https://sputnik.tj/20260220/hushdori-vkd-sohibkoron-bolo-burdani-narkhi-ramazon-1075436587.html
Ҳушдори ВКД ба соҳибкорон аз беасос боло бурдани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар моҳи Рамазон
Ҳушдори ВКД ба соҳибкорон аз беасос боло бурдани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар моҳи Рамазон
Sputnik Тоҷикистон
ВКД таъкид кардааст, ки беасос боло бурдани нархи маҳсулот дар моҳи Рамазон на танҳо хилофи меъёрҳои ахлоқии ҷомеа, балки мухолиф ба арзишҳои диниву инсонист
2026-02-20T15:41+0500
2026-02-20T15:41+0500
2026-02-20T15:41+0500
дар тоҷикистон
вкд
нарх
ғизо
бозор
соҳибкор
рамазон
моҳи рамазон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040337188_0:334:2716:1862_1920x0_80_0_0_9a82c9d7c02e3faac84c1f6355890a0f.jpg
ДУШАНБЕ, 19 фев - Sputnik. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бархе аз шаҳрвандони фурсатталаб бо мақсади ба даст овардани манфиати молӣ аз ниёзмандии мардум истифода намуда, нархи маҳсулоти хӯроквориро беасос боло мебаранд.ВКД дар як изҳороте қайд кардааст, ки чунин амалҳо на танҳо хилофи меъёрҳои ахлоқии ҷомеа, балки мухолиф ба арзишҳои диниву инсонист.ВКД таъкид кардааст, ки моҳи шарифи Рамазон моҳи баракат, хайру сахо ва фурсате барои анҷом додани амалҳои савоб ба шумор меравад.“Дар ин моҳи муборак ҳар як шахс талош менамояд, то ба мардум нафъ расонад ва бо корҳои нек саҳми худро дар таҳкими арзишҳои инсондӯстӣ гузорад”, - таъкид кардааст ВКД.Зикр шудааст, ки кормандони милитсияи пойтахт дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои ваколатдор бо мақсади назорат ва танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввал санҷишҳои мақсаднок ва корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ менамоянд.ВКд аз ҳамаи тоҷирон, соҳибкорон ва таъминкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ даъват кардааст, ки ҳангоми фаъолияти тиҷоратӣ инсофро пеша намуда, мувозинати нархи молу маҳсулотро нигоҳ доранд ва ба гаронии сунъии нархҳо роҳ надиҳанд.“Дар акси ҳол, нисбати чунин афроди қонуншикан, тибқи талаботи қонунгузорӣ чораҳои дахлдор табиқ мегардад”, - қайд карда вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.
https://sputnik.tj/20260219/solim-bekhatar-pizishki-tojik-mohi-ramazon-ruza-girift-1075411052.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040337188_0:0:2667:2000_1920x0_80_0_0_ad83dd8e8a3bd15192819623d09df293.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, вкд, нарх, ғизо, бозор, соҳибкор, рамазон, моҳи рамазон
дар тоҷикистон, вкд, нарх, ғизо, бозор, соҳибкор, рамазон, моҳи рамазон
Ҳушдори ВКД ба соҳибкорон аз беасос боло бурдани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар моҳи Рамазон
ВКД таъкид кардааст, ки беасос боло бурдани нархи маҳсулот дар моҳи Рамазон на танҳо хилофи меъёрҳои ахлоқии ҷомеа, балки мухолиф ба арзишҳои диниву инсонист
ДУШАНБЕ, 19 фев - Sputnik. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бархе аз шаҳрвандони фурсатталаб бо мақсади ба даст овардани манфиати молӣ аз ниёзмандии мардум истифода намуда, нархи маҳсулоти хӯроквориро беасос боло мебаранд.
ВКД дар як изҳороте қайд кардааст, ки чунин амалҳо на танҳо хилофи меъёрҳои ахлоқии ҷомеа, балки мухолиф ба арзишҳои диниву инсонист.
ВКД таъкид кардааст, ки моҳи шарифи Рамазон моҳи баракат, хайру сахо ва фурсате барои анҷом додани амалҳои савоб ба шумор меравад.
“Дар ин моҳи муборак ҳар як шахс талош менамояд, то ба мардум нафъ расонад ва бо корҳои нек саҳми худро дар таҳкими арзишҳои инсондӯстӣ гузорад”, - таъкид кардааст ВКД.
Зикр шудааст, ки кормандони милитсияи пойтахт дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои ваколатдор бо мақсади назорат ва танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввал санҷишҳои мақсаднок ва корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ менамоянд.
ВКд аз ҳамаи тоҷирон, соҳибкорон ва таъминкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ даъват кардааст, ки ҳангоми фаъолияти тиҷоратӣ инсофро пеша намуда, мувозинати нархи молу маҳсулотро нигоҳ доранд ва ба гаронии сунъии нархҳо роҳ надиҳанд.
“Дар акси ҳол, нисбати чунин афроди қонуншикан, тибқи талаботи қонунгузорӣ чораҳои дахлдор табиқ мегардад”, - қайд карда вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.