Дар Тоҷикистон нархҳои бархе аз маҳсулот зери назорат гирифта мешаванд

© SputnikМагазин в Душанбе. Иллюстративное фото
Магазин в Душанбе. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2026
Обуна шудан
Ҳукумат вазъи бозор таҳлил намуда, дар сурати афзоиши беасоси нархҳо чораҳои зарурӣ меандешад
ДУШАНБЕ, 18 июл – Sputnik. Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон эълон кард, ки барои назорати нархи молҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ ситоди доимӣ таъсис додааст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ин иқдом тибқи қарори Ҳукумати кишвар аз 31 майи соли 2018 "Дар бораи рӯйхати молҳо ва маҳсулоти дорои аҳамияти иҷтимоӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор доранд" қабул шудааст.
Вазифаи асосии ситоди мазкур таҳлили фаврии вазъи бозор, гузаронидани мониторинг ва андешидани чораҳои зарурӣ дар сурати афзоиши беасоси нархҳо мебошад.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки айни замон дар Тоҷикистон ба Феҳристи давлатии субъектҳои инҳисории Хадамоти зиддиинҳисорӣ 105 субъекти хоҷагидор ворид карда шудааст.
Базар в Кулябе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2026
Ҳушдори ВКД ба соҳибкорон аз беасос боло бурдани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар моҳи Рамазон
Ин ширкатҳо дар бозор мавқеи ҳукмфармо ё инҳисорӣ доранд. Барои таъмини рақобати солим ва пешгирии болоравии беасоси нархҳо, фаъолият ва нархномаҳои онҳо аз ҷониби давлат танзим мегарданд.
Фаъолияти ширкатҳои дар феҳрист зикршуда тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи рақобат" таҳти назорат ва танзим қарор мегирад.
Лентаи хабарҳо
0