"Композитори тоҷики сатҳи ҷаҳонӣ": Дар Маскав консерти Толибхон Шаҳидӣ бошукӯҳ гузашт

© Sputnik / Стас ЭтвешТолибхон Шахиди в кабинете Союза композиторов
Толибхон Шахиди в кабинете Союза композиторов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2026
Обуна шудан
Эксклюзив
Шоми эҷодии Толибхон Шаҳидӣ аз рисолати бузурги мусиқӣ - ба ҳам овардани халқу миллатҳои гуногун бо роҳи омезиши зебои мусиқии Ғарбу умқияти дарки шарқиёна қисса мекард
ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Дар Толори бузурги Консерваторияи ба номи П.И Чайковскийи Маскав 13 март ба муносибати 80-солагии оҳангсози маъруфи тоҷик Толибхон Шаҳидӣ консерти ҷашнӣ баргузор шуд.
Дар консерт, ки таҳти раҳбарии дирижёри машҳур, Ҳунарманди мардумии Русия Валерий Гергиев, ки 40 сол боз бо Шаҳидӣ дӯстию ҳамкорӣ доранд, асарҳои машҳури оҳангсози тоҷик бо оркестри синфонии ду театри Маскав - Театри Бузург ва Мариинский навохта шуданд.
Ба табрикоти ҳунарманд устодону шогирдон ва фарҳангиёни шаҳри Маскав аз ҳисоби намояндагони миллатҳои гуногун ва албатта, аҳли хонаводаи оҳангсоз омада буданд.
Лера Кудрявсева - муҷрии барномаҳои телевизион ва сарояндаи машҳури Русия, ки яке аз меҳмонони шом буд, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, мусиқии Шаҳидӣ давои дардҳо аст.

"Ман бо исрори зиёд аз Табрез Шаҳидӣ, ки дӯсти ман ва мудири консертии ман аст, даъватнома дарёфт кардам ва бовар дорам, ки дар ин шом беҳтарин мусиқии давобахш садо хоҳад дод", - гуфт ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ин консет барои тоҷикони муқими Маскав маънии дигар дошт. Ҳар кас аз он ифтихор дошт, ки миллати бузурги тоҷик чунин фарзанди ҳунарманди сатҳи ҷаҳонӣ дорад.
Ба гуфтаи Раиса Серебрякова, ки беш аз 30 сол боз муқими Маскав ҳасту солҳои ҷавонияш дар Тоҷикистон гузаштааст, ин консерт барояш маънии бозгашт ба он солҳои зебои ҳаётро дорад.
"Ман аз хурдсолӣ таҳти оҳангҳои хонаводаи Шаҳидӣ аввал Зиёдулло ва акнун Толибхон бузург будам. Вақте хабар ёфтам, ки ин ҷо консерти Толибхон мешавад, давида ба касса рафтам, ки аллакай чиптаҳо тамом шудаанд. Хеле ғамгин шудам, вале баъд дӯстам ба ман даъватнома дарёфт кард ва ман омадам", - қисса кард ӯ ба Sputnik Тоҷикистон.
Барномаи консертӣ бо рагаи симфонии "Тоҷ - Маҳал", ки оҳангсоз онро ба завҷааш - рӯзноманигор ва нависандаи номдор Гулсифат Шаҳидӣ, бахшидааст, оғоз шуд.
Толибхон ва Гулсифат, ки беш аз 50 сол боз ҳамсафари зиндагиянд, соҳиби се писар - Табрез, Ҳофиз ва Фирдавс мебошанд. Гулсифат Шаҳидӣ дар баробари чунин шуҳрату маъруфияти худ ва ҳамсараш, муносибати оилавиро дар мақоми аввал мегузорад.
"Фарзандони мо дастоварди бузургтарини мо дар зиндагӣ ҳастанд. Ман орзу дорам, ки Толибхон садсола шаванд", - гуфт Гулсифат дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Дар оғози консерт, ҳамкурси Толибхон Шаҳидӣ ва ҳамкори ӯ Максим Дунаевский аз ҳунари волои Шаҳидӣ қисса кард. Ӯ аз солҳои донишҷӯияшон ёдовар шуда, гуфт, ки намояндагони ҳар миллатро бо шухӣ - классики мусиқии ин ё он миллат унвон мекарданд.

