Як моҳ гузашт: Ҷустуҷӯи духтари хурдсоли Мирзонабот идома дорад

© Foto / Пресс-служба КЧС ТаджикистанаПоиски тела главы ГБАО Алишера Мирзонабота в реке Пяндж.
Поиски тела главы ГБАО Алишера Мирзонабота в реке Пяндж. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2026
Обуна шудан
Аз ҳодисаи ҳодисаи садамаи мошини Алишер Мирзонабот раиси пешини ВМКБ як моҳ сипарӣ шудааст, аммо то ҳол ҷасади то кунун ҷасади духтари 3-солаи ӯ дар дарёи Панҷ пайдо нашудааст
ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Масъулуни Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯянд, наҷотдиҳандагон то кунун ҷасади духтари се солаи Алишер Мирзонаботро дар маҷрои дарёи Панҷ ва ҳудуди атрофи он пайдо накардаанд ва корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, хабар дод.
“Имрӯ ҷасади як духтарчаи майда се сола мондааст, ки ҷустуҷӯи он идома дорад. То имрӯз ҷасади ӯ пайдо нашудааст. Кор дар ин самт давом дорад”, - гуфт раҳбари КҲФ.
Вай дар нишасти матбуотӣ ҷузъиёту мушкилоти корҳои ҷустуҷӯиро шарҳ дод.
Вай ба хусус таъкид кард, ки ҷое, ки мошини раиси пешини ВМКБ сарозер шуд, “ҳаракати об тез ва минтақаи хатарнок аст”.
“Мо кӯшиш кардем тамоми воситаҳоро истифода барем. Дар ҳақиқат, мо он таҷҳизоти зери обӣ барои муайян кардани мошин надоштем. Бинобар ин, бо Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон барои муайян кардани мошин дар зери об ҳамкорӣ доштем. Омада кор карданд, якум бор дар дарёи Панҷ диданд, бисёр вазнин буд, муайян карда натавонистанд”, - гуфт Раҳмоналӣ.
Раҳбари КҲФ таъкид кард, ки садама субҳи 17-уми июн ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба Хоруғ дар километри 282-юми шоҳроҳи “Душанбе-Хоруғ”, дар байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз рух дода, мошин ба дарёи Панҷ афтода буд.
Поиски тела главы ГБАО Алишера Мирзонабота в реке Пяндж. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2026
КҲФ: Пайкари ҳамсари Алишер Мирзонабот дар ҳудуди Афғонистон ёфт шуд
Дар мошини раиси ВМКБ ғайр аз худаш ҳамсару кӯдаки хурдсол ва ёвару ронандааш ҳузур доштанд.

Ёдовар ҷасади раиси ВМКБ баъд аз ду ҳафтаи сарозер шудани мошин ба дарёи Панҷ, субҳи 30-юми июн дар ҳудуди деҳаи Кишти ноҳияи Шамсидддин Шоҳин пайдо ва ҳамон рӯз дар деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон дафн карданд.

Пеш аз пайдо шудани ҷасади худи Алишер Мирзонабот, мақомот рӯзҳои 26 ва 27-уми июн ҷасади ёвар ва ронандаашро пайдо карда буданд.

Ҷасади Амина Амонуллоева, ҳамсари Алишер Мирзонабот рӯзи 3-юми июл дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ёфт шуд.
Лентаи хабарҳо
0