https://sputnik.tj/20260627/rahmon-sulhu-oromi-suboti-siyosie-1078627513.html
Раҳмон: Сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ дар кишвар, ба осонӣ ба даст наомадааст
Раҳмон: Сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ дар кишвар, ба осонӣ ба даст наомадааст
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури кишвар таъкид кард, ки имрӯз сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба пояи асосии рушди кишвар табдил ёфт
2026-06-27T14:31+0500
2026-06-27T14:31+0500
2026-06-27T14:31+0500
эмомалӣ раҳмон
рӯзи ваҳдати миллӣ
ваҳдат
оромӣ
оромӣ ва субот
раисҷумҳур
амнияту субот
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/1a/1077824669_0:17:2048:1170_1920x0_80_0_0_3d0cacd4b7ea147f64068c1cbc886485.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар дар паёми табрикотиаш бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ гуфт, ки мардуми тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ ҳамчун меросдорони тамаддуни ориёӣ арзишҳои ҳамзистии осоишта, таҳаммулгароӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳоро ҳифз кардаанд ва гиромӣ доштаанд.Вай гуфт, Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлол бо доштани чунин арзишҳои бузурги меросӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.Вай дар паёмаш таъкид кард, ки бо талошҳои зиёд сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон барқарор гардид ва ба пояи асосии рушди минбаъдаи кишвар табдил ёфт.“Яъне сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсие, ки имрӯз дар кишвари мо ҳукмфармост, ба осонӣ ба даст наомадааст”, - гуфт кишвардори Тоҷикистон.Вай илова кард, ки мардуми Тоҷикистон арзиши бебаҳои неъмати сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро замоне дарк карданд, ки мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронд.Раҳбари Тоҷикистон қайд кард, ки барои мардуми кишвар даҳшату фоҷеаҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта, ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд шуд.Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки Тоҷикистон имрӯз ба бунёди ҷомеаи сифатан нав талош дорад.Вай гуфт, Тоҷикистон ба ҷомеае талош мекунад, ки ба талаботи замонаи пешрафту дигаргуниҳо ҷавобгӯ бошад ва имкон диҳад, ки мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон баробари ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон қадам гузоранд ва пеш равад.Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати аҳли ҷомеа муҳимтарин роҳи пешгирӣ кардани ҷаҳолату хурофот, таҳкими амнияту субот ва таъмин намудани пешрафту тараққиёти давлат мебошад.Вай афзуд, барои расидан ба ин ҳадафҳо барои сокинон сулҳу амният, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ зарур аст.Вай гуфт, дар шароити пурихтилофу зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамбастагии миллӣ аҳаммияти фавқулода муҳим дорад.
https://sputnik.tj/20260626/rahmon-tojikon-ruzi-vahdati-milli-tabrik-1078608254.html
ваҳдат
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/1a/1077824669_167:0:1987:1365_1920x0_80_0_0_63ea6779d4a73f1fd92b56fc620f8671.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, рӯзи ваҳдати миллӣ, ваҳдат, оромӣ, оромӣ ва субот, раисҷумҳур, амнияту субот, сиёсат
эмомалӣ раҳмон, рӯзи ваҳдати миллӣ, ваҳдат, оромӣ, оромӣ ва субот, раисҷумҳур, амнияту субот, сиёсат
Раҳмон: Сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ дар кишвар, ба осонӣ ба даст наомадааст
Раисҷумҳури кишвар таъкид кард, ки имрӯз сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба пояи асосии рушди кишвар табдил ёфт
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар дар паёми табрикотиаш бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ гуфт, ки мардуми тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ ҳамчун меросдорони тамаддуни ориёӣ арзишҳои ҳамзистии осоишта, таҳаммулгароӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳоро ҳифз кардаанд ва гиромӣ доштаанд.
Вай гуфт, Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлол бо доштани чунин арзишҳои бузурги меросӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.
“Ин ҷанг ба иқтисодиёту иҷтимоиёт ва рушди умумии давлатамон зарбаи даҳшатнок ворид кард. Вале мо ба шарофати хиради миллӣ ва фарҳанги сулҳпарваронаи мардумамон тавонистем аз вартаи ҷанг раҳо ёфта, раванди давлатсозии муосирро оғоз намоем”, - гуфт ӯ.
Вай дар паёмаш таъкид кард, ки бо талошҳои зиёд сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон барқарор гардид ва ба пояи асосии рушди минбаъдаи кишвар табдил ёфт.
“Яъне сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсие, ки имрӯз дар кишвари мо ҳукмфармост, ба осонӣ ба даст наомадааст”, - гуфт кишвардори Тоҷикистон.
Вай илова кард, ки мардуми Тоҷикистон арзиши бебаҳои неъмати сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро замоне дарк карданд, ки мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронд.
Раҳбари Тоҷикистон қайд кард, ки барои мардуми кишвар даҳшату фоҷеаҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта, ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд шуд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки Тоҷикистон имрӯз ба бунёди ҷомеаи сифатан нав талош дорад.
Вай гуфт, Тоҷикистон ба ҷомеае талош мекунад, ки ба талаботи замонаи пешрафту дигаргуниҳо ҷавобгӯ бошад ва имкон диҳад, ки мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон баробари ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон қадам гузоранд ва пеш равад.
“Мо бояд ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа ва махсусан наврасону ҷавонон, омӯзиши техникаву технологияҳои муосир, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, омода кардани кадрҳои сатҳи баланди касбӣ ва ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳем”, - гуфт раҳбари Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати аҳли ҷомеа муҳимтарин роҳи пешгирӣ кардани ҷаҳолату хурофот, таҳкими амнияту субот ва таъмин намудани пешрафту тараққиёти давлат мебошад.
Вай афзуд, барои расидан ба ин ҳадафҳо барои сокинон сулҳу амният, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ зарур аст.
Вай гуфт, дар шароити пурихтилофу зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамбастагии миллӣ аҳаммияти фавқулода муҳим дорад.