Мақомот аз барқарор намудани барқ дар минтақаҳои аз сел зарардидаи вилояти Суғд хабар дод

© Unsplash / Anton Dmitriev Рабочий на линии электропередач
Рабочий на линии электропередач - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2026
Обуна шудан
Ба иттилои вазорати энергетикаи кишвар инфрасохтори энергетикии дар минтақаҳои аз сел зарардидаи ноҳияҳои Айнӣ ва Деваштич пурра барқарор шуд
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Инфрасохтори энергетикие, ки бар асари боришоти шадид ва омадани сел дар деҳаҳои Дарғу Каздони Ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ ва Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд хисорот дида буданд, барқарор карда шуданд.
Дар ин бора вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои вазорат, айни замон, сокинони минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида пурра бо неруи барқ таъмин мебошанд.
“Қобили зикр аст, ки пас аз рух додани офати табиӣ, бо дастури вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон 50 нафар мутахассисони соҳавӣ ва техникаи зарурӣ фавран ба маҳалҳои зарардида сафарбар карда шуданд”, - қайд кардааст вазорат.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки барои ҳарчи зудтар бартараф намудани паёмадҳои офати табиӣ ва барқарорсозии таъминоти неруи барқ, маводу таҷҳизоти зарурӣ дастрас гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар се рӯзи охир дастикам ду бор селу ярч чанд хона ва иншооти шаҳру навоҳии вилояти Суғдро вайрон кард. Ба гуфтаи мақомот, офати табиӣ асосан дар ноҳияҳои Айнию Деваштич ва шаҳри Панҷакент ба қайд гирифта шудаанд.
Аз ҷумла рӯзҳои 11 ва 12-уми июл сел ба хонаи сокинони деҳаҳои Дарғ ва Каздони ноҳияи Айнӣ зарар расонд. Дар ин офати табиӣ ҳамчунин роҳҳо, хатҳои об, боғҳо, заминҳои кишт, 11 мошини сабукрав, гирду атрофи мактаби деҳаи Каздон ва беморхонаи минтақавии деҳаи Дарғ осеб диданд.
Последствия схода селя в Согдийской области.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2026
Мақомоти Панҷакент: Сел ба деҳаи Роҷи Амодара, хисороти ҷиддӣ расонидааст
Мақомот гуфтанд, ин ҳодиса талафоти ҷонӣ дар пай надошт.
Инчунин дар рӯзҳои 11-12 июл ба чанд деҳаи ҷамоати Шинги шаҳри Панҷакент низ селу ярч фаромада зиёни ҷиддӣ расондааст.
Чанд деҳаи ноҳияи Деваштич низ дар пайи омадани сел зарар дидаанд.
Лентаи хабарҳо
0