https://sputnik.tj/20260721/hasht-hazor-mahbusi-afvshuda-zindonho-tojikiston-1079127349.html
Беш аз ҳашт ҳазор маҳбуси афвшуда аллакай аз зиндонҳои Тоҷикистон баромаданд
Беш аз ҳашт ҳазор маҳбуси афвшуда аллакай аз зиндонҳои Тоҷикистон баромаданд
Sputnik Тоҷикистон
Озодкунии маҳкумшудагон тибқи қонуне, ки Президенти Тоҷикистон барои таҷлили 35-солагии истиқлолияти кишвар имзо кардааст, идома дорад
2026-07-21T16:41+0500
2026-07-21T16:41+0500
2026-07-21T16:41+0500
дар тоҷикистон
афв
ҷомеа
қонун
зиндон
истиқлол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/15/1066670751_189:192:2792:1656_1920x0_80_0_0_57ece384bf802e32757818511b1c63bf.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июл – Sputnik. То кунун, бар асоси қонуни афв, беш аз 8 ҳазор нафар аз зиндонҳои Тоҷикистон раҳо шудаанд.Дар ин Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон имрӯз, 21-уми июл, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.Вай қайд кард, ки аз оғози ин раванд 8008 нафар, аз ҷумла 136 шаҳрванди то 18-сола, аз зиндонҳо озод шуданд.Ба гуфтаи Ашӯрён, Ҳамчунин, ӯ изҳор дошт, ки тибқи ин қонун 136 маҳкумшудаи ноболиғ аз муассисаҳои ислоҳӣ озод шуда, 32 нафари дигар боқӣ монданд.Қонун дар бораи афв дар Тоҷикистон рӯзи 16-уми июн имзо ва чанд рӯз баъд дар рӯзномаи “Садои мардум” нашр шуд. Тибқи он, давоми ду моҳ 18 ҳазору 38 маҳкумшуда, ки аксарашон дар зиндон адои ҷазо мекунанд, ба озодӣ мебароянд ва ё муҳлати ҷазояшон кам карда мешавад.Чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дастур дод, ки қонуни афв дуруст татбиқ ва аз фасодкорӣ пешгирӣ шавад.Аз 507 зани маҳкумшуда 248 нафар озод ва мӯҳлати ҷазои 259 нафар кам карда мешаванд. Аз 134 ноболиғ 99 нафар озод ва мӯҳлати ҷазои 35 нафар кам карда мешаванд. Ин қонун инчунин ба айбдоршавандагоне, ки парвандаҳояшон дар додгоҳ, дар назди муфаттишон ё бо тафтишот баррасӣ мешаванд, дахл дорад.Мақомот афвро зуҳуроти инсондӯстӣ меноманд. Ин имконият медиҳад, ки ислоҳ шавад, бо аъзои оила дубора муттаҳид шаванд ва ба кор баргарданд. Раҳоӣ марҳила ба марҳила сурат мегирад.
https://sputnik.tj/20260617/afv-rahmon-qonuni-afvro-imzo-kard-1078347922.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/15/1066670751_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_e9c4c1f57d2264765bc6d86f6585fd90.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, афв, ҷомеа, қонун, зиндон, истиқлол
дар тоҷикистон, афв, ҷомеа, қонун, зиндон, истиқлол
Беш аз ҳашт ҳазор маҳбуси афвшуда аллакай аз зиндонҳои Тоҷикистон баромаданд
Озодкунии маҳкумшудагон тибқи қонуне, ки Президенти Тоҷикистон барои таҷлили 35-солагии истиқлолияти кишвар имзо кардааст, идома дорад
ДУШАНБЕ, 21 июл – Sputnik. То кунун, бар асоси қонуни афв, беш аз 8 ҳазор нафар аз зиндонҳои Тоҷикистон раҳо шудаанд.
Дар ин Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон имрӯз, 21-уми июл, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Вай қайд кард, ки аз оғози ин раванд 8008 нафар, аз ҷумла 136 шаҳрванди то 18-сола, аз зиндонҳо озод шуданд.
Ба гуфтаи Ашӯрён, Ҳамчунин, ӯ изҳор дошт, ки тибқи ин қонун 136 маҳкумшудаи ноболиғ аз муассисаҳои ислоҳӣ озод шуда, 32 нафари дигар боқӣ монданд.
Қонун дар бораи афв дар Тоҷикистон рӯзи 16-уми июн имзо ва чанд рӯз баъд дар рӯзномаи “Садои мардум” нашр шуд. Тибқи он, давоми ду моҳ 18 ҳазору 38 маҳкумшуда, ки аксарашон дар зиндон адои ҷазо мекунанд, ба озодӣ мебароянд ва ё муҳлати ҷазояшон кам карда мешавад.
Чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дастур дод, ки қонуни афв дуруст татбиқ ва аз фасодкорӣ пешгирӣ шавад.
Аз 507 зани маҳкумшуда 248 нафар озод ва мӯҳлати ҷазои 259 нафар кам карда мешаванд. Аз 134 ноболиғ 99 нафар озод ва мӯҳлати ҷазои 35 нафар кам карда мешаванд. Ин қонун инчунин ба айбдоршавандагоне, ки парвандаҳояшон дар додгоҳ, дар назди муфаттишон ё бо тафтишот баррасӣ мешаванд, дахл дорад.
Мақомот афвро зуҳуроти инсондӯстӣ меноманд. Ин имконият медиҳад, ки ислоҳ шавад, бо аъзои оила дубора муттаҳид шаванд ва ба кор баргарданд. Раҳоӣ марҳила ба марҳила сурат мегирад.