, мубориза бо босмачиён ва тарки ҳиҷоб.

Ашур Хайдаров. "Снятие паранджи"
© Sputnik
Таассуроти тағйироти бузурге, ки ҷомеаро дар солҳои 1920 такон доданд, дар хотираи рассом абадан нақш бастанд ва дар расмҳои ӯ ба таври равшан таҷассум ёфтанд. Масалан, 8 марти соли 1927 дар Самарқанд ӯ шоҳиди он шуд, ки занон ҷони худро зери хатар гузошта, фаранҷию бурқаро мепартофтанд ва чеҳраҳои худро мекушоданд.
Баъдтар, дар хотираҳояш, ӯ ин далели таърихиро бо тафсилоти зиёд тавсиф кард ва модар ва хоҳари худро мисол овард, ки бо вуҷуди таҷовузи намояндагони ҷомеаи "кӯҳна" тасмим гирифтанд, ки амали монандро анҷом диҳанд.
Дар расмҳои Ҳайдаров саҳнаҳои воқеии марбут ба мурофиаи гурӯҳи "Амирча" ва интиқоли раҳбари босмачиён Иброҳим Бек дар Самарқанд дар соли 1931 тасвир шудаанд.

Ашур Хайдаров. "Рудаки среди земляков"
© Sputnik
Аммо, агар осори рассом танҳо ба давраи шӯравӣ маҳдуд мебуд, ӯ дар Тоҷикистон ин қадар васеъ эътироф ва маҳбуб намешуд. Ҳайдаров бо асарҳои аҷибе, ки ба шахсиятҳои барҷастатарини таърихӣ бахшида шудаанд, ба монанди "Вохӯрии Абӯалӣ Сино бо олимони Ҳамадон" ва яке аз асарҳои машҳуртарини ӯ "Рӯдакӣ дар байни ҳамватанонаш" маъруф аст.

Ашур Хайдаров. Портреты деятелей искусства и тружеников Таджикистана и автопортрет (1997)
© Sputnik
Ӯ инчунин як силсила портретҳои рассомони машҳури ҶШС Тоҷикистонро офаридааст. Маҳз истеъдод ва меҳнати беандозааш буд, ки Ҳайдаров ҳам аз ҷониби ҳамкорон ва ҳам аз шаҳрвандони оддӣ эътироф шуд ва аввал ӯ саррассом ва баъдтар раиси раёсати Бунёди санъати Тоҷикистон интихоб шуд.
Аҷибаш он аст, ки ӯ дар тӯли солҳо мисли бисёре аз дигар намояндагони зиёиёни эҷодии шӯравӣ "андешаашро тағйир надод" ва ҳатто дар давраи бозсозӣ, вақте ки реализми сотсиалистӣ жанри "кӯҳнашуда" ҳисобида мешуд ва танқиди низоми шӯравӣ дигар дар доираҳои эҷодӣ барои обрӯи "диссидент" пайдо кардан ва таваҷҷӯҳи тамошобинони ғарбро ҷалб карданистиқбол мешуд, бо сабки хоси худ эҷод мекард.

Ашур Хайдаров. "Подвиг Алиакбара Абдурахманова"
© Sputnik
Ҳамин тариқ, баъзе аз асарҳои Ҳайдаров, ки ба Тоҷикистони шӯравӣ бахшида шуданд, дар нимаи дуюми солҳои 1980-ум, вақте ки барои ситоиши Иттиҳоди Шӯравӣ ягон ҷоиза ё мукофот дода намешуд, офарида шудаанд.
Дар охири умраш ҷанг бори сеюм, ин дафъа дар зодгоҳаш дар зиндагии мусаввир роҳ ёфт. Ҳайдаров яке аз чанд рассомоне буд, ки ба ҳодисаҳои низои хунини низомӣ дар Тоҷикистон (1992-1997) вокуниш нишон дод. Соли 1993, дар авҷи ҷангҳо, ӯ расми "Ғаму андӯҳи модар"-ро кашид, ки нашри он дар ВАО бо муроҷиати шахсии ӯ ба ҳамватанонаш барои ба худ омадан ҳамроҳ буд. Дар расм ҷасади беҷони писар сари зонуи модараш тасвир шудааст, ки аз талафоти ҷуброннопазир ғамангез аст.
Рассом то рӯзҳои охирини умраш дар соли 1998 фаъолият дошт. Манзараи нотамоми зодгоҳаш- шаҳри Самарқанд дар тахтаи рассомии ӯ дар устохонааш боқӣ монд. Аммо мероси рассом фаромӯш нашудааст — илова бар даҳҳо шогирдоне, ки дар заминаи асарҳои ӯ ба воя расидаанд, расмҳои Ҳайдаров дар осорхонаҳои санъати тасвирии шаҳрҳои Омск, Нижний Новгород ва Воронеж, инчунин дар Дирексияи намоишгоҳҳои санъати Маскав, осорхонаи Алмаато ва коллексияҳои шахсӣ нигоҳ дошта мешаванд.


