Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Песков изҳороти Мертсро дар бораи кафолатҳои амниятӣ барои Украина шарҳ дод

Обуна шудан
Сухангӯи раисҷумҳури Русия таҳияи кафолатҳои амниятӣ барои Украина бидуни Русияро ғайриимкон донист
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия ахиран гуфт, ки таҳияи кафолатҳои амниятӣ барои Украина бидуни иштироки Русия ғайриимкон аст.
Қаблан, садри аъзами Олмон Фридрих Мертс, пас аз нишасти "эътилофи хоҳишмандон" дар Париж, изҳор дошт, ки Русия дар таҳияи механизмҳои кафолатҳои амниятӣ барои Украина иштирок нахоҳад кард.
"Изҳороти садри аъзам Мертс нишон медиҳад, ки мавқеи аврупоиҳо дар бунбаст қарор дорад. Таҳияи кафолатҳои амниятӣ бидуни иштироки Русия ғайриимкон аст", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон, даъват ба музокирот дар бораи Украина кард ва изҳори боварӣ кард, ки вақти сулҳ расидааст.
Дмитрий Песков, қайблан гуфта буд, Маскав барои ҳалли мусолиматомези Украина омода аст.
Изҳороти Мертс пас аз ҷаласаи ба истилоҳ "эътилофи хоҳишмандон" дар Париж садо дод.
"Вақти он расидааст, ки сари мизи гуфтушунид нишинем. Вақти он расидааст, ки дар бораи оташбас ба мувофиқа расем", - гуфт Мертс.
Вай изҳор дошт, ки Аврупо низ бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида барои музокирот боз аст.
Председатель Европейского совета Дональд Туск, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Туск: Лаҳистон ба Украина интиқоли силоҳро муваққатан манъ кард
Ҳамзамон, Мертс ҳангоми даъват ба музокирот, нияти кишварҳои аврупоиро барои идома додани "фишори афзоянда ба Маскав" изҳор дошт.
Ахиран Вазорати умури хориҷии Русия сафири Олмонро аз даст доштани Берлин дар ҳамлаҳои террористии режими Киев ба инфрасохтори шаҳрвандии Русия огоҳ кард ва таъкид кард, ки пуштибонии афзояндаи Олмон аз режими Киев ғайриқобили қабул аст.
Қаблан вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки Русия дар бораи нақшаҳои воқеии ИА барои иштирок дар ҳалли низоъ дар Украина тасаввуроте надорад.
Дипломат қаблан инчунин изҳор дошт, ки Владимир Зеленский ба Маскав ва нозирони аврупоии ӯ дар робита ба ҳалли низоъ дар Украина шартҳои дағалона ва ғайривоқеӣ пешниҳод мекунад.
Лентаи хабарҳо
0