https://sputnik.tj/20260704/khf-paykari-hamsar-alisher-afghoniston-yoft-shud-1078798977.html
КҲФ: Пайкари ҳамсари Алишер Мирзонабот дар ҳудуди Афғонистон ёфт шуд
КҲФ: Пайкари ҳамсари Алишер Мирзонабот дар ҳудуди Афғонистон ёфт шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷасади ҳамсари собиқ раиси ВМКБ пас аз 16 рӯзи садама ёфт шуд
2026-07-04T14:03+0500
2026-07-04T14:03+0500
2026-07-04T14:03+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кҳф
ҷасад
дар тоҷикистон
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/1a/1078602719_0:104:1812:1123_1920x0_80_0_0_b9d76926c736d4835ba7f9104fe5aafd.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл - Sputnik. Ҳамсари собиқ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар он сӯи дарёи Панҷ ёфт шуд.Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, дар заминаи ҳамкориҳои қӯшунҳои сарҳадии кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо марзбонони Афғонистон ҷасади як зан дар ҳудуди кишвари ҳамсоя пайдо карда шуда, ба марзбонҳои тоҷик супорида шуд.Ҷасад дар минтақаи Ивалки ҷамоати Деҳоти Нуриддин Маҳмуди ноҳияи Шамсидин Шоҳини вилояти Хатлон аз дарёи Панҷ дарёфт карда шуда, пасон наҷотдиҳандагони Кумита онро барои муайянсозӣ ба сохторҳои дахлдор супоридаанд.Бояд гуфт, барои ёфтани аҷсод, дар ин минтақа беш аз 200 наҷотдиҳандаи Кумита дар якҷоягӣ бо мақомоту сохторҳои дахлдор корҳои ҷустуҷӯии рӯйи обӣ ва зери обиро анҷом дода истодаанд.Ҷустуҷӯ аз мавзеи ҳодиса то минтақаҳои гуногуни ноҳияҳои Дарвоз, Шамсиддин Шоҳин, минтақаи Кӯлоб ва дигар мавзеҳо ҷараён дорад.Ёдрас мешавем, ки рӯзи 17 июн дар паи садамаи нақлиётӣ мошини раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ба дарё сарозер шуд. Дар дохили он ҳамроҳи раис ҳамсар, духтарча ва ронандаю ёвараш буданд.Ёдовар мегардем, ки корҳои ҷустуҷӯии фарзанди Алишер Мирзонабот аз ҷониби наҷотдиҳандагон ва дигар сохторҳои дахлдор ҳамоно идома дорад.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/56940
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/1a/1078602719_315:0:1812:1123_1920x0_80_0_0_b4fa6c6341bfd55bc241a4759b129250.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, кҳф, ҷасад, дар тоҷикистон, афғонистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, кҳф, ҷасад, дар тоҷикистон, афғонистон
КҲФ: Пайкари ҳамсари Алишер Мирзонабот дар ҳудуди Афғонистон ёфт шуд
Ҷасади ҳамсари собиқ раиси ВМКБ пас аз 16 рӯзи садама ёфт шуд
ДУШАНБЕ, 4 июл - Sputnik. Ҳамсари собиқ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар он сӯи дарёи Панҷ ёфт шуд.
Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, дар заминаи ҳамкориҳои қӯшунҳои сарҳадии кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо марзбонони Афғонистон ҷасади як зан дар ҳудуди кишвари ҳамсоя пайдо карда шуда, ба марзбонҳои тоҷик супорида шуд.
Ҷасад дар минтақаи Ивалки ҷамоати Деҳоти Нуриддин Маҳмуди ноҳияи Шамсидин Шоҳини вилояти Хатлон аз дарёи Панҷ дарёфт карда шуда, пасон наҷотдиҳандагони Кумита онро барои муайянсозӣ ба сохторҳои дахлдор супоридаанд.
"Ташхиси пурраи тиббӣ муайян кард, ки он Амина Амонулоева оилаи Алишер Мирзонабот собиқ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад", - омадааст дар хабарнома.
Бояд гуфт, барои ёфтани аҷсод, дар ин минтақа беш аз 200 наҷотдиҳандаи Кумита дар якҷоягӣ бо мақомоту сохторҳои дахлдор корҳои ҷустуҷӯии рӯйи обӣ ва зери обиро анҷом дода истодаанд.
Ҷустуҷӯ аз мавзеи ҳодиса то минтақаҳои гуногуни ноҳияҳои Дарвоз, Шамсиддин Шоҳин, минтақаи Кӯлоб ва дигар мавзеҳо ҷараён дорад.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 17 июн дар паи садамаи нақлиётӣ мошини раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ба дарё сарозер шуд. Дар дохили он ҳамроҳи раис ҳамсар, духтарча ва ронандаю ёвараш буданд.
Ёдовар мегардем, ки корҳои ҷустуҷӯии фарзанди Алишер Мирзонабот аз ҷониби наҷотдиҳандагон ва дигар сохторҳои дахлдор ҳамоно идома дорад.