https://sputnik.tj/20260710/vazorati-umuri-khoriji-rusiya-tajovuz-posukh-1078907938.html
Вазорати умури хориҷӣ: Русия ба таҷовуз алайҳи худ посух қатъӣ хоҳад дод
Вазорати умури хориҷӣ: Русия ба таҷовуз алайҳи худ посух қатъӣ хоҳад дод
Sputnik Тоҷикистон
Онҳо бовар доранд, ки чунин амалҳои беандешаи Ғарб оқибатҳои мушаххас ва дурнамо хоҳанд дошт
2026-07-10T16:41+0500
2026-07-10T16:41+0500
2026-07-10T16:41+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
нато
вазорати хориҷаи русия
аслиҳа
низоъ
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/1b/1077856938_0:0:3640:2048_1920x0_80_0_0_565825167102e7b8382210963ee99cc1.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Русия бо тамоми қувва ва восоити дар ихтиёр дошта ба амалҳои таҷовузкорона алайҳи худ посухи қатъӣ хоҳад дод.Дар ин бора Департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия (ВКХ) хабар дод.ВУХ таъкид кардааст, ки чунин нақшаҳои беандешона ва татбиқи онҳо оқибатҳои давомдор хоҳанд дошт."Мо ҳушдор медиҳем, ки посух ба амалҳои таҷовузкорона алайҳи кишвари мо барои ташаббускорони онҳо қатъӣ ва харобиовар хоҳад буд. Мо ҳақ дорем, ки ба таҳдидҳо алайҳи мо бо тамоми қувва ва воситаҳои мавҷуда посух диҳем", - гуфт ин ниҳоди давлатӣ ба нашрияи "Известия" дар шарҳи кумаки НАТО ба режими Киев.Як қатор сиёсатмадорони ғарбӣ ба режими Киев силоҳ ва пул фиристоданро идома медиҳанд ва асосан ҳамчун иштирокчиёни мустақими низоъ амал мекунанд, гуфт президенти Русия Владимир Путин."Мо наметавонем нигарон набошем, ки як қатор сиёсатмадорони ғарбӣ нақшаҳои шикасти стратегӣ ба Русияро тарҳрезӣ мекунанд, ба режими кунунии Киев силоҳ ва пул мефиристанд ва дастгирии низомӣ-техникӣ ва иктишофӣ мерасонанд — дар асл, ҳамчун иштирокчиёни мустақими низоъ", — гуфт роҳбари давлат дар мулоқот бо хатмкунандагони академияҳои низомӣ.Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли силоҳ, ки барои Украина пешбинӣ шудааст, ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд. Вазорат таъкид кард, ки кишварҳои узви НАТО бо таъмини силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".Кремл таъкид кард, ки интиқоли силоҳ аз ҷониби Ғарб ба Украина ба муваффақияти музокироти Русия ва Украина мусоидат намекунад ва таъсири манфӣ хоҳад дошт.
https://sputnik.tj/20260710/gholib-nameoyad-rasonaho-qarori-tramp-ukraina-1078900185.html
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/1b/1077856938_455:0:3186:2048_1920x0_80_0_0_887d478b6a5f019c10b88620b81f3d29.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, нато, вазорати хориҷаи русия, аслиҳа, низоъ, русия
украина, амалиёти вижа, нато, вазорати хориҷаи русия, аслиҳа, низоъ, русия
Вазорати умури хориҷӣ: Русия ба таҷовуз алайҳи худ посух қатъӣ хоҳад дод
Онҳо бовар доранд, ки чунин амалҳои беандешаи Ғарб оқибатҳои мушаххас ва дурнамо хоҳанд дошт
ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Русия бо тамоми қувва ва восоити дар ихтиёр дошта ба амалҳои таҷовузкорона алайҳи худ посухи қатъӣ хоҳад дод.
Дар ин бора Департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия (ВКХ) хабар дод.
ВУХ таъкид кардааст, ки чунин нақшаҳои беандешона ва татбиқи онҳо оқибатҳои давомдор хоҳанд дошт.
"Мо ҳушдор медиҳем, ки посух ба амалҳои таҷовузкорона алайҳи кишвари мо барои ташаббускорони онҳо қатъӣ ва харобиовар хоҳад буд. Мо ҳақ дорем, ки ба таҳдидҳо алайҳи мо бо тамоми қувва ва воситаҳои мавҷуда посух диҳем", - гуфт ин ниҳоди давлатӣ ба нашрияи "Известия" дар шарҳи кумаки НАТО ба режими Киев.
Як қатор сиёсатмадорони ғарбӣ ба режими Киев силоҳ ва пул фиристоданро идома медиҳанд ва асосан ҳамчун иштирокчиёни мустақими низоъ амал мекунанд, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Мо наметавонем нигарон набошем, ки як қатор сиёсатмадорони ғарбӣ нақшаҳои шикасти стратегӣ ба Русияро тарҳрезӣ мекунанд, ба режими кунунии Киев силоҳ ва пул мефиристанд ва дастгирии низомӣ-техникӣ ва иктишофӣ мерасонанд — дар асл, ҳамчун иштирокчиёни мустақими низоъ", — гуфт роҳбари давлат дар мулоқот бо хатмкунандагони академияҳои низомӣ.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли силоҳ, ки барои Украина пешбинӣ шудааст, ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд. Вазорат таъкид кард, ки кишварҳои узви НАТО бо таъмини силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".
Кремл таъкид кард, ки интиқоли силоҳ аз ҷониби Ғарб ба Украина ба муваффақияти музокироти Русия ва Украина мусоидат намекунад ва таъсири манфӣ хоҳад дошт.