Беш аз 18 ҳазор нафар афв мешаванд: Раҳмон қонунро имзо кард

© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон.
 Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2026
Обуна шудан
Бар асоси қонуне, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо кард, зиёда аз 18 ҳазор нафар афв хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 17 июн - Sputnik. Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон раисҷумҳури Тоҷикистон зиёда аз 18 ҳазор касро дар Тоҷикистон афв мекунад.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, 16 июн Президентикишвар бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи авф"-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардд ва баъд аз қабули Қонун ба он имзо гузошт.
Қайд карда шудааст, ки қонуни имзошуд ба 18038 маҳкумшуда татбиқ мегардад.
“Аз ҷумла, аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, аз муассисаҳои сукунатӣ ва ҷазоҳои дигари ба маҳрумӣ аз озодӣ алоқаманднабуда 11305 нафар озод мешавад. Муҳлати адонагардидаи ҷазои 6733 нафар кам карда мешавад”,- қайд карда шудааст дар қонун.
Ҳамчунин қонун нисбат ба занон ва ноболиғон имтиёзҳои бештарро пешбинӣ мекунад.
Иттилоъ дода шудааст, ки аз 507 нафар занон, ки адои ҷазо менамоянд, 248 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд ва нисбат ба 259 нафар муҳлати адои ҷазо кам карда мешавад.
“Аз 134 нафар ноболиғе, ки адои ҷазо менамояд, 99 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод гардида, нисбат ба 35 нафар муҳлати боқимондаи адои ҷазо кам карда мешавад”, - таъкид кардааст Хадамоти матбуот.
Қайд карда шудааст, ки қонун "Дар бораи авф" инчунин нисбат ба шахсоне, ки парвандаи онҳо дар пешбурди мақомоти судӣ, таҳқиқ ва тафтиш қарор дорад, татбиқ мегардад.
Первая сессия Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан седьмого созыва. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2026
Парлумони Тоҷикистон қонуни афвро қабул кард
Хадамоти матбуоти раисҷумҳур таъкид кардааст, ки қабули Қонун "Дар бораи авф" ба шахсоне, ки даст ба ҷиноят задаанд, имкон медиҳад, ки ислоҳ шаванд, ба назди наздикону пайвандҳои худ баргашта, ба кору фаъолияти созанда машғул шаванд.
Мақомоти дахлдор вазифадор шудааст, ки иҷрои қонунро дар давоми ду моҳ таъмин намоянд ва ба Президенти Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
“Қонун "Дар бораи авф" мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти давлатиро муваззаф месозад, ки барои ба кор таъмин намудани шахсони аз муассисаҳои иҷрои ҷазо озодшуда, ба таҳсил фаро гирифтани ноболиғон, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ягонаи шахсони номбурда чораҷуйӣ намоянд.
Дар Тоҷикистон бори охир моҳи марти соли 2025 наздик ба 900 зиндонӣ афв шуда буд.
Аз он пеш, моҳи сентябри соли 2021 ва ба ифтихори 30-солагии истиқлол, 11,5 ҳазор кас аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва адои ҷазо озод гардиданд.
Ҳоло дар зиндонҳои Тоҷикистон на камтар аз даҳ ҳазор нафар нигоҳ дошта мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0