https://sputnik.tj/20260707/iftitoh-dahho-inshoot-safari-kori-rahmon-viloyati-sugd-1078848732.html
Ифтитоҳи даҳҳо иншоот: Сафари кории Раҳмон ба вилояти Суғд
Ифтитоҳи даҳҳо иншоот: Сафари кории Раҳмон ба вилояти Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд сафар кард ва дар маросими ифтитоҳи даҳҳо корхонаву иншоотҳои нав дар манотиқи гуногуни вилоят иштиро кард
2026-07-07T16:41+0500
2026-07-07T16:41+0500
2026-07-07T16:41+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
саноат
маориф
суғд
иншоот
ифтитоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/07/1078848567_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_74e49664c455358e92cd1990fc190526.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ва мулоқоту суҳбат бо сокинон ба вилояти Суғд сафар кард.Нахуст раисҷумҳури кшшвар аз ноҳияи Айнӣ боздид кард ва дар онҷо Корхонаи металлургии сурма дар назди ҶСП "Талко Голд" мавриди истифода қарор дод.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст.Иттилоъ дода шуд, ки корхона бо технологияҳои муосири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори солонаи он то 5 ҳазор тонна коркард ва истеҳсоли металли сурмаро ташкил медиҳад.Захираҳои кон беш аз 23 миллион тонна маъдан, наздик ба 50 тонна тилло ва зиёда аз 265 ҳазор тонна сурмаро ташкил медиҳад ва он яке аз калонтарин конҳои минтақа ба шумор меравад.Дар натиҷаи тадриҷан афзоиш ёфтани иқтидорҳои истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхона мунтазам боло рафта, барои соли 2026 истеҳсоли маҳсулот ба маблағи 1 миллиарду 539 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди боз як корхонаи металлургӣ бо иқтидори солонаи истеҳсоли 2 тонна тилло санги асос гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки ин корхона то моҳи августи соли 2027 ба кор дароварда мешавад.Сипас раҳбари кишвар дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 10 иншоотро мавриди истифода қарор доданд.Иншооти нав марбут ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва муқаддасоти Ватан буда, аз ҷониби Мақомоти ноҳияи Айнӣ ва соҳибкорон сохта шудаанд.Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристон рафт.Дар онҷо раҳбари кишвар нахуст хатти оби полезиро барои обёрии 20 гектар замини картошка ифтитоҳ карда, бо лоиҳаҳои азхудкунии 601 гектар замини корами лалмию чарогоҳ барои кишти картошка ва обёрии 1007 гектар замин дар се деҳаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шинос шуд ва аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ боздид кард.Иттилоъ дода шуд, ки хатти оби полезӣ аз масофаи 500 метр бо лулаҳои полиэтиленӣ оварда шуда, дар ин қитъа зиёда аз 200 гектар замини картошка обёрӣ карда мешавад.Ҳамон ҷо Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ тариқи фосилавӣ 7 иншооти дорои аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоиро мавриди истифода қарор дод.Ба иттило Хадамоти матбуот кишвардори Тоҷикистон ба фаъолияти Коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнагишикани Оби Баҳор воқеъ дар мавзеи Хуррамдара расман оғоз бахшиданд.Ҳамчунин ҶДММ Технологияи сохтмонро ифтитоҳ намуданд. Дигар иншоотҳое, ки тавассути фосилавӣ ифтитоҳ шуданд ба бахши маориф, тандурустӣ ва иҷтимоӣ рабт доштанд.Дар Шаҳристон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт шинос шуд.Ин иншооти сайёҳӣ аз чор марҳилаи сохтмонӣ иборат аст ва то ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон бунёд мегардад.Масоҳати умумии ин комплекси сайёҳӣ 15 гектарро ташкил дода, дар он ба масофаи зиёда аз 5 километр таноброҳ сохта мешавад.Сипас кишвардори Тоҷикистон ба ноҳияи Деваштич рафт ва ба таври фосилавӣ 12 иншооти гуногунтаъйинотро, ки дар доираи сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфтаанд, ифтитоҳ намуд.Дар ин ҷо раҳбари кишвар иншоотҳои гуногун дар бахши маориф, саноат, тандурустӣ ва ғайра ифтитоҳ намуд.Президенти бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои нави беморхонаи марказии №6 дар деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштичро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.Қайд карда шудааст, ки бунёди муассисаи нави соҳаи тандурустӣ бо назардошти афзоиши шумораи аҳолӣ имконият фароҳам меорад, ки дар он 14 ҳазору 384 сокини деҳаҳои Далёни Боло, Обиборик, Қалъачаи Арбоб ва Навобод аз хизматрасонии босифати тиббӣ баҳраманд гарданд.Раҳмон ҳамчунин дар ноҳияи Деваштич дар деҳаи Далёни Боло хатти нави оби полезиро, ки дарозии он 12 километрро ташкил медиҳад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.Бо мавриди истифода қарор гирифтани хатти оби полезӣ майдони кишти картошка ба 800 гектар расонида шуда, барои беш аз 200 ҳазор тонна истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар оянда заминаи устувор фароҳам мегардад.Таъкид карда шуд, ки ноҳияи Деваштич яке аз минтақаҳои асосии истеҳсоли картошка дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад ва ҳамасола дар таъмини бозори дохилӣ бо ин маҳсулоти муҳими озуқаворӣ саҳми назаррас мегузорад. Дар соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 9 ҳазору 200 гектар кишти картошка гузаронида шуда, нақшаи пешбинишудаи кишт беш аз 113 фоиз иҷро гардидааст.