"Ва дар воқеъ чунин ҳам шуд, Толибхон классики мусиқии тоҷик шуд, чун падараш, ки асосгузори мусиқии классикии тоҷик аст. Шаҳидӣ на танҳо оҳангсози тоҷик, - ӯ оҳангсози ҷаҳонӣ аст. Аҷиб ин аст, ки мусиқии Шаҳидӣ гуногунранг аст. Ӯ дар баробари оҳангсози классикӣ будан бемуҳобо оҳангсози муосир аст. Ӯ истеъдоди баланд дорад", - гуфт Максим Дунаевский дар оғози консерт.

Шаҳидӣ дар ҳамаи жанрҳои мусиқӣ - симфонӣ, опера, балет, театрӣ ва барои филмҳо, асарҳо эҷод кардааст. Дар консерт ҳамчунин, асарҳои овозии "Нокомилии замони мо..." бар асоси шеърҳои Поля Валери ва шоири ҷопонӣ Рёкан; "Рақсҳои табассум", Консерти дуюми фортепиано; порчаҳо аз балетҳои "Рақсҳои симфонӣ" ва шеъри симфонии "Садо" навохта шуданд.
Асари симфонии "Дариус", дар барнома мақоми махсус дошт. Чун он ба Гергиев бахшида шудааст ва ҳамчун рамзи дӯстии ду оҳангсози машҳур мебошад.
Шоми эҷодии Толибхон Шаҳидӣ аз рисолати бузурги мусиқӣ - ба ҳам овардани халқу миллатҳои гуногун бо роҳи омезиши зебои мусиқии Ғарбу умқияти дарки шарқиёна қисса мекард.
"Асарҳои Толибхон Шаҳидӣ дар мағзи сари одам образ меофарад. Ин мусиқиест, ки касро ба ҷаҳони дигар мебарад. Дар хаёлоти парвоз кас дар фазои гуногунранг гоҳо бо боду борону гоҳе оғуштаи садои булбул худро дармеёбад. Ҳамин аст, бузургии оҳангсоз ва мусиқӣ, ки кас тариқи он ба дунёи доимь рощ меёбад", - изщори андеша кард ровии барномаҳои телевизиони "Первый канал", Ирина Алькова.
Шоми эҷодии Толибхон Шаҳидӣ таҷассумгари қувваи бузурги мусиқӣ ва ҳунари волои оҳангсози тоҷики сатҳи ҷаҳонӣ буд, ки ҳар як оҳанги ӯ бо қарсакҳои пурмавҷи ҳаводорони ҳунар истиқбол шуд.

Шарҳи ҳол

Толибхон Шаҳидӣ 13 марти соли 1946 дар Душанбе дар хонаводаи асосгузори муқикии классикии тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ ба дунё омадааст.
Толибхон аз синни 14-солагӣ ба мусиқӣ машғул шуд ва пианино менавохт. Сипас, ӯ Коллеҷи мусиқии Душанберо хатм кард.
Пас аз хатми коллеҷ, Толибхон ба Консерваторияи давлатии Чайковскийи Маскав дохил шуд. Соли 1972 ӯ ин муассисаи маъруфи ҳунариро зери раҳбарии устоди мусиқӣ Арам Хачатурян хатм кард.
Аз соли 1972 то имрӯз, Толибхон Шаҳидӣ дар фестивалҳои гуногуни мусиқӣ иштирок кардааст.
Таджикские девушки танцуют на сцене - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2026
"Консерти рекордӣ": маълум шуд Наврӯз - 2026 дар Маскав чӣ гуна таҷлил мешавад
"Завқ, ақл ва касбият се арзиши асосии мусиқии муосир мебошанд". Ин афоризм, ки аз ҷониби оҳангсоз гуфта шудааст, ба равиши эҷодии худи ӯ комилан мувофиқат мекунад.
Толиб Шаҳидӣ намунаи нодири оҳангсози бисёрҷониба мебошад, ки аз захираҳои ғании мусиқии анъанавии шарқии минтақаи худ истифода мебарад.
Дар соли 2008, ӯ барои мусиқии филми "Аспи дупоя" ҷоизаи Ҷорҷ Делерюро гирифтааст.
Толибхон Шаҳидӣ - Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, Ҷоизадори Озмуни байналмилалии мусиқии муосир дар Гласборо, Ню Ҷерси, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Дорандаи медали тиллоии Иттифоқи оҳангсозони Маскав (2012). Ҷоизадори Фестивали байналмилалии филмҳо дар Белгия ва ордени "Нишони фахрӣ" мебошад.
Оиладор соҳиби се писар. Ҳамсараш Гулсифат Шаҳидӣ - рӯзноманигори машҳур ва нависандаи муваффақ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0