https://sputnik.tj/20260720/qarzgiri-tojikiston-bonko-beshtar-shud-bmt-1079074333.html
Қарзгирии тоҷикистониҳо аз бонкҳо бештар шудааст - БМТ
Қарзгирии тоҷикистониҳо аз бонкҳо бештар шудааст - БМТ
Sputnik Тоҷикистон
Бонкщои кишвар аз аввали сол 12,8 млрд сомонӣ қарзҳои хурд додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,3% зиёд мебошад.
2026-07-20T10:53+0500
2026-07-20T10:53+0500
2026-07-20T12:52+0500
бмт
дар тоҷикистон
қарздиҳӣ
бонк
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044218926_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_daa86218f8cac7e7786c4bd352f5451a.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон мизони қарзгирӣ аз бонкҳо афзудааст.Дар ним соли гузашта ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда ба 16,9 млрд сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,6% зиёд мебошад.Дар ин бора Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ зимни нисшасти хабарияш иттилоъ дод.Ба иттилои ӯ, аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда ба соҳаҳои истеъмолот 41,5 фоиз, савдо ва хӯроки ҷамъиятӣ 13,7 фоиз, кишоварзӣ 12,4 фоиз, хариди манзил ва таъмири хона 9,5 фоиз, хизматрасонӣ 7,0 фоиз, саноат 6,8 фоиз, сохтмон 3,4 фоиз ва дигар соҳаҳо 5,7 фоиз рост меояд.Таъкид шудааст, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда 25,2 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, маблағи 4,3 млрд сомониро ташкил додааст.Ҳамзамон дар ин давра 12,8 млрд сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,3 фоиз зиёд мебошад.Фоизи миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ бо пули миллӣ 23,83% ва бо асъори хориҷӣ 10,9%-ташкил дод.
https://sputnik.tj/20260720/amonatbonk-foizho-qarzi-ipoteki-poin-khonakhari-ziyod-meshavad-1079072231.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044218926_267:0:2998:2048_1920x0_80_0_0_c3a37f272f412dc9030bce998b461f6c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бмт, дар тоҷикистон, қарздиҳӣ, бонк, иқтисод
бмт, дар тоҷикистон, қарздиҳӣ, бонк, иқтисод
Қарзгирии тоҷикистониҳо аз бонкҳо бештар шудааст - БМТ
10:53 20.07.2026 (Навсозишуда: 12:52 20.07.2026) Бонкҳои кишвар аз аввали сол 12,8 млрд сомонӣ қарзҳои хурд додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,3% зиёд мебошад.
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон мизони қарзгирӣ аз бонкҳо афзудааст.
Дар ним соли гузашта ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда ба 16,9 млрд сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,6% зиёд мебошад.
Дар ин бора Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ зимни нисшасти хабарияш иттилоъ дод.
Ба иттилои ӯ, аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда ба соҳаҳои истеъмолот 41,5 фоиз, савдо ва хӯроки ҷамъиятӣ 13,7 фоиз, кишоварзӣ 12,4 фоиз, хариди манзил ва таъмири хона 9,5 фоиз, хизматрасонӣ 7,0 фоиз, саноат 6,8 фоиз, сохтмон 3,4 фоиз ва дигар соҳаҳо 5,7 фоиз рост меояд.
Таъкид шудааст, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда 25,2 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, маблағи 4,3 млрд сомониро ташкил додааст.
Ҳамзамон дар ин давра 12,8 млрд сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,3 фоиз зиёд мебошад.
Фоизи миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ бо пули миллӣ 23,83% ва бо асъори хориҷӣ 10,9%-ташкил дод.