Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

ВАО: НАТО барои ҷанг бо Русия омодагӣ мебинад

© KENZO TRIBOUILLARDФлаг НАТО на фоне флагов стран-участниц Альянса
Флаг НАТО на фоне флагов стран-участниц Альянса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2026
Обуна шудан
Нашрияи Politico менависад, ки кишварҳои НАТО, ки бо Русия ҳаммарзанд, омодагӣ ба ҷангро оғоз карданд
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. НАТО барои омодагӣ ба низоъ бо Русия ва ба тақвияти дифоии худ, шурӯъ кардааст, хабар медиҳад нашряи Politico.
"Мо дидем, ки Аврупо мехоҳад марзҳои шарқии худро дар муқобили таҳдиде, ки ба эътиқоди Вашингтон дигар наметавонад онро идора кунад, тақвият диҳад", - гуфта мешавад дар мақола.
Тавре ки нашрия менависад, дар ҳоле ки президенти ИМА Доналд Трамп кафолатҳои кӯҳнаи амниятиро зери суол мебарад ва мехоҳад ҳузури низомии худро дар Аврупо коҳиш диҳад, кишварҳои НАТО дифоъи худро тақвият медиҳанд.
"Номуайянӣ танҳо пас аз ҷанг бо Эрон, вақте ки президент ва дастаи ӯ таҳдид карданд, ки узвияти ИМА дар НАТО-ро дар посух ба радди иттифоқчиёни аврупоӣ аз иштирок дар низоъ аз нав дида мебароянд, афзоиш ёфт", - гуфта мешавад дар мақола.
НАТО дар нишасти Анқара ба Украина 70 млрд евро ҷудо мекунад, хабар медиҳад Euronews - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2026
НАТО дар нишасти Анқара ба Украина 70 млрд евро ҷудо мекунад, хабар медиҳад Euronews
Нашрия қайд мекунад, ки ҳар як кишвар ба таври худ омодагӣ мебинад. Масалан, Финландия мафҳуми "мудофиаи пурра"-ро таъкид мекунад, Полша нақши худро дар НАТО аз нав дида мебарояд ва Литва ба як бригадаи олмонии мустақар дар қаламрави он умед мебандад.
Дар мусоҳиба бо рӯзноманигори амрикоӣ Такер Карлсон, раҳбари Русия Владимир Путин муфассал шарҳ дод, ки Маскав қасди ҳамла ба кишварҳои НАТО надорад; дар ин кор ҳеҷ маъное нест.
Путин изҳор дошт, ки сиёсатмадорони ғарбӣ мунтазам аҳолии худро бо таҳдиди хаёлии Русия метарсонанд, то таваҷҷӯҳро аз мушкилоти дохилӣ парешон кунанд, аммо "одамони доно хуб мефаҳманд, ки ин қалбакӣ аст."
Қаблан, муовини вазири корҳои хориҷӣ Михаил Галузин яке аз кишварҳои Балтикаро дар бораи оқибатҳои иштирок дар ҳамлаҳо алайҳи Русия ҳушдор дод.
Лентаи хабарҳо
0