https://sputnik.tj/20260720/amonatbonk-foizho-qarzi-ipoteki-poin-khonakhari-ziyod-meshavad-1079072231.html
"Амонатбонк" фоизҳои қарзии ипотекиро поин овардааст: хонахарӣ зиёд мешавад?
"Амонатбонк" фоизҳои қарзии ипотекиро поин овардааст: хонахарӣ зиёд мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Тадбирҳо маблағгузории манзилро барои шаҳрвандони Тоҷикистон дастрастар мегардонанд, бовар дорад раҳбари бонки давлатӣ
2026-07-20T09:35+0500
2026-07-20T09:35+0500
2026-07-20T12:38+0500
дар тоҷикистон
бонк
амонатбонк
иқтисод
қарздиҳӣ
манзил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/05/1069753226_0:56:1930:1142_1920x0_80_0_0_0b32b654b81e45d777d5f75626f5192a.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Мавҷудияти қарзҳои ипотекӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, қарз барои хариди манзил дастрас ва маъмултар шудааст.Дар ин бора раиси бонки давлатии Тоҷикистон "Амонатбон" Алиҷон Салимзода зимни нишасти хабарияш иттилоъ до.Ба гуфтаи ӯ, аз моҳи январ то июни соли 2026 ба 143 муштарӣ дар ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 8,5 млн сомонӣ қарзҳои ипотека дода шудаанд.Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариби 41% ва шумораи қарзгирандагон 24% афзоиш ёфтааст.Ба гуфтаи Салимзода бонк дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сохтмонӣ фоизи қарзҳои ипотекиро пас аз дастури раисҷумҳури кишвар аз 18% ба 14% поин овард.Ӯ гуфт, бонк ҳам барои харидани хонаҳои тайёр ва ҳам хонаҳои нимтайёр аз ширкатҳои сохтмонӣ ба шахсоне, ки мехоҳанд соҳиби манзил гарданд, ба мӯҳлати то 10 сол қарзи ипотека медиҳад. Интихоби хона ба худи мизоҷ вобаста аст.Тавре ки Салимзода қайд кард, ин тадбирҳо маблағгузории манзилро барои шаҳрвандони Тоҷикистон дастрастар мегардонанд. Ғайр аз ин, Амонатбонк барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо меъёри 16% ва барои бахши саноатӣ бо меъёри 15% қарз медиҳад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/05/1069753226_76:0:1840:1323_1920x0_80_0_0_2f6f4b8eb52843cb2879195ff06a1134.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, бонк, амонатбонк, иқтисод, қарздиҳӣ, манзил
дар тоҷикистон, бонк, амонатбонк, иқтисод, қарздиҳӣ, манзил
"Амонатбонк" фоизҳои қарзии ипотекиро поин овардааст: хонахарӣ зиёд мешавад?
09:35 20.07.2026 (Навсозишуда: 12:38 20.07.2026) Тадбирҳо маблағгузории манзилро барои шаҳрвандони Тоҷикистон дастрастар мегардонанд, бовар дорад раҳбари бонки давлатӣ
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Мавҷудияти қарзҳои ипотекӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, қарз барои хариди манзил дастрас ва маъмултар шудааст.
Дар ин бора раиси бонки давлатии Тоҷикистон "Амонатбон" Алиҷон Салимзода зимни нишасти хабарияш иттилоъ до.
Ба гуфтаи ӯ, аз моҳи январ то июни соли 2026 ба 143 муштарӣ дар ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 8,5 млн сомонӣ қарзҳои ипотека дода шудаанд.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариби 41% ва шумораи қарзгирандагон 24% афзоиш ёфтааст.
Ба гуфтаи Салимзода бонк дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сохтмонӣ фоизи қарзҳои ипотекиро пас аз дастури раисҷумҳури кишвар аз 18% ба 14% поин овард.
Ӯ гуфт, бонк ҳам барои харидани хонаҳои тайёр ва ҳам хонаҳои нимтайёр аз ширкатҳои сохтмонӣ ба шахсоне, ки мехоҳанд соҳиби манзил гарданд, ба мӯҳлати то 10 сол қарзи ипотека медиҳад. Интихоби хона ба худи мизоҷ вобаста аст.
Тавре ки Салимзода қайд кард, ин тадбирҳо маблағгузории манзилро барои шаҳрвандони Тоҷикистон дастрастар мегардонанд.
Ғайр аз ин, Амонатбонк барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо меъёри 16% ва барои бахши саноатӣ бо меъёри 15% қарз медиҳад.