https://sputnik.tj/20260627/rahmon-sulhu-oromi-suboti-siyosie-1078627513.html
https://sputnik.tj/20260627/rahmon-sulhu-oromi-suboti-siyosie-1078627513.html
https://sputnik.tj/20260623/buhroni-sement-bunyodi-korkhona-sementbarori-dushanbe-1078508934.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/07/1078848567_114:0:1935:1366_1920x0_80_0_0_36bf109b73bae3d71c7d03e3d8ef5bb4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, саноат, маориф, суғд, иншоот, ифтитоҳ
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, саноат, маориф, суғд, иншоот, ифтитоҳ
Ифтитоҳи даҳҳо иншоот: Сафари кории Раҳмон ба вилояти Суғд
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд сафар кард ва дар маросими ифтитоҳи даҳҳо корхонаву иншоотҳои нав дар манотиқи гуногуни вилоят иштиро кард
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ва мулоқоту суҳбат бо сокинон ба вилояти Суғд сафар кард.
Нахуст раисҷумҳури кшшвар аз ноҳияи Айнӣ боздид кард ва дар онҷо Корхонаи металлургии сурма дар назди ҶСП "Талко Голд" мавриди истифода қарор дод.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст.
Иттилоъ дода шуд, ки корхона бо технологияҳои муосири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори солонаи он то 5 ҳазор тонна коркард ва истеҳсоли металли сурмаро ташкил медиҳад.
Захираҳои кон беш аз 23 миллион тонна маъдан, наздик ба 50 тонна тилло ва зиёда аз 265 ҳазор тонна сурмаро ташкил медиҳад ва он яке аз калонтарин конҳои минтақа ба шумор меравад.
Дар натиҷаи тадриҷан афзоиш ёфтани иқтидорҳои истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхона мунтазам боло рафта, барои соли 2026 истеҳсоли маҳсулот ба маблағи 1 миллиарду 539 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди боз як корхонаи металлургӣ бо иқтидори солонаи истеҳсоли 2 тонна тилло санги асос гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки ин корхона то моҳи августи соли 2027 ба кор дароварда мешавад.
Сипас раҳбари кишвар дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 10 иншоотро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти нав марбут ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва муқаддасоти Ватан буда, аз ҷониби Мақомоти ноҳияи Айнӣ ва соҳибкорон сохта шудаанд.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристон рафт.
Дар онҷо раҳбари кишвар нахуст хатти оби полезиро барои обёрии 20 гектар замини картошка ифтитоҳ карда, бо лоиҳаҳои азхудкунии 601 гектар замини корами лалмию чарогоҳ барои кишти картошка ва обёрии 1007 гектар замин дар се деҳаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шинос шуд ва аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ боздид кард.
Иттилоъ дода шуд, ки хатти оби полезӣ аз масофаи 500 метр бо лулаҳои полиэтиленӣ оварда шуда, дар ин қитъа зиёда аз 200 гектар замини картошка обёрӣ карда мешавад.
Ҳамон ҷо Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ тариқи фосилавӣ 7 иншооти дорои аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоиро мавриди истифода қарор дод.
Ба иттило Хадамоти матбуот кишвардори Тоҷикистон ба фаъолияти Коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнагишикани Оби Баҳор воқеъ дар мавзеи Хуррамдара расман оғоз бахшиданд.
Ҳамчунин ҶДММ Технологияи сохтмонро ифтитоҳ намуданд. Дигар иншоотҳое, ки тавассути фосилавӣ ифтитоҳ шуданд ба бахши маориф, тандурустӣ ва иҷтимоӣ рабт доштанд.
Дар Шаҳристон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт шинос шуд.
Ин иншооти сайёҳӣ аз чор марҳилаи сохтмонӣ иборат аст ва то ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон бунёд мегардад.
Масоҳати умумии ин комплекси сайёҳӣ 15 гектарро ташкил дода, дар он ба масофаи зиёда аз 5 километр таноброҳ сохта мешавад.
Сипас кишвардори Тоҷикистон ба ноҳияи Деваштич рафт ва ба таври фосилавӣ 12 иншооти гуногунтаъйинотро, ки дар доираи сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфтаанд, ифтитоҳ намуд.
Дар ин ҷо раҳбари кишвар иншоотҳои гуногун дар бахши маориф, саноат, тандурустӣ ва ғайра ифтитоҳ намуд.
Президенти бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои нави беморхонаи марказии №6 дар деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштичро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Қайд карда шудааст, ки бунёди муассисаи нави соҳаи тандурустӣ бо назардошти афзоиши шумораи аҳолӣ имконият фароҳам меорад, ки дар он 14 ҳазору 384 сокини деҳаҳои Далёни Боло, Обиборик, Қалъачаи Арбоб ва Навобод аз хизматрасонии босифати тиббӣ баҳраманд гарданд.
Раҳмон ҳамчунин дар ноҳияи Деваштич дар деҳаи Далёни Боло хатти нави оби полезиро, ки дарозии он 12 километрро ташкил медиҳад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани хатти оби полезӣ майдони кишти картошка ба 800 гектар расонида шуда, барои беш аз 200 ҳазор тонна истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар оянда заминаи устувор фароҳам мегардад.
Таъкид карда шуд, ки ноҳияи Деваштич яке аз минтақаҳои асосии истеҳсоли картошка дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад ва ҳамасола дар таъмини бозори дохилӣ бо ин маҳсулоти муҳими озуқаворӣ саҳми назаррас мегузорад. Дар соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 9 ҳазору 200 гектар кишти картошка гузаронида шуда, нақшаи пешбинишудаи кишт беш аз 113 фоиз иҷро гардидааст.