https://sputnik.tj/20260704/maqomot-sokhtmoni-khatti-metroi-dushanbe-oghoz-1078790206.html
Мақомот гуфт сохтмони хатти аввали метрои Душанбе аз куҷо оғоз мешавад
Мақомот гуфт сохтмони хатти аввали метрои Душанбе аз куҷо оғоз мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон гуфт сохтмони метро аз масири ду аз хиёбони Саъди Шерозӣ то дарвозаи шарқии Душанбе оғоз хоҳад шуд
2026-07-04T10:21+0500
2026-07-04T10:21+0500
2026-07-04T10:21+0500
дар тоҷикистон
метро
душанбе
нақлиёт
сохтмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/13/1077652208_0:134:1180:797_1920x0_80_0_0_ceb0415cf346b4e41e10e9d796592d1e.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл - Sputnik. Дар шаҳри Душанбе лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе (масири 2, аз хиёбони Саъди Шерозӣ то дарвозаи шарқии пойтахт) бо иштироки ҳайатҳои васеи Тоҷикистону Корея ҷамъбаст карда шуд.Дар ин бора Хадамоти матбуоти вазорати нақлиёти кишвар хабар додааст.Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, масъалаи сохтмони метроро бо Сардори Департаменти амалиётии Бонки cодирот ва воридоти Корея Ҳан Ҷон Су, Сардори Департаменти ҳамкориҳои байналмилалии ширкати "Роҳи оҳани миллии Корея" Юн Ҳак Сан, Президенти ширкати муҳандисии "Cheil Engineering" Ким Ён Кю, намояндагони корпоратсияи "Роҳи оҳани Корея", ширкатҳои "Sejong Engineering", "Teso Engineering" ва "DMEC Engineering" баррасӣ кард.Қайд карда шудааст, ки дар ҳамоиш ҳисоботи лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе (аз хиёбони Саъди Шерозӣ (Сирки Давлатӣ) то Дарвозаи шарқии пойтахт), ки аз ҷониби корпоратсияи "Роҳи оҳани Корея", ширкатҳои "Cheil Engineering", "DMEC Engineering" ва Донишгоҳи Сеули Корея амалӣ шудааст, пешниҳод ва баррасӣ гардид.Вазорат қайд кард, ки соли 2024 марҳилаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе, қисмати аз Дарвозаи ҷанубии пойтахт то хиёбони Саъди Шерозӣ (Сирки давлатӣ) аз ҷониби ширкати "Роҳи оҳани миллии Корея" амалӣ гардида буд.Ҷонибҳо тасмим гирифта буданд, ки марҳилаи асоснокунии техникии иқтисодӣ ва лоиҳакашии ин қисматро солҳои 2026-2028 анҷом диҳанд.Вазорат ёдовар шудааст, ки моҳи ноябри соли 2025 зимни сафари намояндагони ширкатҳои болозикр ба Тоҷикистон ва имзои Ёддошти тафоҳуми сеҷониба байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, Бонки содирот ва воридоти Корея ва Консортсиуми Донишгоҳи Сеул аз ҷониби корпоратсияи "Роҳи оҳани Корея", ширкатҳои "Cheil Engineering", "DMEC Engineering" ва Донишгоҳи Сеули Корея корҳои омӯзишӣ дар лоиҳа оғоз гардид.“Дар ин муддат, мутахассисони ду кишвар тамоми ҷанбаҳои техникию иқтисодии лоиҳаи мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, имконияти сохтмони метрои зеиризаминиро дар ин қисмат ба таври мусбӣ арзёбӣ намуданд”, - афзуд вазорат.Қайд карда шудаааст, ки айни замон, ҷонибҳо барои ҳарчи зудтар оғоз намудани марҳилаҳои асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳакашии он корабарӣ доранд.
