Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дар ИМА оид ба музокироти Украина изҳороти пурсарусадое карданд

© AP / J. Scott ApplewhiteФлаги Украины и США у здания Капитолия в Вашингтоне
Флаги Украины и США у здания Капитолия в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2026
Обуна шудан
Мушовири собиқи президенти ИМА гуфт, барои аз қудрат дур кардани Зеленский ба Украина сулҳ лозим аст
ДУШАНБЕ, 20 июл - Sputnik.Стив Кортес, мушовири собиқи президенти ИМА Доналд Трамп, гуфт, ки сулҳи дар рафти музокирот бадастомада дар Украина Владимир Зеленскийро аз қудрат дур мекунад.
"Украина ба сулҳи музокиротӣ ниёз дорад ва баъдан интихоботе баргузор мешавад, ки ин худкомаи фасодзадаро иваз мекунад ва вобастагии ноодилона аз андозсупорандагони амрикоӣ хотима меёбад", шарҳ дод ӯ моҷарои сиёсӣ Украинаро дар шабакаи иҷтимоии X.
Ҳафтаи гузашта Зеленский тасмим гирифт, ки ҳукумати худро бори дигар иваз кунад. Парлумони кишвар сарвазир Юлия Свириденкоро ҳамроҳ бо тамоми кобина, аз ҷумла вазири дифоъ Михаил Федоров, аз вазифа барканор кард.
Ба гуфтаи вакили парлумон Ярослав Железняк, ӯро ба ноком шудани ислоҳоти комиссариатҳои ҳарбӣ муттаҳам карданд.
Нефтехранилище Каспийского трубопроводного консорциума (КТК-Р) в Краснодарском крае.   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Украина ба як терминали калидии сӯзишвории Қазоқистон ҳамла кард
Дар ин замина, дар Киев ва дигар шаҳрҳо гирдиҳамоиҳо барои дастгирии собиқ мансабдор ва бар зидди сарфармондеҳи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина Александр Сирский баргузор мешаванд. Вазири нави дифоъ ҳанӯз таъйин нашудааст.
Зеленский Евгений Хмара, сардори муваққати Хадамоти амнияти Украинаро ба вазифаи муваққатии вазири дифоъ таъйин кард.
Лентаи хабарҳо
0