Мақомоти Панҷакент: Сел ба деҳаи Роҷи Амодара, хисороти ҷиддӣ расонидааст

© Foto / КЧС ТаджикистанаПоследствия схода селя в Согдийской области.
Последствия схода селя в Согдийской области.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2026
Обуна шудан
Дар паи боришоти шадид ва сел дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом ва Панҷакент, инчунин навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва Ҷ. Расулов ҳолатҳои фавқулодда ба қайд гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, дар ҷаласаи ситод гуфт, ки сели рӯзи 19 июн, ба деҳаи Роҷи деҳоти Амодара хисороти ҷиддӣ расонидааст.
Сардори шуъбаи шаҳрии раёсати вилоятии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Умед Миров гуфт, ки бар асари омадани сел ба манзилҳои истиқоматӣ, иншооти ёрирасон, роҳ, хати обу барқ, заминҳои кишт ва амволи сокинон зиёни ҷиддӣ ворид шудааст.
“Тибқи маълумоти пешакӣ ба сабаби сел ба манзили истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигии 43 оила ва хонаи фарҳанги деҳа селоба ворид шуда, 3 пул ва 900 метр роҳ, ду пойгоҳи обрасон, панҷ симчӯби барқ корношоям гардида, 3 нақлиёти боркаш ва сабукрав, ҳашт сар чорво ба коми сел рафтааст”, - гуфт ӯ.
Мақомот барои бартараф намудани оқибати офати табиӣ чораҳои фаврӣ андешида, ба ин кор 5 адад техникаи муҳандисӣ, 140 нафар сарбозони қисмҳои ҳарбии мустақар дар ҳудуди шаҳр ва сокинони деҳаро ҷалб кардааст.
Қайд карда шудааст, ки давоми ду рӯз 500 метр роҳи дохили деҳа тоза карда, хати интиқоли барқ асосан барқарор намуда, аз лойоба тоза намудани манзилҳои истиқоматии сокинон ва барқарор намудани ҷӯйё, ки деҳаро бо оби полезӣ ва нӯшокӣ таъмин менамояд, идома дорад.
Оқибатҳои сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2026
Сел ба шаҳру навоҳии Суғд зарар расонд: пулҳо шуста, роҳҳо баста ва хонаҳо зери об монданд
Раиси ба мақомдорон дастур дод, ки бо ташкили ҳашарҳо дар кӯтоҳтарин фурсат манзилҳои зиёндида аз лойоба тоза карда, қисмати боқимондаи роҳи байни деҳа барқарор намоянд.
Ҳамчунин раиси шаҳр дастр дод, ки заминҳои наздиҳавлигӣ зудтар тоза намоянд ва шумораи манзилҳои истиқоматӣ, ки дар минтақаи хавфноки канори селгаҳ, ҷойгиранд, муайян кунанд.
Ҳачунин масъулин вазифадор карда шуданд, ки ҳамаи ашёи рӯзгори сокинон, ки ба асари сел корношоям гардидаанд, ва заминҳои кишти зиёндида пурра ба ҳисоб гирифта шавад.
Ёдовар мешавем, ки дар паи боришоти шадид ва сел дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом ва Панҷакент, инчунин навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва Ҷаббор Расулов ҳолатҳои фавқулодда ба қайд гирифта шуданд.
Вазъияти аз ҳама шадид дар шаҳри Хуҷанд ба амал омад. Сел ба маҳаллаҳои Чашмаи Арзана-2 ва 3, маҳаллаҳои 17, 18 ва 19, инчунин хиёбони Раҳим Ҷалил таъсир расонд, хабар медиҳад КҲФ.
Лентаи хабарҳо
0