https://sputnik.tj/20260710/gholib-nameoyad-rasonaho-qarori-tramp-ukraina-1078900185.html
"Ҳеҷ гоҳ ғолиб намеояд": Расонаҳо аз қарори Трамп дар бораи Украина ҳайрон шуданд
"Ҳеҷ гоҳ ғолиб намеояд": Расонаҳо аз қарори Трамп дар бораи Украина ҳайрон шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Қарор дар бораи иҷозатномаи истещсоли "Patriot" ба Украина шояд ҳеҷ гоҳ амалӣ нашавад
2026-07-10T12:41+0500
2026-07-10T12:41+0500
2026-07-10T12:41+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
нато
аврупо
низоъ
русия
трамп
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/01/1077962672_0:0:3062:1722_1920x0_80_0_0_821bf1dd7c215c83e3dc880eedd1c4d3.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Кӯшиши президенти ИМА Доналд Трамп барои тақвияти низоми дифоъи ҳавоии Украина тавассути интиқоли иҷозатномаи истеҳсоли мушакҳои "Patriot" ба Украина метавонад бефоида бошад ва ҳатто ба худи Вашингтон зарар расонад, менависад нашрияи Responsible Statecraft."Аввалан, украинҳо наметавонанд онҳоро сари вақт созанд, то ягон тағйирот рух диҳад ва дуюм, дар ҷанг бо Русия ҳеҷ гоҳ дар майдони ҷанг ғолиб омадан номумкин аст. Ин сарфи беҳудаи вақт аст. Чунин иқдом касри дифоъи ҳавоии Украинаро ба таври назаррас коҳиш намедиҳад, аммо бо осон кардани дастрасии рақибон ба маълумоти махфӣ дар бораи системаҳои низомии Амрико хатарҳои назаррасеро барои амнияти миллии ИМА эҷод мекунад", - қайд мешавад дар мақола.Муаллиф пешниҳод мекунад, ки ҳукумати ИМА дар ниҳоят метавонад аз ин ташаббус даст кашад ва хатарҳои низомӣ ва технологиро дарк кунад."Маълум нест, ки оё Трамп инро мефаҳмад ё не. Пентагон бешубҳа аз ин огоҳ аст ва ҳайрон намешавем, агар ин тӯҳфа ба Украина то дами комилан фаромӯшшавӣ, кашол дода шавад", - илова кард ӯ.Рӯзи чоршанбе президенти ИМА дар ҳошияи нишасти НАТО дар Анқара бо раҳбари режими Киев мулоқот кард. Дар рафти музокирот раҳбари Амрико изҳор дошт, ки Украина метавонад иҷозатнома барои истеҳсоли системаҳои Patriot гирад. Маскав борҳо ба кишварҳои Ғарб ҳушдор додааст, ки интиқоли силоҳ ба Киев ҳеҷ чизро тағйир намедиҳад ва танҳо муноқишаро дароз мекунад. Вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров таъкид кард, ки ҳар гуна интиқоли силоҳ ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20260709/peskov-fishor-ba-rusiya-baroi-halli-nizo-dar-ukraina-kumak-namekunad-1078885951.html
украина
аврупо
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/01/1077962672_333:0:3062:2047_1920x0_80_0_0_ebfb65a954c89d2eb6aa310979bbcc1c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, нато, аврупо, низоъ, русия, трамп
украина, амалиёти вижа, нато, аврупо, низоъ, русия, трамп
"Ҳеҷ гоҳ ғолиб намеояд": Расонаҳо аз қарори Трамп дар бораи Украина ҳайрон шуданд
Қарор дар бораи иҷозатномаи истещсоли "Patriot" ба Украина шояд ҳеҷ гоҳ амалӣ нашавад
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Кӯшиши президенти ИМА Доналд Трамп барои тақвияти низоми дифоъи ҳавоии Украина тавассути интиқоли иҷозатномаи истеҳсоли мушакҳои "Patriot" ба Украина метавонад бефоида бошад ва ҳатто ба худи Вашингтон зарар расонад, менависад нашрияи Responsible Statecraft.
"Аввалан, украинҳо наметавонанд онҳоро сари вақт созанд, то ягон тағйирот рух диҳад ва дуюм, дар ҷанг бо Русия ҳеҷ гоҳ дар майдони ҷанг ғолиб омадан номумкин аст. Ин сарфи беҳудаи вақт аст. Чунин иқдом касри дифоъи ҳавоии Украинаро ба таври назаррас коҳиш намедиҳад, аммо бо осон кардани дастрасии рақибон ба маълумоти махфӣ дар бораи системаҳои низомии Амрико хатарҳои назаррасеро барои амнияти миллии ИМА эҷод мекунад", - қайд мешавад дар мақола.
Муаллиф пешниҳод мекунад, ки ҳукумати ИМА дар ниҳоят метавонад аз ин ташаббус даст кашад ва хатарҳои низомӣ ва технологиро дарк кунад.
"Маълум нест, ки оё Трамп инро мефаҳмад ё не. Пентагон бешубҳа аз ин огоҳ аст ва ҳайрон намешавем, агар ин тӯҳфа ба Украина то дами комилан фаромӯшшавӣ, кашол дода шавад", - илова кард ӯ.
Рӯзи чоршанбе президенти ИМА дар ҳошияи нишасти НАТО дар Анқара бо раҳбари режими Киев мулоқот кард. Дар рафти музокирот раҳбари Амрико изҳор дошт, ки Украина метавонад иҷозатнома барои истеҳсоли системаҳои Patriot гирад.
Маскав борҳо ба кишварҳои Ғарб ҳушдор додааст, ки интиқоли силоҳ ба Киев ҳеҷ чизро тағйир намедиҳад ва танҳо муноқишаро дароз мекунад. Вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров таъкид кард, ки ҳар гуна интиқоли силоҳ ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.