https://sputnik.tj/20260703/dushanbe-omodagi-sokhtmoni-metro-poytakht-1078778442.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/13/1077652208_79:2:1131:791_1920x0_80_0_0_88ed0b82df9525ea7d06d04607eaa3a1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, метро, душанбе, нақлиёт, сохтмон
дар тоҷикистон, метро, душанбе, нақлиёт, сохтмон
Мақомот гуфт сохтмони хатти аввали метрои Душанбе аз куҷо оғоз мешавад
Мақомоти Тоҷикистон гуфт сохтмони метро аз масири ду аз хиёбони Саъди Шерозӣ то дарвозаи шарқии Душанбе оғоз хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 4 июл - Sputnik. Дар шаҳри Душанбе лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе (масири 2, аз хиёбони Саъди Шерозӣ то дарвозаи шарқии пойтахт) бо иштироки ҳайатҳои васеи Тоҷикистону Корея ҷамъбаст карда шуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти вазорати нақлиёти кишвар хабар додааст.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, масъалаи сохтмони метроро бо Сардори Департаменти амалиётии Бонки cодирот ва воридоти Корея Ҳан Ҷон Су, Сардори Департаменти ҳамкориҳои байналмилалии ширкати "Роҳи оҳани миллии Корея" Юн Ҳак Сан, Президенти ширкати муҳандисии "Cheil Engineering" Ким Ён Кю, намояндагони корпоратсияи "Роҳи оҳани Корея", ширкатҳои "Sejong Engineering", "Teso Engineering" ва "DMEC Engineering" баррасӣ кард.
Қайд карда шудааст, ки дар ҳамоиш ҳисоботи лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе (аз хиёбони Саъди Шерозӣ (Сирки Давлатӣ) то Дарвозаи шарқии пойтахт), ки аз ҷониби корпоратсияи "Роҳи оҳани Корея", ширкатҳои "Cheil Engineering", "DMEC Engineering" ва Донишгоҳи Сеули Корея амалӣ шудааст, пешниҳод ва баррасӣ гардид.
Вазорат қайд кард, ки соли 2024 марҳилаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе, қисмати аз Дарвозаи ҷанубии пойтахт то хиёбони Саъди Шерозӣ (Сирки давлатӣ) аз ҷониби ширкати "Роҳи оҳани миллии Корея" амалӣ гардида буд.
Ҷонибҳо тасмим гирифта буданд, ки марҳилаи асоснокунии техникии иқтисодӣ ва лоиҳакашии ин қисматро солҳои 2026-2028 анҷом диҳанд.
“Аммо, бо назардошти зиёд будани шумораи гардиши мусофирон дар масири хиёбони Саъдии Шерозӣ - Дарвозаи шарқии пойтахт, талаботи барзиёд ба нақлиёти ҷамъиятӣ, зиёд будани ҳолатҳои тамбашавӣ ва зичии ҳаракт дар роҳи мазкур назар ба масири қаблӣ (аз Дарвозаи ҷанубии пойтахт то Сирки давлатӣ) ҷонибҳо қарор доданд, ки корҳои лоиҳакашии пешакӣ ва омӯзиширо ба ин масир равона намоянд”, - қайд кардааст вазорати нақлиёт.
Вазорат ёдовар шудааст, ки моҳи ноябри соли 2025 зимни сафари намояндагони ширкатҳои болозикр ба Тоҷикистон ва имзои Ёддошти тафоҳуми сеҷониба байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, Бонки содирот ва воридоти Корея ва Консортсиуми Донишгоҳи Сеул аз ҷониби корпоратсияи "Роҳи оҳани Корея", ширкатҳои "Cheil Engineering", "DMEC Engineering" ва Донишгоҳи Сеули Корея корҳои омӯзишӣ дар лоиҳа оғоз гардид.
“Дар ин муддат, мутахассисони ду кишвар тамоми ҷанбаҳои техникию иқтисодии лоиҳаи мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, имконияти сохтмони метрои зеиризаминиро дар ин қисмат ба таври мусбӣ арзёбӣ намуданд”, - афзуд вазорат.
Қайд карда шудаааст, ки айни замон, ҷонибҳо барои ҳарчи зудтар оғоз намудани марҳилаҳои асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳакашии он корабарӣ доранд.