Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Туск: Лаҳистон ба Украина интиқоли силоҳро муваққатан манъ кард

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкПредседатель Европейского совета Дональд Туск, архивное фото
Председатель Европейского совета Дональд Туск, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2026
Обуна шудан
Саравазири Лаҳистон эълон кард, ки дар ҳоли ҳозир кишвараш ба Украина силоҳ намедиҳад
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Доналд Туск, сарвазири Лаҳистон, ба хабарнигорон гуфт, ки Лаҳистон дар ҳоли ҳозир ба Украина силоҳ намедиҳад.
Қаблан, Кшиштоф Босак, муовини раиси Сейм (парлумон)-и Лаҳистон аз ҳизби "Конфедератсия", эълон кард, ки Лаҳистон ба Украина мушакҳои Patriot-и худро додааст, ки Варшава онҳоро барои системаи дифоъи ҳавоӣ харида буд.
Марчин Пжидач, раиси Бюрои сиёсати байналмилалии дастгоҳи президент, инчунин изҳор дошт, ки Лаҳистон қаблан навбати худро барои харидани мушакҳои Patriot аз Иёлоти Муттаҳида ба Украина дода буд.
"Айни замон, интиқоли минбаъдаи таҷҳизот ба Украина ба нақша гирифта нашудааст", - гуфт Туск дар посух ба саволе дар бораи интиқоли ахири мушакҳо ба Киев.
Русия бар ин назар аст, ки таъмини силоҳ ба Украина ба ҳалли низоъ халал мерасонад, кишварҳои НАТО-ро мустақиман ба низоъ мекашад ва "бо оташ" бозӣ мекунанд.
Бундестаг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Олмон ба Украина дар истеҳсоли дронҳо кӯмак мекунад
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли силоҳу таҷҳизот, ки барои Украина пешбинӣ шудааст, ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Кремл изҳор дошт, ки мусаллаҳ кардани Украина аз ҷониби Ғарб ба музокирот кӯмак намекунад, балки баръакс ба он таъсири манфӣ мерасонанд.
Лентаи хабарҳо
0