Дар Душанбе намоишгоҳи расмҳои Ашӯр Ҳайдаров ифтитоҳ ёфт- видео

Обуна шудан
Рассоми тоҷик, бо расмҳои дар мавзӯъҳои таърихии марбут ба давраи асримиёнагии халқҳои гуногун машҳур аст
Осорхонаи миллии Тоҷикистоон дар Душанбе намоиши "Кисть, оживившая историю"(Кисте, ки таърихро эҳё кард)-ро баргузор намуд, ки ба 110-солагии зодрӯзи Рассоми халқии Тоҷикистон — Ашӯр Ҳайдоаров бахшида шуда буд.
Дар намоиш беш аз 33 асари рассомӣ ва 40 кори графикии ӯ аз ҷумлаи шоҳасарҳояш ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Ин рассоми барҷастаи тоҷик бо расмкашӣ дар бораи таърихи асримиёнагии форсӣ ва Тоҷикистони Шӯравӣ машҳур аст.
Дар экспозитсия чунин мусаввараҳои мондагори ӯ ба монанди "Рудаки среди земляков", "Мушфики в Бухаре" ва "Встреча Авицены с учеными из Хамадана" пешкаши дӯстдорони санъат гардонида шуданд.
Коргардони тоҷик дар Фестивали филмҳои Авруосиё - 2026 ҷоиза гирифт
Намоиш аз 17-уми июл то 4-уми августи соли 2026 дар толорҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон идома меёбад
Ашӯр Ҳайдаров (1916–1998) яке аз асосгузорони мактаби миллии тасвирии тоҷик, иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва рассоми деринаи маҷаллаи ҳаҷвии "Хорпуштак" буд. Асарҳои ӯ дар ганҷинаи осорхонаҳои кишварҳои мухталиф ҳифз мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0