https://sputnik.tj/20260706/ishtibohi-buzurg-ittihodiyai-avrupo-zelenskiy-muloqot-tramp-1078832337.html
"Иштибоҳи бузург": Иттиҳодияи Аврупо Зеленскийро аз мулоқот бо Трамп ҳушдор медиҳад
"Иштибоҳи бузург": Иттиҳодияи Аврупо Зеленскийро аз мулоқот бо Трамп ҳушдор медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Коршинос ва рӯзнлманигори аврупоӣ мегӯяд, ки мулоқот бо Трамп барои Зеленский шармандагии бештар хоҳад овард
2026-07-06T19:12+0500
2026-07-06T19:12+0500
2026-07-06T19:12+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
трамп
има
украина
амалиёти вижа
владимир зеленский
мулоқот
русия
низоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/1d/1074219540_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_d2215faead0238e7ee7395014090265d.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июл - Sputnik. Хабарнигори қипрӣ Алекс Христофору дар канали YouTube-и худ изҳор дошт, ки нишасти НАТО дар Анқара метавонад барои Владимир Зеленский бинобар интизориҳои ғайривоқеӣ аз мулоқот бо президенти ИМА Доналд Трамп ба як шармандагӣ табдил ёбад."Зеленский фикр мекунад, ки нишон додани аксҳои ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Трамп барои мафтун кардани ӯ ва имкон додани он ки ба ҳама чиз розӣ шавад, кофӣ аст. Ин як хатои бузург аст, ки боиси шармандагии бештар барои Киев мегардад", - гуфт ӯ.Ба гуфтаи коршинос, Зеленский ба он умед дорад, ки гӯё вазъро тағйир додааст ва бо дастгирии ИА, метавонад Трампро ба ин бовар кунонад."Киев фикр мекунад, ки Трамп мегӯяд: "Зеленский, сахтир бош. Мо бояд пирӯз шавем." Аммо дар асл, фишор ба худи Зеленский хоҳад буд ва ӯ дар ин бора ҳеҷ кор нахоҳад кард", - қайд кард рӯзноманигор.Қаблан Кохи Сафед тасдиқ карда буд, ки Трамп бо Владимир Зеленский дар ҳошияи нишасти НАТО дар 8 июл мулоқот хоҳад кард. Музокирот соати 14:30 ба нақша гирифта шудааст ва интизор меравад, ки як соат давом кунад. Инҳо аз ҷумлаи охирин гуфтушунидҳои раҳбари Амрико ба Анқара хоҳанд буд. Ба гуфтаи хабаргузории Рейтер, баъд аз он ӯ қасд дорад бо Владимир Путин сӯҳбат кунад.
https://sputnik.tj/20260706/vao-nato-jang-rusiya-omodagi-mebinad-1078826397.html
има
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/1d/1074219540_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_8074e91ad9dbdb9f5b2d48362e749eba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
трамп, има, украина, амалиёти вижа, владимир зеленский, мулоқот, русия, низоъ
трамп, има, украина, амалиёти вижа, владимир зеленский, мулоқот, русия, низоъ
"Иштибоҳи бузург": Иттиҳодияи Аврупо Зеленскийро аз мулоқот бо Трамп ҳушдор медиҳад
Коршинос ва рӯзнлманигори аврупоӣ мегӯяд, ки мулоқот бо Трамп барои Зеленский шармандагии бештар хоҳад овард
ДУШАНБЕ, 6 июл - Sputnik. Хабарнигори қипрӣ Алекс Христофору дар канали YouTube-и худ изҳор дошт, ки нишасти НАТО дар Анқара метавонад барои Владимир Зеленский бинобар интизориҳои ғайривоқеӣ аз мулоқот бо президенти ИМА Доналд Трамп ба як шармандагӣ табдил ёбад.
"Зеленский фикр мекунад, ки нишон додани аксҳои ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Трамп барои мафтун кардани ӯ ва имкон додани он ки ба ҳама чиз розӣ шавад, кофӣ аст. Ин як хатои бузург аст, ки боиси шармандагии бештар барои Киев мегардад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи коршинос, Зеленский ба он умед дорад, ки гӯё вазъро тағйир додааст ва бо дастгирии ИА, метавонад Трампро ба ин бовар кунонад.
"Киев фикр мекунад, ки Трамп мегӯяд: "Зеленский, сахтир бош. Мо бояд пирӯз шавем." Аммо дар асл, фишор ба худи Зеленский хоҳад буд ва ӯ дар ин бора ҳеҷ кор нахоҳад кард", - қайд кард рӯзноманигор.
Қаблан Кохи Сафед тасдиқ карда буд, ки Трамп бо Владимир Зеленский дар ҳошияи нишасти НАТО дар 8 июл мулоқот хоҳад кард. Музокирот соати 14:30 ба нақша гирифта шудааст ва интизор меравад, ки як соат давом кунад. Инҳо аз ҷумлаи охирин гуфтушунидҳои раҳбари Амрико ба Анқара хоҳанд буд. Ба гуфтаи хабаргузории Рейтер, баъд аз он ӯ қасд дорад бо Владимир Путин сӯҳбат кунад.