Вазорати тандурурстӣ: Дар Тоҷикистон сирояти "Хантавирус" ба қайд гирифта нашудааст

© UNSPLASHВрач в лаборатории делает анализы
Врач в лаборатории делает анализы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2026
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки айни ҳол вазъият таҳти назорати мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 13 мая - Sputnik. Вазорати тандурустии кишвар эълон кардааст, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ то имрӯз сирояти "Хантавирус" ба қайд гирифта нашудааст.
Вазорат таъкид кардааст, ки дар Тоҷикистон, маълумоти васеи расмӣ оид ба бақайдгирӣ ва хуруҷи Хантавирус маҳдуд мебошад.
“Бо вуҷуди ин, бо дарназардошти мавҷудияти хояндаҳои табиӣ ва омилҳои экологӣ, мониторинги доимии эпидемиологӣ ва чораҳои профилактикӣ гузаронида мешавад”, - қайд кардааст вазорат.
Мутахассисон таъкид менамоянд, ки сироят бештар ҳангоми тамос бо пешоб, наҷосат ё оби даҳони хояндаҳои сироятшуда дар минтақаҳои дорои мавҷудияти гардиши вирус ба вуҷуд меояд. Инчунин, эҳтимоли сироят ҳангоми нафаскашии зарраҳои чангу ғубори олудашуда дар ҷойҳои пӯшида, анборҳо, таҳхонаҳо ва манзилҳое, ки хояндаҳо мавҷуданд, зиёд мегардад.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки риояи чораҳои оддии беҳдоштӣ метавонад хатари сироятро ба таври назаррас коҳиш диҳад.
Тест-система для выявления случаев заражения вирусами. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2026
Тоҷикистон барои ошкор кардани вируси “Нипаҳ” аз Русия тестҳо мехарад
Вазорат мегӯяд, ки айни ҳол вазъият таҳти назорати мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор дорад.
Мутахассисон тавсия додаанд, ки шаҳрвандон танҳо ба маълумоти расмӣ такя намуда, аз паҳн намудани хабарҳои тасдиқнашуда худдорӣ намоянд.
“Ҳифзи саломатии аҳолӣ танҳо дар сурати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, ҳамкории ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати санитарӣ таъмин карда мешавад”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин вазорати тандурурстии кишвар хабар додааст, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хатари умумии паҳншавии Хантавирус дар ҷаҳонро паст арзёбӣ кардааст.
Тибқи маълумоти охирини Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар ҷаҳон ҳолатҳои алоҳидаи сирояти Хантавирус ба қайд гирифта шудаанд, ки айни замон таҳти назорати байналмилалии эпидемиологӣ қарор доранд.
Мувофиқи арзёбии СҶТ, хатари паҳншавии васеи беморӣ барои аҳолии ҷаҳон дар айни ҳол "паст" боқӣ мемонад. Бо вуҷуди ин, ташкилот аз кишварҳо даъват намудааст, ки омодагии низоми тандурустӣ, мониторинги эпидемиологӣ ва чораҳои назоратиро тақвият диҳанд.
Пробирки. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2025
Зукоми “Ҳонконг” дар Тоҷикистон бедод дорад
СҶТ махсусан таъкид намудааст, ки аксари намудҳои хантавирус аз инсон ба инсон намегузаранд. Танҳо навъи "Andes virus", ки дар баъзе минтақаҳои Амрикои Ҷанубӣ ба қайд гирифта шудааст, метавонад дар ҳолатҳои нодир тавассути тамоси наздик ва тӯлонӣ байни одамон интиқол ёбад.
Вазорат таъкид намудааст, ки хантавирусҳо гурӯҳи вирусҳое мебошанд, ки асосан тавассути хояндаҳо паҳн мешаванд ва метавонанд боиси бемориҳои сироятии вазнин дар инсон гарданд.
Хантавирусҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон паҳн гардида, ареали онҳо асосан ба ҷойҳои зисти намудҳои гуногуни хояндаҳо вобаста аст. Ҳар як навъи Хантавирус одатан бо як намуди муайяни хоянда алоқаманд мебошад.
Мутахассисони СУТ тавсия медиҳанд, ки шаҳрвандон қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуда, аз тамос бо хояндаҳо ва ҷойҳои эҳтимолан олудашуда худдорӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0