https://sputnik.tj/20260623/buhroni-sement-bunyodi-korkhona-sementbarori-dushanbe-1078508934.html
“Буҳрони семент” намешавад: Бунёди ду корхонаи азими сементбарорӣ дар наздикии Душанбе
“Буҳрони семент” намешавад: Бунёди ду корхонаи азими сементбарорӣ дар наздикии Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Дар наздикии пойтахти Тоҷикистон ду корхонаи азими саноатии истеҳсоли семент бо иқтидори умумии солонаи 2 млн. 400 ҳазор тонна бунёд мегардад
2026-06-23T12:56+0500
2026-06-23T12:56+0500
2026-06-23T13:02+0500
коргоҳ
саноат
раисҷумҳур
варзоб
семент
истеҳсол ва тавлидоти семент
душанбе
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/17/1078509206_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_8dfb648519bec2ab7aca1a99ae527bd7.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июн – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ба сохтмони ду корхонаи сементбарорӣ оғоз бахшиданд.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.Ин манбаъ қайд кардааст, ки як корхона дар қисмати шимолии ва дигар дар ҷануби деҳаи Харангони болои ноҳияи Варзоб бунёд мегардад.Қайд карда шудааст, ки ширкати Сементи Тоҷик дар шимоли деҳаи Харангон дар масоҳати 16 га дар муддати 17 моҳ корхонаро сохта ба истифода медиҳад.Иқтидори истеҳсолии корхонаи бунёдшаванда дар як сол 1,2 миллион тонна сементро ташкил хоҳад дод.Қайд карда шудааст, ки пас аз ба истифода додани корхона зиёда аз 1000 ҷойҳои нави корӣ ба шаҳрвандон фароҳам оварда мешаванд.Корхонаи дигар дар қисмати ҷануби деҳаи Харангони боло дар масоҳати 18 га ва дар муддати 17 моҳ низ сохта мешавад.Иқтидори ин корхона дар як шабонарӯз 3300 тонна, дар як сол бошад, 1,2 миллион тонна сементро ташкил дода, ҷараёни истеҳсолот аз майдакунӣ то ба бандубасти натиҷаи ниҳоии истеҳсоли маҳсулот иборат хоҳад гашт.Дар сурати ба кор андохтани ин корхона зиёда аз 1000 ҷойҳои нави корӣ ба шаҳрвандон фароҳам оварда мешаванд.Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон қайд кардааст, ки тасмим дар бораи бунёди корхонаи нави семент дар доираи иҷрои супориши Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон аз 28 майи соли 2026 барои сохтмони 4 корхонаи нави семент бо иқтидори умумии 6 млн. тонна дар як сол гирифта шудааст.Сармоягузор ва бунёдкунандаи корхонаҳои нави сементбарорӣ ширкати “Сементи Тоҷик” мебошад.Қайд карда шудааст, ки сохтмони корхонаи мазкур дар назди конҳои оҳаксанг, магнетит ва хоки Харангон, ки дар наздикии он мавҷуданд, ба нақша гирифта шуда, сохтмон, воридоти техника, технология, дастгоҳу таҷҳизот ва дигар лавозимоти зарурӣ пурра бо ҷалби сармояи ватанӣ роҳандозӣ хоҳад гашт.Таъкид шудааст, ки ҳарду корхонаҳои семент мутобиқ ба талаботи муосири экологӣ сохта шуда, ба муҳити зист таъсири манфӣ намерасонанд.
https://sputnik.tj/20260528/garonii-narkhi-sement-prezident-rahmon-dastur-norasoi-1077886123.html
варзоб
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/17/1078509206_91:0:1911:1365_1920x0_80_0_0_d7be0a75ae7cef1a7776269fde6409be.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коргоҳ, саноат, раисҷумҳур, варзоб, семент, истеҳсол ва тавлидоти семент, душанбе, эмомалӣ раҳмон
коргоҳ, саноат, раисҷумҳур, варзоб, семент, истеҳсол ва тавлидоти семент, душанбе, эмомалӣ раҳмон
“Буҳрони семент” намешавад: Бунёди ду корхонаи азими сементбарорӣ дар наздикии Душанбе
12:56 23.06.2026 (Навсозишуда: 13:02 23.06.2026) Дар наздикии пойтахти Тоҷикистон ду корхонаи азими саноатии истеҳсоли семент бо иқтидори умумии солонаи 2 млн. 400 ҳазор тонна бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 23 июн – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ба сохтмони ду корхонаи сементбарорӣ оғоз бахшиданд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ин манбаъ қайд кардааст, ки як корхона дар қисмати шимолии ва дигар дар ҷануби деҳаи Харангони болои ноҳияи Варзоб бунёд мегардад.
Қайд карда шудааст, ки ширкати Сементи Тоҷик дар шимоли деҳаи Харангон дар масоҳати 16 га дар муддати 17 моҳ корхонаро сохта ба истифода медиҳад.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи бунёдшаванда дар як сол 1,2 миллион тонна сементро ташкил хоҳад дод.
Қайд карда шудааст, ки пас аз ба истифода додани корхона зиёда аз 1000 ҷойҳои нави корӣ ба шаҳрвандон фароҳам оварда мешаванд.
Корхонаи дигар дар қисмати ҷануби деҳаи Харангони боло дар масоҳати 18 га ва дар муддати 17 моҳ низ сохта мешавад.
Иқтидори ин корхона дар як шабонарӯз 3300 тонна, дар як сол бошад, 1,2 миллион тонна сементро ташкил дода, ҷараёни истеҳсолот аз майдакунӣ то ба бандубасти натиҷаи ниҳоии истеҳсоли маҳсулот иборат хоҳад гашт.
Дар сурати ба кор андохтани ин корхона зиёда аз 1000 ҷойҳои нави корӣ ба шаҳрвандон фароҳам оварда мешаванд.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон қайд кардааст, ки тасмим дар бораи бунёди корхонаи нави семент дар доираи иҷрои супориши Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон аз 28 майи соли 2026 барои сохтмони 4 корхонаи нави семент бо иқтидори умумии 6 млн. тонна дар як сол гирифта шудааст.
Сармоягузор ва бунёдкунандаи корхонаҳои нави сементбарорӣ ширкати “Сементи Тоҷик” мебошад.
Қайд карда шудааст, ки сохтмони корхонаи мазкур дар назди конҳои оҳаксанг, магнетит ва хоки Харангон, ки дар наздикии он мавҷуданд, ба нақша гирифта шуда, сохтмон, воридоти техника, технология, дастгоҳу таҷҳизот ва дигар лавозимоти зарурӣ пурра бо ҷалби сармояи ватанӣ роҳандозӣ хоҳад гашт.
Таъкид шудааст, ки ҳарду корхонаҳои семент мутобиқ ба талаботи муосири экологӣ сохта шуда, ба муҳити зист таъсири манфӣ намерасонанд.