Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Мирошник: Киев бинобар нокомиҳо дар майдони ҷанг ҳамлаҳоро шаҳрвандон одӣ афзоиш додааст

© Sputnik / Таисия Воронцова / Гузариш ба медиабонкПоследствия обстрела ВСУ кондитерской фабрики в Горловке.
Последствия обстрела ВСУ кондитерской фабрики в Горловке.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2026
Обуна шудан
Сафири вижаи Вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, ки Киев бинобар нокомиҳо дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ ҳамлаҳоро ба шаҳрвандони осоишта афзоиш додааст
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Киев, дар пасманзари нокомиҳои Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина, ҳамлаҳоро ба ҳадафҳои ғайринизомӣ дар Русия афзоиш додааст.
Дар ин бора сафири вижаи Вазорати корҳои хориҷии Русия Родион Мирошник ба РИА “Новости” хабар додааст.
Ба гуфтаи вай, ин ҳамлаҳо боиси афзоиши талафот миёни шаҳрвандони осоишта гаштааст.
"Дар тӯли ҳафтаи охир шумораи шаҳрвандони осоишта дар Русия, ки дар ҳамлаҳои фашистони украинӣ маҷрӯҳ шудаанд, ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Киев, ки дар ҷабҳаи низомӣ бохт, кӯшиш кардааст, ки қобилиятҳои худро ба ҳамлаҳои террористӣ ба ҳадафҳои ғайринизомии Русия равона кунад", - гуфта мешавад дар гузориш.
Флаги Украины и США у здания Капитолия в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар ИМА оид ба музокироти Украина изҳороти пурсарусадое карданд
Тибқи гузориш, танҳо дар ҳафтаи гузашта дар ҳамлаҳои Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина 433 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Оқои Мирошник қайд кард, ки дар гузориши қаблии худ дар бораи 312 талафот дар ин ҳафта хабар дода буд.
Лентаи хабарҳо
0